Бомдоди имрӯз Каромат Шарипов, фаъоли сиёсӣ ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Бино ба иттилои сомонаи «Ахбор», бомдоди имрӯз, 13-уми декбар Каромат Шарипов, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ тавассути ҳавопаймои ширкати «Сибирь», ба фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб фиристода шуд.
Масъулини фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб эълом кардаанд, ки Каромат Шарипов, фаъоли сиёсӣ ва ҳомии ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик соати 03:00 ба вақти маҳаллӣ дар байни мусофирони хатсайри Маскав-Кӯлоб дида шуд.
12-уми декабри соли ҷорӣ, додгоҳи вилояти Маскав ҳукми додгоҳи шаҳри Люберетскийро бе тағйир боқӣ гузошт ва фармон дод, ки судиҷрочиён ҳукми судро фавран иҷро кунанд.
Пеш аз ин, 30-уми ноябри соли 2017, додгоҳи шаҳри Люберетскийи шаҳри Маскав Каромат Шариповро ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани шаҳрвандии Русия муттаҳам карда, ӯро 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима ва фармони ихроҷашро аз Русия содир карда буд.
Додгоҳи вилояти Маскав дар ҳоле ҳукми додгоҳи Люберетскийи Русияро дар робита ба дарёфти шаҳрвандии Русия бетағйир боқӣ гузошт, ки вай ҳанӯз 24 сол қабл дар соли 1993 замоне, ки дар Пойгоҳи низомии Русия (дивизияи 201) хидмат мекард, шаҳрвандии Русияро соҳиб шуда буд. Ба иборати дигар, Русия баъд аз 24 сол шаҳрвандии Каромат Шариповро ғайри қонунӣ хонда, ин шаҳрванди тоҷиктаборашро ба Тоҷикистон бадарға кард.