Баста шудани сарҳадҳову дар кишвар мондани садҳо ҳазор ҷавони синни хидмати ҳарбӣ, кори комиссариатҳои ҳарбиро осон кардааст. Шумори ихтиёриён он қадар афзудааст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъватро дар 1 рӯз (!) ба иҷро расонид. Ихтиёриён аз навоҳии дигар низ аз бадахшониҳо қафо монданӣ нестанд.
Бо гузориши агентии давлатии “Ховар” маъракаи гусели наваскарон бо иштироки фаъолон ва аҳли ҷамоати вилоят дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ сурат гирифтааст.
“Ховар” ба ин назар аст, ки ҷавонони ВМКБ аз суханони “пешвои миллат” ки гуфта буд, “саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд”, илҳом гирифта “ихтиёран омодагии худро барои ҳимояи марзу бум ва оромию суботи Ватанамон изҳор доштанд”.
Ҳамчунин, тибқи гузориши ҳамин манбаъ, шаҳри Норак низ дар аввалин рӯз маъракаи даъватро пурра ҷамъбаст кардааст. “60 нафар ҷавонони бонанги шаҳри Норак ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд” — навиштааст манбаъ.
Раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода “иброз дошт, ки бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва оромии мамлакат ва ташаббуси падару модарон ба даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ба Артиши мамлакат сафарбар шуданд”.
Маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт низ, тибқи гузориши манбаъ “бо шукӯҳу шаҳомати хос” сурат гирифтааст. “Дар майдони комиссариати ҳарбии ноҳия 130 нафар даъватшавандагон ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд” омадааст дар хабар.
Албатта ҳеҷ як аз ин ҷавонон на танҳо суханони “пешво”-ро на шудидааст ва на аз он илҳом гирифтааст. Сабаби аслии “ихтиёран” ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шудани онҳо ин аст, сарҳадҳо бастаанд ва онҳо натавонистанд ба муҳоҷират раванд. Аслан фаҳмиши мақомот аз калимаи “ихтиёран” бо дигарон фарқ мекунад. Чун қаблан ҳамаи онҳое, ки аз кӯчаву бозор, хонаву бом ва ғайра “облава” мешуданд, мақомот дар рӯйхати “ихтиёран” ҳозиршудаҳо сабт мекарданд.
Байни ҳамаи ин хабарҳо як ҷумлаи диққатҷалбкунанда вуҷуд дорад. “Ховар” хабар медиҳад, “дар қатори ин ҷавонони далеру шуҷои Ватан 32 нафар кормандони сохторҳои давлатии вилоят фарзандони худро барои иҷро намудани қарзи муқаддас дар назди Ватан-Модар ба хизмат раҳнамун сохтанд”.
Бисёр иқдоми сутуданӣ! Вале чаро мансабдорони Бадахшон фарзанони худро ба артиш мефиристанду мансабдорони Душанбеву Бохтару Данғара не? Агар мансабдорони Бадахшон ҳам мисли он “ихтиёриён” аз суханони “пешво”, ки гуфт бояд пеш аз ҳама мансабдорон фарзандони худро ба сафи артиш фиристанд, пайравӣ карда бошанд, чаро мансабдорони дигар пайравӣ намекунанд? Сухани “пешво” назди онҳо қадр надорад? Ё артиш танҳо барои бачаҳои угай аст?
Бори аввал нест, ки Эмомалӣ Раҳмон аз мансабдорон даъват мекунад худашон намунаи ибрат шаванд ва фарзандонашонро аввалин шуда ба артиш фиристанд. Вале ин даъватро ҷуз мансабдорони бадахшӣ, касе ба як тини пучак намегирад. Бояд эътироф кард, ки аслан айб чандон дар мансабдорон ҳам нест. Вақте касеро даъват мекунӣ, ки ба дигарон намунаи ибрат бошад, аввал бояд худат ба ӯ намунаи ибрат гардӣ.
Имоми Аъзам Абӯҳанифа боре ба сарватмадон ваъзи тӯлоние дар бораи савоби озод кардани ғулом гуфт ва аз онҳо даъват кард аз ин савоби бузург маҳрум нашаванд. Як ҳафта гузашт, вале ба ҷуз чанд нафари ангуштшумор, касе ғуломе озод накард. Ҳафтаи баъд имом қабл аз рафтан ба минбар ғуломеро озод кард ва мавзӯъи насиҳати ҳафтаи қаблашро аз сар гирифт. Ин дафъа садҳо нафар аз ӯ пайравӣ карданд.
Агар раисҷумҳур ба даъвояш содиқ мебуд. қабл аз даъвати аввалинаш Рустамро, ки қисми ҳарбиро аз дур надида генерал шудааст, ба артиш мефиристод. Он вақт сафи артиш танҳо аз ҳисоби фарзандони мансабдорон пур мешуд. Сипас Сомонро.
Ҳоло раисҷумҳур ҳади ақал даҳ набераи синнашон мувофиқ ба хидмати ҳарбиро дорад. Онҳоро ҳам намефиристад. Духтарони ҷанобашон ҳам аз “суханҳои пурҳикмати” падарашон илҳом гирифта. писаронашонро ба артиш намефиристанд. Домодтураҳо, ки ҳамаашон чандтогӣ вазифаро ишғол кардаанд, ба писаронашон намегӯянд ба ҳарфи бобояшон гӯш диҳанд.
Наберагони Раҳмон ҳам аз “насиҳатҳои пургуҳари” бобояшон пайравӣ намекунанд. Чанд камбағал дар Бадахшон, чанде дар Нораку чанди дигар дар Рашт он қадар аз суханони “пешво” илҳом мегиранд, ки худро давон-давон ба комиссариати ҳарбӣ мерасонанд, аммо як набераи ӯ камтарин илҳоме аз даъвати “пешвои миллат” намегирад.
Ё ӯ барои писарону наберагонаш ва фарзандону наберагони мансабдорон пешво нест?