Пешнависи қатъномаи пешниҳод барои ғайриқонунӣ эълон кардани тасмими Амрико дар бораи Қудс дар маҷмаъи умумии Созмон Милали Муттаҳид бо 129 раъйи мусбат дар муқобил 9 раъйи манфӣ ва алорағми таҳдидҳои ин кишвар тасвиб шуд.
Ба гузориши “BBC-форсӣ” 128 кишвар алайҳи ин тасмим буданд, дар ҳоле, ки 9 кишвар ба он раъйи мувофиқ доданд. Раъйи 35 кишвар ҳам мумтанеъ яъне бетараф буд. Аммо хабаргузории “Анатолӣ” мухолифони тасмими Амрикоро 129 кишвар навиштааст.
Ба ҷуз Амрико ва Исроил, Того, Полоу, Ноуру, Микрунезӣ, Ҷазоири Моршол, Гондурас ва Гватемала ҳам алайҳи пешнависи қатънома раъй доданд.
Умуми кишварҳои мусалмон, ба ҳамроҳи қудратҳои матраҳи Аврупоӣ ба ин қатънома раъйи мусбат додаанд. Раъй Ҳинд, Русия, Чин ва Бразилия ҳам мусбат будааст. Чанд кишвар дар Аврупои шарқӣ, Африқо ва Амрикои Лотин раъйи мумтанеъ(бетараф) додаанд.
Сухангӯи Маҳмуд Аббос гуфтааст, ки ин раъйи маҷмаъи умумии Созмони Милал “як пирӯзӣ барои Фаластин” аст.
Ба гузориши хабаргузории “Анатолӣ” пас аз ин раъйгирӣ дар СММ вазири хориҷаи Туркия суханронӣ намуда, таъкид кардааст, ки Фаластинро танҳо намегузоранд.
Мавлуд Човушуғлу гуфтааст:
– Имрӯз ҳамсадо бо Фаластин хоҳем шуд. Фаластиниҳо ҳақ доранд дар чорчӯби марзҳои 1967 ва ба пойтахтии Қудси шарқӣ, давлати худро дошта бошанд;
– Барои таъмини адолат дар маҷмаъи умумӣ ҳамаи мо масъулият дорем;
– Эълом ва шинохта шудани Қудс ба унвони пойтахти Исроил нақзи қавонини байналмилилӣ ва ҳамла ба арзишҳои ҷаҳонӣ аст;
– Ин раъйгирӣ барои нишон додани ин ки масъалаи Фаластин ҳанӯз ҳам масъалаи мост, муҳимм аст. Имрӯз барои таҳаққуқи адолат ва сулҳ садои худро баланд мекунем;
– Як кишвари узви Созмони Милал дигар кишварҳои узвро таҳдид кард. Бархе аз аъзои ин созмон низ бо қатъи кӯмакҳои тавсеъаӣ зери таҳдид қарор гирифтанд. Ин таҳдидҳо ғайри қобили қабул аст;
– Фикри ин, ки метавон иродаи кишварҳоро харид ахлоқӣ нест. Мо натарсидаем! Метавонӣ қавӣ бошӣ, аммо ин масъала ҳақро ба ту намедиҳад;
– Туркия ҳаргиз Қудсро танҳо нахоҳад гузошт. Мардуми Фаластин ҳаргиз танҳо нахоҳад монд. Дунё бузургтар аз 5 аст;
Риёз Алмоликӣ, вазири умури хориҷаи Фаластин эълом кард:
Тасмими Тромп ҷойгоҳи Қудсро тағйир нахоҳад дод, балки бар салоҳияти миёнҷигарии Амрико дар робита бо парвандаи сулҳ таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
Тарҳи сулҳро бидуни Қудс наметавон тасаввур кард. Қудс калиди ҳам сулҳ ва ҳам ҷанг аст.
Неки Ҳилӣ, намояндаи доими Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст:
Амрико сафорати худро ба Қудс мунтақил хоҳад кард. Ин чизе аст, ки мардуми Амрико аз мо мехоҳанд ва он чи дуруст аст низ ҳамин аст. Натиҷаи раъйгирӣ ин мавзӯъро тағйир нахоҳад дод, аммо ин нигариши Амрикоро ба Созмони Милал ва кишварҳое, ки дар ин созмон ба мо беэҳтиромӣ хоҳанд кард тағйир хоҳад дод.
Пеш аз ин раъйгирӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон хитоб ба кишварҳои ширкаткунанда гӯфта буд, ки раъйи худро ба хотири як мушт доллар ба Амрико нафурӯшанд.
Қобили зикр аст, ки пеш аз ин нишаст Президент Тромп таҳдид карда буд, ки кишварҳое, ки бо тасмими Амрико мухолифат мекунанд аз кумаки молӣ маҳрум хоҳанд шуд. Ники Ҳилӣ ҳам гуфта буд асомии кишварҳоеро, ки бо ин тасмим мухолифат мекунанд ёддошт хоҳем кард.