Рубрики Хабарҳо

Ҳамлаҳои террористӣ дар Вена

Чанд макон дар маркази Вена ҳадафи террористони мусаллаҳ қарор гирифтааст. Полис маркази пойтахти Австрияро иҳота кардааст, амалиёти махсус барои ҷустуҷӯи ҷинояткорон идома дорад. Артиш ба қисмҳои полис ҳамроҳ шудааст. Конслери Австрия Себастян Курс тирандозии Венаро «ҳамлаи террористии нафратовар» номид.

Вазири умури дохилии Австрия Карл Неҳаммер шоми душанбе гуфт, «Мо ҳамлаи возеҳи террористиро аз сар гузаронидем». Ба гуфтаи ӯ, полис пайгирии ҷинояткоронро идома медиҳад.  

Неҳаммер афзуд, «Мо тахмин мезанем, ки онҳо чанд нафаранд ва мусаллаҳу хатарноканд».

Ба гуфтаи полис, тирандозӣ дар Вена якбора дар шаш ҷой ба вуқуъ пайвастааст. 

Гуфта шудааст, ки дар ин ҳамла «Як нафар қурбонӣ, чанд нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки аз ҷумла дар байнашон як корманди полис ҳаст».

 Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Австрия Ҳаралд Сёрос дар шабакаи телевизионии ORF гуфт, ки шахси кушташуда роҳгузар будааст.

Шаҳрдори Вена Майкл Людвиг хабар дод, ки 15 нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд, ҳафт нафари онҳо ҷароҳати вазнин бардоштанд. Зане, ки дар ҳамлаи террористӣ маҷрӯҳ шудааст, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аввалин маълумот дар бораи тирандозӣ дар Вена дар наздикии маъбад дар минтақаи Сейтенстеттенгасс тақрибан соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ба вуқуъ омадааст. Кормандони полис тақрибан фавран расиданд, ки яке аз онҳо ҷароҳати вазнин бардоштааст. Тақрибан соати 21:15 садои таркиш дар минтақаи ҳодиса шунида шудааст. Тибқи иттилои расонаҳо, як ҳамлагар маводи тарканда инфиҷор карда, худкушӣ кардааст. Ба гутфти шаҳрдори Вена «Як ҷинояткор мурдааст. Ҳоло ӯ тафтиш карда мешавад, хадамоти сапёрҳо дар маҳал ҷойгиранд, зеро шубҳа вуҷуд дорад, ки дар байни чизҳояш камарбанди дорои маводи тарканда мавҷуд аст ».

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *