Гунаҳкори тирпаронӣ кист? Мазоров ё Муҳаммадзода?
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳодисаи тирпаронӣ дар Хоруғ, ки шаби 4 ноябр рух дод, Хурсанд Мазоров, яке аз раҳбарони ғайрирасмии Хоруғро гунаҳкор карданд. Ӯ ҳамчунин ба ҳамла ба посгоҳи БДА муттаҳам шуд.
Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо пахши як гузориши видеоӣ дар бораи ҳодисаи тирпарронӣ дар Хоруғ гуноҳро пурра ба дӯши ҷавонони маҳаллӣ “бо раҳбарии Хурсанд Мазоров” гузошт ва тирандозии ОМОН-ро пешгирӣ аз амали ҷиноӣ номид. Дар ҳамин ҳол дар гузориш тирандоз “роҳбари посгоҳҳо” муаррифӣ шуда, номи ҷенерол Муҳааммадзода зикр намешавад.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки «шаби 4 ноябр дар назди посгоҳи БДА дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ гуруҳи ҷавонони ин маҳалла, иборат аз 5 нафар ба мошини хидматии роҳбари посгоҳҳои доимии БДА мақсаднок ҳамла карда, кӯшиши эҷоди мониа ба фаъолияти хизматии ӯ ва ноором кардани вазъи ҷамъиятии шаҳри Хоруғро карданд. Дар натиҷа аз ҷониби роҳбари посгоҳҳо нисбат ба ҳамлагарон силоҳи махсус бо тирҳои резинӣ истифода шуда, амали онҳо пешгирӣ гардид. Ҷавонони зикргардида ба самти номаълум фирор карданд.”
Аммо сокинони маҳаллӣ дар тирпарронӣ сардори ОМОН Хуршед Муҳаммадзодаро гунаҳкор мекунанд. Онҳо навореро ҳар нашр кардаанд, ки дар он аз ҷумла як хонуми ҷавон шоҳидӣ медиҳад, ки кормнадони ОМОН бо раҳбарии Муҳаммадзода мардумро дашном медоданду таҳқир мекарданд.
Як нафар аз захмбардоштагон аз тирпаронии Муҳаммадзода — Субҳон Ҳамзалиев, низ мегӯяд, ки кормандони пулис бе ҳеҷ сабабе ба сӯи онҳо тир кушоданд. Ҳамзалиев ҳамчунин талаби гӯё садодода аз тарафи онҳо мабнӣ бар бардоштани посгоҳҳо гуфт, «ман кӣ ҳастам, ки чунин талаб кунам?”
Аммо дар мавриди бадзабонӣ ва муносибати дурушти Субҳон Муҳаммадзода, ки баъди фирори Гулмурод Ҳалимов ба Сурия ва пайвастанаш ба ДОИШ ба ҷои ӯ таъин шудааст, зердастонаш низ мегӯянд. Қаблан як корманди ОМОН бо ирсоли номае ба Паём дар ин бора карда буд.
Ӯ дар номааш аз муносибати хеле бади сардори ОМОН Муҳаммадзода (номашро зикр накардааст) бо кормандони Гурӯҳи зудамал шикоят мекунад. Менависад, ки Муҳаммадзода бо фарқ аз Гулмурод Ҳалимов бо зердастонаш хеле муносибати дурушт дорад ва танҳо бо дашному таҳқир ба онҳо муроҷиат мекунад. Порае аз таҳқирҳои сардори ОМОН-ро ҳам зикр кардааст, ки бинобар хеле фаҳш буданашон, аз оварданаш худдорӣ мекунем.
Ӯ менависад ҳар субҳ Муҳаммадзода бо дашномҳояш табъи моро хира мекард ва мо бо ҳамон табъи хира ба ҳимояи Эмомалӣ Раҳмону писараш мерафтем. “Танҳо баъди шикояти дастаҷамъӣ ба вазир, дашномҳояшро бас кард, вале муносибаташ то ҳол хеле дурушт аст” — менависад ин корманди Гурӯҳи зудамали ВКД.
Дар идома корманди ОМОН аз Гулмурод Ҳалимов ёд мекунад, ки хеле инсони самимӣ ва хоксор буду бо зердастонаш мисли падар бо фарзанд муносибат мекард. Ӯ дар номааш аз Гулмурод Ҳалимов бо самимият ёд мекунад ва ҳар дафъа дар қиболи ӯ калимаи “командир”-ро истифода мекунад. “Ман то ҳол намефаҳмам, чаро командир ин корро кард”, — менависад Парвиз.
“Командир бо мо “бачам” гуфта муносибат мекард. Ҳамеша аз мушкилотамон мепурсид, дилбардорӣ мекард”, — омадааст дар номаи ин корманди ОМОН. Мегӯяд муносибати хеле хуби Гулмурод Ҳалимов рӯҳан ба онҳо кӯмак мекард ва мушкилоташон сабуктар мешуд.
Ситоди байнисоҳавӣ дар гузоришаш мегӯяд, ки феълан миқдори зиёди маводи мухаддир ва силоҳ дар марзи Афғонистон ҷамъ шудааст ва барои интиқоли онҳо ба Хоруғ постгоҳҳо монеаи асосӣ шудаанд. Ниҳодҳои қудратӣ ҳушдор додаанд, ки ҳама гуна талоши ҳамла ба ва таҳдид ба кори пулис бо истифода аз силоҳ «ва ба таври қотеона пешгирӣ карда мешавад.»