Рубрики Хабарҳо

Таҷаммӯъи эътирозӣ дар Хоруғ

Нисфирӯзии 6 ноябр гурӯҳе аз ҷавонони Хоруғ назди ҳукумати шаҳр ба нишони эътироз ба тирпаронӣ дар шаҳр ва вуҷуди посгоҳҳо дар он ҷамъ омаданд. Онҳо аз ҳукумат талаб доранд омилони тирандозӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ҳамчунин посгоҳҳои вазорати дохила аз дохили шаҳр бардошт шавад.

Тибқи иттлоъи шоҳидон, шумори ҷамъомадагон бештар аз сад нафар аст.

Вобаста ба ин масъала дар ҳукумати Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи фаврӣ даъват шудааст. Мақомот расидагӣ ба эътирози мардумро баррасӣ мекунанд

Шаби 4 ноябр бар асари тирпарронии сардори ОМОН ҷенерол Хуршед Муҳаммадзода ба сӯи ҷавонони Хоруғ, ду нафари онҳо захмӣ шуданд.  

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳодисаи тирпаронӣ Хурсанд Мазоров, яке аз раҳбарони ғайрирасмии ҷавонони Хоруғро гунаҳкор карданд. Ӯ ҳамчунин ба ҳамла ба посгоҳи БДА муттаҳам шуд.

Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо пахши як гузориши видеоӣ дар бораи ҳодисаи тирпарронӣ дар Хоруғ гуноҳро пурра ба дӯши ҷавонони маҳаллӣ “бо раҳбарии Хурсанд Мазоров” гузошт ва тирандозии ОМОН-ро пешгирӣ аз амали ҷиноӣ номид. Дар ҳамин ҳол дар гузориш тирандоз “роҳбари посгоҳҳо” муаррифӣ шуда, номи ҷенерол Муҳааммадзода зикр намешавад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки «шаби 4 ноябр дар назди посгоҳи БДА дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ гуруҳи ҷавонони ин маҳалла, иборат аз 5 нафар ба мошини хидматии роҳбари посгоҳҳои доимии БДА мақсаднок ҳамла карда, кӯшиши эҷоди мониа ба фаъолияти хизматии ӯ ва ноором кардани вазъи ҷамъиятии шаҳри Хоруғро карданд. Дар натиҷа аз ҷониби роҳбари посгоҳҳо нисбат ба ҳамлагарон силоҳи махсус бо тирҳои резинӣ истифода шуда, амали онҳо пешгирӣ гардид. Ҷавонони зикргардида ба самти номаълум фирор карданд.”

Аммо сокинони маҳаллӣ дар тирпарронӣ сардори ОМОН Хуршед Муҳаммадзодаро гунаҳкор мекунанд. Онҳо навореро ҳар нашр кардаанд, ки дар он аз ҷумла як хонуми ҷавон шоҳидӣ медиҳад, ки кормнадони ОМОН бо раҳбарии Муҳаммадзода мардумро дашном медоданду таҳқир мекарданд.

Як нафар аз захмбардоштагон аз тирпаронии Муҳаммадзода — Субҳон Ҳамзалиев, низ мегӯяд, ки кормандони пулис бе ҳеҷ сабабе ба сӯи онҳо тир кушоданд. Ҳамзалиев ҳамчунин талаби гӯё садодода аз тарафи онҳо мабнӣ бар бардоштани посгоҳҳо гуфт, «ман кӣ ҳастам, ки чунин талаб кунам?”

Аммо дар мавриди бадзабонӣ ва муносибати дурушти Субҳон Муҳаммадзода, ки баъди фирори Гулмурод Ҳалимов ба Сурия ва пайвастанаш ба ДОИШ ба ҷои ӯ таъин шудааст, зердастонаш низ мегӯянд. Қаблан як корманди ОМОН бо ирсоли номае ба Паём дар ин бора карда буд.

Ӯ дар номааш аз муносибати хеле бади сардори ОМОН  Муҳаммадзода (номашро зикр накардааст) бо кормандони Гурӯҳи зудамал шикоят мекунад. Менависад, ки Муҳаммадзода бо фарқ аз Гулмурод Ҳалимов бо зердастонаш хеле муносибати дурушт дорад ва танҳо бо дашному таҳқир ба онҳо муроҷиат мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *