Дини Ислом дар робита ба ҷобаҷоии амалҳо, бартарияти баъзе бар баъзеи дигар ва риъояти авлавиятҳо аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Дар тамоми умур авлавиятҳо ба назар гирифта мешавад. Яке аз муҳимтарин авлавиятгузориҳо дар шариъати Ислом, авлавияти илм бар амал аст. Илм аз нигоҳи Ислом муқаддам бар амал ва далели он ба шумор меравад. Дар ҳадиси Маъоз ибни Ҷабал чунин омадааст: “Илм имоми амал ва амал пайраву тобеъи он аст” Ривояти Ибни Абдулбарр
Имом Бухорӣ боберо дар саҳеҳаш таҳти унвони “Боби илм қабл аз қавл ва амал” ҷой додааст ва барои исботи ин даъвояш аз оёти Қуръонӣ ва ҳадисҳои Расули Худо далелҳо овардааст. Шореҳони Бухорӣ дар тарҷумаи ин боб гуфтаанд. “Муроди Имом Бухорӣ аз овардани ин боб бо чунин унвон дар он аст, ки илм шарти сиҳати амалҳо ба шумор меравад. Гуфтор ва кирдор аз нигоҳи шаръ замоне эътибор пайдо мекунанд, ки бар пояи илм ва огоҳӣ анҷом дода шаванд. Пас илм муқаддам ба гуфтору кирдор аст, зеро амал замоне эътибор пайдо мекунад, ки ҳамроҳ бо ният бошад ва ният замоне дуруст ва саҳеҳ мешавад, ки заминаи илмӣ дошта бошад.
Яке аз далелҳое, ки Имом Бухорӣ барои исботи даъвои худ овардааст, ояти 19-и сураи Муҳаммад аст. “Пас, бидон ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест. Аз гуноҳи худ ва аз гуноҳи мардону занони мӯъмин омурзиш бихоҳ. Худо медонад, ки рӯз ба куҷо меравед ва шаб дар куҷо меоромед”. Дар ин оят Худованд Паёмбар (с) ро аввалан ба шинохти Худо ва омӯхтани илми яктопарастӣ, сипас ба омӯрзиш хостан, дастур додааст. Агарчӣ оят Паёмбарро (с) мавриди хитоб қарор додааст, вале ҳукми он ом аст: Паёмбар(c) ва уммат ҳамаро шомил мешавад.
Дар мавзеъи дигар аз Қуръон ҳар гуфтор ва даъвоеро, ки асоси илмӣ надоранд мазаммат гардида, инсонҳо аз пайравӣ ва рафтан дунболи чунин чизе боз дошта шудаанд. “Аз паи он чӣ надонӣ, ки чист, марав, зеро гӯшу чашму дил, ҳамаро ба он бозхост кунанд.” Сураи Исро, ояти 36.
Соҳиби тафсири “Тайсиру-л-раҳмон фи-т-тафсири каломи-л-манон”, дар мавриди ин оят мефармояд: “Аз он чӣ ки дар борааш илм ва маълумоти кофӣ надорӣ, пайравӣ макун! Балки ҳама гуфтору кирдоратро бар асоси илм ва огоҳӣ анҷом бидеҳ!…” Худованд дар қисмати охири оят ҳушдор медиҳад, ки инсонҳо барои ҳама гуфтор ва кирдорашон дар рӯзи охират пурсида хоҳанд шуд. Аз ин хотир бояд ҳамеша дониста ва аз рӯи огоҳӣ амалҳояшонро анҷом бидиҳанд.
Аҳодиси зиёде аз Паёмбари Худо ворид шуда, ки бар зарурат ва лузуми тақдими илм бар амал далолат мекунанд. Ҳатто дар бархе аҳодис омадааст, ки Паёмбари Худо (с) амалҳоеро, ки бидуни илм ва огоҳӣ анҷом дода мешаванд, анҷомнашуда меҳисобад.
Баргард намозатро адо кун, зеро ту намоз нахондаӣ!
Рӯзе Расули Худо (с) дар масҷид нишаста буданд, ки марде баъди адои намоз назди он ҳазрат омада, салом арз кард. Паёмбар(с) саломи ӯро ҷавоб гардонида гуфт: “ Баргард ва намозатро дубора адо кун, зеро ту намоз адо накардӣ!” Он мард баргашта мисли дафъаи аввал намоз гузорид. Сипас назди Расули Худо (с) омада салом дод, Паёмбари Худо(с) саломи ӯро ҷавоб доду дубора гуфт: “Баргард ва намозатро адо кун, зеро ту намоз нахондаӣ!“ Он мард ин бор ҳам ба мисли дафъаи қаблӣ намозашро хонда, назди Паёмбар(с) омад. Паёмбар(с) боз ӯро амр ба хондани намоз кард. Он мард гуфт: Савганд ба Худо аз ин хубтар наметавонам, бароям тарзи дурусти намозро таълим бидеҳ! Сипас Расули Худо як як тарзи дуруст адо кардани намозро барои он шахс таълим дод.
Дар ин ҳадис Паёмбари Худо ба нафаре, ки се маротиб намоз мегузорад, мегӯяд: “Намоз нахондӣ” ҳол он ки амалан он мард намоз мегузорид. Аммо чун илми намоз ва тарзи дуруст адо кардани онро надошт, Паёмбар дар мавриди ӯ ҷумлаи “намоз нахондаӣ”-ро истифода мекард.
Амали бе илм зиёнаш бештар аз суди он аст
Аз манзари Қуръон ва ҳадис илм ва дониш дар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ, чӣ динӣ бошад ва чӣ дунявӣ, бар гуфтору кирдор муқаддам мебошад. Зеро маҳз ба воситаи илм метавон ҳақиқатро аз ботил, хаторо аз савоб, машрӯъро аз номашрӯъ, саҳеҳро аз фосид, ҳалолро аз ҳаром, фазоилро аз разоил, мақбулро аз мардуд ва роҷеҳро аз марҷӯҳ, ҷудо кард ва ташхис дод.
Бинобар ин бузургони дин ва салафи солеҳ гуфтаанд, ҳар амале,ки бидуни илм (ва ё бе маслиҳати олиме) анҷом дода мешавад , зарару зиёнаш бештар аз фоида ва суди он мебошад. Умар ибни Абдулазиз мегуфтанд: “Ҳар ки бе илм ва огоҳӣ даст ба амале мезанад, вайронкориҳояш бештар аз ободкориҳояш хоҳад буд.” Ҳасани Басрӣ мефармоянд: “Ҳар ки бидуни илм амал мекунад, мисли мусофири роҳгумкардааст. Ва ҳарки бе илм амалеро анҷом диҳад, ба ҷои он ки ислоҳу обод намояд бештар фасод мекунад. Илму донишро тавре талаб намоед, ки бар ибодататон зарар ворид нашавад ва ибодатро ба гунае талаб кунед, ки ба илму донишатон зиён нарасонад. Зеро мардумонеро дида шуда, ки дунболи ибодат рафта илмро тарк карданд, ва дар натиҷа дар даст шамшер бар алайҳи уммати Муҳаммад(с) қиём карданд. Агар дар баробари ибодат илмро ҳам фаро мегирифтанд, ҳеҷ гоҳ даст ба ин амал намезаданд.”
Ин гуфтаи Умар ибни Абдулазиз ва Ҳасани Басрӣ, баёнгари ҳоли нафарон ва гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз нигоҳи тақво, ихлос ва пойбандӣ ба ибодатҳо ҳеҷ камбудие надоранд, вале аз он ҷо ки нисбати мақосиди шариъат ва ҳақоиқи динӣ илм ва дарки дуруст надоранд, даст ба корҳое мезананд, ки шоистаи як инсони мусалмон нест. Дар замони хилофати ҳазрати Алӣ (р) гурӯҳе бо чунин сифатҳо алайҳи ӯ хурӯҷ карда, рехтани хуни он ҳазрат ва мусалмононро ҳалол шумориданд ва бо ин корашон аз Худованд умеди савобу подошро ҳам доштанд. Ин гурӯҳ дар таърих бо номи “хавориҷ” маъруф ва машҳуранд. Дар ҳадиси Расули Худо (с) ибодат ва пойбандии онҳо ба номазу рӯза чунин баён шудааст: “ Чунон пойбанди намозу рӯза ва ибодатҳо ҳастанд, ки шумо (хитоб ба саҳобагон аст) онҳоро дида, намозу рӯза ва ибодатҳо худро ночиз ва кам медонед. Қуръонро мехонанд, вале аз гулӯяшон боло намеравад, аз дин берун мешаванд ҳамонгуна, ки тир аз камон берун мешавад.”
Чӣ гунае ки дар ин ҳадис омадааст, онҳо пойбандии зиёде ба ибодатҳо доранд, вале мушкилашон дар он аст, ки фаҳм ва дарки дурусти динӣ надоранд, “Қуръон мехонанд, вале аз гулӯяшон боло намеравад”, аз гулӯяшон боло намеравад бар ин маъно аст, ки мафоҳими онро хуб дарк намекунанд, ақлашонро барои фаҳмидани мақосиди он дуруст ба кор намегиранд ва истифодаеро, ки аз Қурон бояд дошта бошанд, ба даст намеоваранд.
Фаҳми дурусти динӣ надоштан ва аз ҳақоиқи он бехабар будан, инчунин фосила гирифтан ва дурӣ аз уламову донишмандон, дар ҷомеъаҳои имрӯзӣ ба чашм мехӯрад, ки натиҷаи хубе нахоҳад дошт.
Маро хазинадори замин таъйин намоед, ман шахси амонатдор ва доное ҳастам
Вақте ҳазрати Юсуф(а) аз зиндон озод карда шуд, шоҳ ӯро ба худ наздик карда, барояш мақому ҷойгоҳ дод. Ҳазрати Юсуф (а)аз подшоҳ хост масъулияти хазонадории Мисрро барояш бидиҳад. Ҳазрати Юсуф шоистагии худро барои ин мақом бо ду калима иброз медорад, яке амонатдорӣ ва дуввумӣ илм ва дониш. Чунонӣ мушоҳида мешавад яке аз он ду чизе, ки ҳазрати Юсуф мехоҳад бо пеш кардани онҳо шоистагии худро исбот намояд, илм ва дониш аст. Дар инҷо ҳазрати Юсуф (а) аз ҳасабу насаби хеш чизе намегӯяд, балки аз донишу маҳорат ва амонаттории худ ҳарф мезанад.
Ислом низ илму дониш ва маҳорату кордониро барои интихоб ва таъйини афрод ба мақомҳо ва мансабҳои раҳбарӣ, шарт ва зарур медонад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “ Ҳаргоҳ амонатҳо зойеъ шаванд мунтазири омадани қиёмат бошед!” Асҳоб пурсиданд: Чӣ гуна амонатҳо зойеъ мегарданд? Паёмбар посух доданд: “Ҳаргоҳ масъулиятҳо ба касоне дода шавад, ки аҳли он нестанд ва шоистагии онро надоранд, пас мунтазири қиёмат бошед” Ривояти Бухорӣ
Имрӯз иллати аксари мушкилот ва ақибмондагиҳо дар ҷомеъаи мо ба хотири он аст, ки дар интихоб ва ҷобаҷоии масулин ин меъёрҳо ба назар гирифта намешаанд. Меъёр барои таъйин масъулин на илму дониш ва маҳорату кордонӣ, балки пайванди хешутаборӣ, маҳал, тамаллуқу чоплусӣ ва пораву ришва ва амсоли он шудааст.
Дар ҳадисе Расули Худо мефармоянд: “Қозиҳо (судяҳо) се гунаанд. Ду навъи онҳо аҳли дӯзах ва яке аз аҳли ҷаннат. Оне, ки аз аҳли ҷаннат аст, қозие аст, ки ҳақиқатро медонад ва бар асоси он ҳукм содир мекунад. Аммо он дуе, ки аз аҳли дӯзаханд иборатанд аз: қозие, ки аз рӯи ҷаҳлу нодонӣ ҳукм содир мекунад ва қозие, ки ҳақиқатро медонад, вале онро нодида гирифта бар мардум зулм мекунад.”
Дигар масъулиятҳо низ аз ин қоида истисно нестанд. Дар тамоми соҳаҳо бояд ин меъёрҳо риъоя карда шаванд ва илло назди Худованд ҳам худи масъул ба хотири надоштани шоистагиаш ба он мақом бозхост хоҳад шуд ва ҳам нафароне, ки ӯро ба он мансаб интихоб ва таъйин намудаанд.
Доштани илм ва фаҳми дурусти динӣ барои муфтӣ, даъватгар ва муаллим зарурати шаръист
Ҷо дорад дар ин қисмат аз мақола гузари мухтасаре ба ин мавзӯъ ҳам дошта бошем. Зеро шахсе, ки барои мардум фатво содир мекунад ва машварати динӣ медиҳад, аз нигоҳи шаръ бояд шароити онро дошта бошад ва илло шариъат ба ӯ ҳақи чунин кореро намедиҳад. Шахсе метавонад ин масъулиятро ба душ бигирад, ки олими росих ва фақеҳи дар дин бошад. Зеро дар сурати надоштани шоистагӣ, имкон дорад ҳалолро ҳаром ва ҳаромро ҳалол бигӯяд, фарз ва ё воҷиберо бекор намояд, ҳукмеро болои мардум воҷиб гардонад, ки барояшон лозим нест. Имкон дорад бидъатҳоеро дар дин эҷод кунад, ҳатто имкон дорад аз рӯи ҷаҳлу нодонӣ мусалмонеро ҳукм ба бединӣ намояд.
Паёмбари Худо (с) амали нафаронеро, ки дар содир кардани фатво шитоб намуда сабабгори марги нафаре шуданд, сахт инкор намуда, онҳоро қотили он нафар хонданд. Абудовуд ва Байҳақӣ аз Ҷобир (а) ривоят кардаанд, ки мегуфт: Мо барои сафаре баромада будем ва яке аз ёронамон аз сараш захмӣ шуда буд. Аз қазо он мард ҷунуб мешавад ва аз ҳамроҳонаш мепурсад, оё метавонам таямум кунам? Вале ёронаш ба ӯ ин иҷозатро намедиҳанд, он мард ба ночор ғусл мегирад ва бар асари сардии ҳаво ва захме, ки дошт аз дунё мегузарад. Вақте назди расули Худо ин воқеъаро қисса мекунанд, Паёмбар (с) мефармояд: “Он нафарро ба қатл расониданд, Худованд онҳоро бикушад. Чаро вақте чизеро намедонанд, намепурсанд. Ҳамоно шифои нодонӣ суол кардан аст…”
Аз саҳоба ва тобеъин низ дар ин маврид осори зиёде нақл шудааст.
Абулҳасани Ашъарӣ(р) егуфтанд: “ Дида мешавад, ки яке аз шумо бебокона дар масъалае фатво медиҳад, ки агар ин гуна масоил аз ҳазрати Умар(р) пурсида мешуд барои ҳалли он аҳли Бадрро ҷамъ мекард.”
Ибни Масъуд мегӯяд: “Ҳарки мардумро дар тамоми масоиле, ки аз ӯ пурсида мешавад фатво медиҳад, яқинан он шахс девона аст.”
Бо назардошти ин далоил мебояд дар содир кардани фатво аз эҳтиёт кор гирифт ва касоне, ки шоистагии онро надоранд, дар содир намудани фатво шитоб накунанд, балки дар ин маврид ба ақволи уламо ва донишмандоне, ки аҳли фатво ҳастанд муроҷиъат намоянд.
Бигӯ: роҳи ман ва пайравонам ҳамин аст, ки мардумро ба сӯи Худо бо илм ва басират даъват кунем
Худованд дар ояти 108-и сураи Юсуф, барои Паёмбараш чунин дастур медиҳад, ки дар даъват ва ҳидояти мардум аз кадом равиш истифода кунад ва пайравонаш низ аз ин равиш бояд кор бигиранд. Дар ин оят илму дониш ва басирату биниш, асоси даъват қарор дода шудааст. Бинобар ин барои ҳар даъватгар ва мураббӣ доштани илму дониш ва фаҳми дурусти динӣ, дарки воқеъиятҳо ва ташхиси авлавиятҳо дар роҳи даъват, шарт ва зарур аст.
Дар ин маврид бо ҳамин миқдор басанда мекунем ва дар фурсати муносиб, бо тафсил рӯи ин оят ва мафҳуму муроди он бо такя ба ақволи бузургони дин сӯҳбат хоҳем кард.
Исломҷони Сайид