Вазирони дифоъи кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе гирди ҳам омаданд. Ҳоло вазирони Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ҳинд ва Дабири кулли СҲШ барои ширкат дар нишасти ин созмон ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд ва қарор аст вазири мудофиаи Ӯзбекистон низ ба зудӣ ба онҳо ҳамроҳ шавад.
Ҳамчунин вазири дифоъи Беларус низ ба ҳайси меҳмони ҷаласа ба Душанбе меояд.
Ҷаласаи вазирони дифоъ имрӯз, 28 июл таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо баргузор мешавад.
Роҳбарони ҳайатаҳоро инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Қарор аст дар ин ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба вазъи кунунии Афғонистон «таваҷҷуҳи хосса зоҳир» шавад.
Вазирон инчунин макон ва таърихи баргузории машқҳои муштараки низомӣ бо номи «Рисолати сулҳовар-2021” (Мирная миссия-2021)-ро мувофиқа месозанд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа Эъломияи Душанбе қабул мешавад.