Агентии омори Туркия хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Эрон пас аз Ироқ бузургтарин харидори хориҷии хонаҳо дар Туркия мебошанд. Тибқи ин омор, дар панҷ соли охир дар ин кишвар беш аз 15000 эрониҳо хона хариданд. Тоҷикон дар ин феҳраст зикр намешаванд.
Тибқи омори ахири Туркия, дар панҷ соли охир 6 миллиону 944 ҳазору 61 манзил фурӯхта шудааст ва шаҳрвандони Ироқ, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Русия бузургтарин харидорони хориҷии хонаҳо мебошанд.
Миқдори аз ҳама баландтарини фурӯши манзил дар соли 2017 ба қайд гирифта шуда буд, ки он вақт 1 409 314 манзил фурӯхта шуд.
Бино ба гузориши хабаргузории “Анатоли”, дар пайи коҳиш ёфтани фоизи бонкҳо дар Туркия, имсол фурӯши манзил дар ин кишвар боз ҳам рушд кардааст. Танҳо дар ҳашт моҳи охир дар Туркия 1 244 434 манзил фурӯхта шудааст.
Истанбул ва Анкара минтақаҳои серхаридортарин дар бозори манзили Туркия мебошанд. Дар панҷ соли охир 155 ҳазор хона ба хориҷиён фурӯхта шудааст.
Ироқиён дар садри феҳристи харидорони хориҷии амволи Туркия қарор доранд, ки мутаносибан Эрон, Арабистони Саудӣ, Русия ва Кувейт мебошанд.
Агентии омори Туркия хабар медиҳад, ки дар панҷ соли охир 15.083 эронӣ дар Туркия хона хариданд.