Рубрики Хабарҳо

Т У Ҳ М А Т

Зафари Сӯфӣ

Худоро шукр, ки ин Модар пайдо шуд.

Пас аз панҷ шабу рӯз беному нишон будан.

Пас аз ин ҳама нигарониву дилвопасиҳо.

Ҳой хонаатон пури гандум… на, на, ба як бурда нон зор шавед, эй онҳое, ки нисбати як модар ва модару хонаводаи ӯ ва билахира садҳо ҳазор инсон ин ҳама озору азияту дилвопасиро раво дидед!

Магар намешуд ҳамон рӯзи аввали боздошти ғайриқонунӣ ва золимонаатон эълом кунед, ки ин модар дар асорати шумост.

Охир шумо, ки дигар на парвои арзишҳои қонуниву ахлоқӣ ва инсонӣ доред, на пеши инсонҳо шарму хиҷолату ҳаё доред ва на аз рӯзи ҷазову на аз Худо метарсед. Пас ин ҳама пинҳонкориятонро сабабу далел чист?

Вазорати дохилй расман пазируфт, ки ӯро боздошт кардааст. Тибқи изҳороти ин вазорат алайҳи Шоҳида Муҳаммадҷонова ба иттиҳоми «ташкили фаъолияти экстремистӣ» парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. 

Огоҳон мегӯянд, ки бар пояи ин иттиҳом Муҳаммадҷоноваро метавонанд ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол зиндон кунанд.

Мехоҳанд як модарро ба хотири фаъолияти писараш муҷозот кунанд.

Зоҳиран одати Чингизхонро, ки ба хотири фарзанде падару модар ва ҳатто сокинони як маҳалро муҷозоту қатли ом мекард, ин мақомоти чингизманиш зинда карданиянд.

Мақомоти Тоҷикистон хабар дода, ки Шоҳида Муҳаммадҷонова ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Аммо нагуфтаанд, ки ин модар чӣ гуна дар ташкили фаъолияти ифротгароёна даст дорад.

Гуфтаанд, ки бастагонаш метавонанд барояш хурок баранду аз ҳолаш хабар гиранд. Аммо нагуфтаанд, ки дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад.

Бозии «алик-малик»-и Рамазон Раҳимзода ва зердастонаш идома дорад. Аммо инҳо он қадар азхудрозӣ ва мутакаббиранд, ки намефаҳманд амалҳояшонро хеле ба содагӣ мешавад пешбинӣ ва арзёбӣ кард. Печидатарин амалиёташон камоли ҳамоқату кавданияшонро ба намоиш мегузорад ва содалавҳу гӯл (примитив) буданашро зуд дарк кардан мушкил нест.

Инҳо чанд рӯз телефони Шоҳида Муҳаммадҷоноваро дар ихтиёр доштанд ва табиист, ки дар дохили он «далели шайъ» гузоштанд. Ҳоло дигар метавонанд ба роҳатӣ боздошташро ошкор кунанд.

Ҳатман рӯзи аввал ба ӯ ин сабти видео ё акс ва ё ҳатто паёмак ё ҳар чизи дигареро, ки дар телефонаш «пайдо» кардаанд, нишон дода мисли галаи шағол ба сари модар ҳавор кашиданд.

Дод заданд, ки бояд гуноҳатро ба дӯш бигирӣ!

Дидӣ ин далели шайъиро дар телефонат! Ба писари с…аат занг бизану бигӯ, ки ба ватан баргардад. Агарне худатро фалон мекунем ва ҷоят зиндон аст.

Хуллас ба ин монанд таҳдиду фишор ва албатта бо лафзи қабеҳу касифе, ки хазинаи луғавии забони мақомоти қудратӣ лабрез аз он аст.

Мутмаинан Шоҳида Муҳаммадҷонова ва албатта ҳар як модари дигар ин туҳматро инкор мекунад ва ба ҳеч ваҷҳ розӣ намешавад барои ба асорат гирифтор шудани ҷигарбандаш бо ин тӯда ҳамкорӣ кунад…

Магар чунин набуд, эй онҳое, ки лаҳзаи омадани Шоҳида Муҳаммадҷоноваро шоҳид будеду дар бинои милисаи Ваҳдат қарор доштед? Ҳатман чунин буд!

Як намоише, ки шумо борҳо таҷриба кардаед ва азбас борҳо такрор шуда мо ҳам аз ҳама ҷузъиёти он огоҳем.

Аммо шумо фикр кардед киро гӯл мезанед?

Киро фиреб карданиед?

Фикр мекунед мардум мисли шумо гӯсола аст?

Ғалат кардед!

Панҷ рӯз чиро бе ному нишон ва ба ҳеч кас хабаре надода Шоҳида Муҳаммадҷоноваро нигоҳ доштед?

Ин лагадмол ва таҷовуз кардани Қонуни асосӣ ва ҳамаи қонунҳои кишвар ва тамоми қонунҳои башарӣ нест? Албатта, ки ҳаст!

Бовар кунед, шумо аз инсоният бӯе набурдаед ва як тудаи ҷинояткоред!

Вақте ба пешниҳоди ғайриинсонии шумо ба сифати як модар ризоият надод, шумо дигар аз худ бехуд шудед ва симои аслиятонро намоён кардед. Ман бо камоли бовар мегӯям ва ин ҳолатро тасаввур мекунам.

Ҳатман рӯзи аввали боздошт Шоҳида Муҳаммадҷонова мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор гирифтааст. Барои пинҳон кардани ин ҷиноят даст ба ҷинояти дигар задед. Ҷои нигоҳ доштани ӯро пинҳон кардед.

Албатта намегӯям, ки шумо аз касеву ниҳоде мулоҳиза, нигаронӣ ва тарс доред. Махлуқе, ки ба сари модар ҳавор мекашад ва даст боло мекунад, ҳеч муқаддасот надорад. Эҳсосу мулоҳизаву тарс барояш бегона аст.

Равоншинохтии худкомаҳо, ҷинояткорон ва қотилон собит карда, ки онҳо хеле аз худрозӣ ва мутакаббиранд. Бино бар ин намехоҳанд касе аз ҷинояту ҷурму норасоияшон огоҳ гардад. Инро ошкор шудани заъфашон медонанд.

Шумо ҳам намехостед мабодо хешу табораш изи зарбу шиканҷаро дар бадани Муҳаммадҷонова бибинанду барои оламиён далели дигаре аз ин ваҳшонияти доимии шумо ошкор бишавад.

Дар зимн, таҷрибаи шахсии бархурд бо чунин ҳолатро дорам. Наворбардори «Озодагон» Абдураҳим Шукуровро, ки дар назди СИЗО таҷаммуъи фаъолонро рӯзи ҷаласаи додгоҳи Зайд Саидов ба навор мегирифт, кормандони милиса боздошт ва ба идораи милиса бурда латукӯб карда буданд. Ҳарчанд шахсан ба банда раиси шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ва ҷонишини ӯ дасти мардӣ ва қавли мардона доданд, ки мебаранд «экспертиза мекунанду задагия ҷазо медиҳанд», аммо камоли номардияшонро ба намоиш гузоштанд. Нисфи шаб аз куҷое кадом як қозии мисли худашон бешарафро ҳам пайдо карда нисбати Абдураҳим 7 рӯз ҳукми боздошт содир кунонданд. Албатта ҳадафи аслӣ нопадид шудани ҷои зарба буд. Зеро тибқи гуфтаи Абдураҳим дар боздоштгоҳ «бакалашкаи оби яхзада» овардаву гуфтаанд, ки ба ҷои зарба дар рухсорааш гузорад.

Пас аз як шабонарӯз ҳукмро ба ҷарима иваз карданду Абдураҳим ба озодӣ баромад. Ҳадафашон пинҳон кардани гандкорӣ ва ҷинояташон буду бас.

Ҳоло баргардем ба қазияи Муҳаммадҷонова. Ҳатман пушти ин қазия дастдарозе (Шоҳрух Саидов ё Шодӣ Ҳафизов ва ё худи Рамазон Раҳимзода) нишаста ва ё шояд шахсан ҳузур дошта.Таи ин панҷ рӯз бо болотаринҳо фаҳмондаву ризоият гирифтанд, ки алайҳи ин зан иттиҳом эълон кунанд.

Ҳамакнун ӯро ба иттиҳоми ташкили фаъолияти ифротгароёна муттаҳам эълом карданд. Аммо…

Рӯятон сиёҳ! Туҳмати беасос ба як модари тоҷик мезанед!

Кадом ташкили фаъолияти ифротӣ?

Ифротӣ шумоед!

Ман шуморо маҳкум мекунам!

Барои ҳамешаи торих бадномшуда ҳастед!

Манбаъ: саҳифаи фейсбукии муаллиф

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *