Тоҷикистон тасмим гирифтааст маҳдудияти қарзи хориҷиро аз 40 дарсад ба 60 дарсади ММД боло барад. Дар ин бора дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон омадааст.
Тибқи ин гузориш, сатҳи қарзи давлатӣ ва қарзи кафолатдодашудаи давлатӣ дар соли 2017 бо суръат боло рафта, аз ҳади 50 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ҳам убур кардааст. Яъне давлат мехоҳад баъди гирифтани қарз онро қонунӣ кунад. Заминаҳои асосии ин афзоиш қарзҳои ҷалбшуда ба пружаҳои сармоягузории давлатӣ (бештар аз Чин), нашри қоғазҳои қарзии дохилӣ барои дастгирии бахши энержӣ ва нашри қоғазҳои қарзии аврупоӣ (еврооблигатсия) дар сентябри 2017 ($500 млн) будааст.
Қисмати бештари қарзиҳои хориҷии Тоҷикистонро (беш аз 50%) қарзҳои Чин ташкил медиҳанд. 30 дарсади қарзҳо аз созмонҳои байналмиллалии молиявӣ гирифта шудаанд. Бо фурӯши қоғазҳои қиматноки қарзии аврупоӣ ба ҳаҷми 500 миллион доллар, ҳаҷми қарзи аврупоӣ ҳам боло рафт.
Коршиносон ба ин назаранд, ки бинобар вобастагии шадиди Тоҷикистон аз пули муҳоҷирон ва бӯҳрони иқтисодиву муҳоҷират дар кишвари аслии кории муҳочирон — Русия, метавонад ҳаҷми қарҳои хориҷии Тоҷикистонро боз ҳам бештар кунад.