Рубрики Pressa

Муовини аввали Президенти Эрон ба Душанбе меояд


Муҳаммадризо Ориф, муовини якуми президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, пагоҳ, панҷшанбеи 29-уми май бо сафари расмии давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.

Дар ин бора Сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар дод.

Ин сафар бо даъвати расмии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон сурат мегирад. Қарор аст Муҳаммадризо Ориф дар ҳамоиши байналмилалии «Ҳифзи пиряхҳо», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат кунад.

Дар ҷараёни ин сафар, миёни Тоҷикистону Эрон чанд созишнома дар самтҳои гуногун ба имзо мерасад.

Бино ба иттилои расмӣ, Муҳаммадризо Ориф дар доираи сафараш бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва ҳамчунин бо роҳбарони ҳайатҳое, ки дар ҳамоиши байналмилалии «Ҳифзи пиряхҳо» иштирок мекунанд, мулоқот хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *