Рубрики Хабарҳо

Нигаронии Тоҷикистон аз фаъолияти расонаҳои хориҷӣ

Рӯзномаи расмии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» мақолае зери унвони «Манфиат ва арзишҳои миллӣ ё баъзе масъалаҳои амнияти иттилоотӣ ва фазои иттилоотии Тоҷикистон» чоп карда, аз он ригаронӣ кардааст, ки фаъолияти расонаҳои хориҷӣ «ба фаҳмиши таърихӣ, фарҳанг ва ахлоқи миллии мо мувофиқат намекунад.»

Дар ин матлаб, ки бо имзои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мудири кафедраи «Радио ва телевизион»-и факултаи Журналистикаи ин донишгоҳ ҷанобон академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва дотсент Сангин Гулзод нашр шудааст, аз ҷумла омадааст, «Дар фазои иттилоотии Тоҷикистон дар баробари расонаҳои ватанӣ, ҳамчунин, расонаҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Фаъолияти ВАО(Воситаҳои ахбори омма) — и хориҷӣ дар асоси созишномаҳо ва ҳамчунин, эҳтироми Тоҷикистон ба арзишҳои башарӣ, назири ҳуқуқи мардум ба дастрасии иттилоъ, озодии баён ва амсоли ин сурат мегирад.»

Муаллифон дар ин матлаби худ қайд кардаанд, ки ҳеч итиилое бидуни ҳадаф пахш намешавад ва «бо вуҷуди ин, метавон гуфт, ки фаъолияти аксарияти ВАО — и хориҷии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда ба манфиати кишвари мо, ба фаҳмиши таърихӣ, фарҳанг ва ахлоқи миллии мо мувофиқат намекунанд. Дар шароити муосири муборизаҳои иттилоотӣ таъмини саривақтии фазои иттилоотӣ бо иттилои дақиқу сареъ аз муаммоҳои мубрам аст. Ҳарчанд расонаҳои хориҷӣ бо рақобат барои пешрафти фаъолияти расонаҳои тоҷик саҳм мегузоранд, барои ВАО — и ғайриҳукуматӣ як воситаи сарчашмаи иттилоъ шудаанд.»

Ба таъкиди муаллифон «набояд фаромӯш кард, ки ин расонаҳо бо назардошти манфиатҳои кишвар ва муассиси худ хабару гузоришҳоро омодаву пахш мекунанд. Аз ин хотир, таъсири рӯзафзуни ВАО — и хориҷӣ ба афкори омма дар лаҳзаҳои муайян метавонад ба амнияти иттилоотии мамлакат хатар орад.» 

Муаллифон дар поёни ин матлаб аз рӯзноманигорон ва аҳли қалам хостаанд, ки «дар муборизаву ҷангҳои иттилоотӣ бояд сарбоз ва сипари боэътимоди давлату миллат бошанд. Посухи саривақтӣ ба ҳуҷумҳои иттилоотӣ аз вазифаҳои асливу касбии аҳли қалам аст.»

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *