Рубрики Хабарҳо

Масрафи 10,6 миллиондолларии Ҳукумов дар Чехия давоми ду сол

Амонулло Ҳукумов, собиқ сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ВАО гуфта буд, ки на худаш ва на ҳамсараш ҳеҷ амлоке дар хориҷ надоранд. Вале инак таҳқиқоти журналистӣ маълум кардааст, ки оилаи Ҳукумов 10,6 миллион доллар барои харидани қасру хонаҳо дар ду шаҳри машҳури сайёҳии Ҷумҳурии Чех масраф кардааст. Ин масрафи бузург суолҳоро дар бораи манбаъи даромади ин оила бештар мекунад.

На ҷанҷолҳои вобаста ба писаронаш ва на баромадан ба нафақа монеъи хариди қасру хонаҳо барои Ҳукумов нашудаанд.

Зану фарзандони Амонулло Ҳукумов, собиқ раҳбари Роҳи оҳани Тоҷикистон, соҳиби 8 қасру хона дар ду шаҳри машҳури сайёҳии Чехия — Карлови Вари ва Мариански Лазни ҳастанд. Ин ду шаҳр замони шӯравӣ макони махсуси истироҳати нухбагони сиёсӣ маҳсуб мешуданд.  

Аз замони аввалин хариди худ дар декабри соли 2012, тибқи шартномаҳои хариду фурӯш, ки журналистон дастрас намудаанд, Ҳукумовҳо беш аз 10,6 миллион доллар барои бадастории чаҳор бинои дигар, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои иҷоравӣ, масраф кардаанд. Дороии дигари хориҷии Ҳукумовҳо хона дар Маскав бо нархи 1,1 миллион доллар мебошад.   

Амонулло Ҳукумови 66 сола, ки дертар насабашро ба Ҳукуматулло иваз кард, соли 2014, баъди ду ҷанҷоли вобаста ба писаронаш — боздошти яке барои фурӯши маводи мухаддир ва садамаи автомобилии дигарӣ, ки мунҷар ба марги инсонҳо шуд, аз мансабаш канор рафт.

Ӯ доштани ҳар гуна амлокеро чӣ худаш ва чӣ ҳамсараш  дар Чехия инкор мекард. Бо дарназардошти моҳонаи Ҳукумов чун ходими давлатӣ, дарки ин ки ӯ ин ҳама боигариро аз куҷо пайдо кардааст, мушкил аст. Тибқи маълумоти дастрасшуда, ходимони давлатӣ аз 5000 сомонӣ (625 доллар) бештар моҳона намегиранд.

Ҳамсари ӯ Амина Мусоеваи 57 сола соҳиби як ширкате, ки ба фурӯши силоҳи русӣ ва як ширкате, ки ба сохтмон дар Душанбе машғул аст, мебошад. Вале маълумоти бештаре дар бораи ин ширкатҳо аз тарафи журналистон ҳанӯз дастрас нашудааст.

Як писари Амонулло Ҳукумов — Ҳукумов Муҳаммадисроил Амонуллоевич роҳбари шӯъбаи Ориёнбонк дар маҳаллаи 91-уми пойтахт аст, ки тахмин зада мешавад дар интиқоли маблағҳои бадастовардаи Ҳукумов ба хориҷ кӯмак мекунад.

Моҳи июни соли 2016 Ҳукумов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳеҷ дороие дар Карлови Вари надорад. “Ман дар Тоҷикистонам, на дар Чехия” — изҳор карда буд собиқ раҳбари Роҳи оҳани Тоҷикистон…  

Ин мақола ба зудӣ пурра мешавад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *