Рубрики Хабарҳо

Суханони зидди муҳоҷиратии Трамп бисёриҳоро хашмгин кард

Суханони таҳқиромези Доналд Трамп ба муҳоҷирон боиси вокунишҳои зиёде дар дохил ва хориҷи Амрико шудааст. Президенти Амрико рӯзи панҷшанбе дар ҷаласае бо ҳузури намояндагони ҷумҳурихоҳ ва демократ дар Кунгураи ин кишвар, муҳоҷирони Гаити, Салвадор ва бархе кишварҳои Африқоиро тавҳин карда ва гуфтааст: “Чаро афродеро, ки аз кишварҳое, ки чоҳи ахлот ҳастанд ба инҷо роҳ медиҳед”.

Трамп ин суханонро дар нишасте, ки барои баррасии ислоҳи қавонини муҳоҷират  баргузор шуда буд, ба забон овард.

Дар вокуниш ба ин суханони Трамп намояндаи ҳизби демократи Амрико Луис Гутерз гуфтааст: «ҳоло дигар сад дар сад мушаххас шуда, ки Трамп як нижодпараст аст ва он арзишҳоеро, ки қонуни асосии мо тазмин мекунад қабул надорад.»

Дар вокуниш ба ин тавҳинҳо сафири Гаити гуфт, ки «Трамп ё иттилоъ надорад ва ё бесавод аст.»

Мая Лов узви ҷумҳурихоҳи маҷлиси намояндагони Амрико мегӯяд, хонаводаи ӯ аз Гаити ба Иёлоти Муттаҳида омадааст. Ӯ суханони Трампро «ғайримасъулона ва таҳрикомез» хонд ва афзуд: «ин рафтори раҳбари миллати мо ғайри қобили қабул аст.»

Сенатор Камола Ҳорис ҳам ёдовар шудааст: «муҳоҷирон аз ҷумла муҳоҷирони Гаитӣ ва африқоӣ буданд, ки Амрикоро сохтанд ва ба ҷои таҳқир онҳо бояд маврид истиқбол қарор бигиранд.»

Духтари Клинтон ба Трамп: муҳоҷирон бурҷҳои шуморо сохтанд  

Аммо эътироз ба суханони таҳқиромези Трамп фақат ба сиёсатмадорон маҳдуд нашуд. Челси Клинтон духтари Бил Клинтон, раисҷумҳури пешини Амрико ҳам аз изҳороти Трамп интиқод кард. Ӯ дар твитери худ хитоб ба Трамп навишт: «муҳоҷирони Салвадор, Гаитӣ ва 54 кишвари Африқои ба эҳтимоли зиёд  дар сохтани бурҷҳои шумо кӯмак карданд ва мутмаин бошед, ки онҳо дар сохтан Амрико ҳам кӯмак карданд.»

Мавҷи интиқодҳо аз сиёсати зиддимуҳоҷиратии Трамп дар ҳоле аст, ки баъди ба Кохи сафед роҳ ёфтани ӯ Амрико дар равобити байналмилалӣ ҳам дар ҳоли аз даст додани ҷойгоҳи худ қарор дорад. Аз ҷумла ба унвони пойтахти Исроил эътироф кардани Қудс яке аз иқдомҳои таҳрикомези Трамп буд, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳон ба муқобили ин иқдоми ӯ ва Амрико раъй доданд.

Ҳамчунин бархе расонаҳо аз эҳтимоли лағви сафари Трамп ба Британия хабар медиҳанд. Ба навиштаи ин расонаҳо дар ин сафари Трамп, ки ба хотири ифтитоҳи сафорати ҷадиди Амрико бояд анҷом мешуд, гурӯҳҳои мухталиф қасд доштанд бар алайҳи ӯ роҳпаймоӣ кунанд. Бинобарин ӯ ин сафари худро лағв кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *