Рубрики Хабарҳо

“Гурӯҳи 24” робитаашро бо ҲНИТ қатъ кард

Гурӯҳи 24”, ташкилоти сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон дирӯз, 21.01. 2018 бо нашри як баёния эълон кардааст, ки робитаашро бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ мекунад.

Сабаби ин тасмимашро Шӯрои сиёсии ҳаракати “Гурӯҳи 24” сиёсатҳои носанҷидаи ҲНИТ ва кӯшиши дахолати ба умури дохилии ин гурӯҳ номидааст.  

Матни баёнияи расмии ҳаракати сиёии “Гурӯҳи 24” ба шакли зер аст:

Бинобар сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши дахолати муғризона ва бенатиҷаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбати умури дохилии “Гурӯҳи 24”, Шӯрои сиёсии ҳаракати “Гурӯҳи 24” тасмим гирифт ҳамкорӣ ва муносибатҳои сиёсиро бо ҳизби мазкур комилан қатъ намояд.

“Гурӯҳи 24” аъзо ва тарафдорони худро бори дигар ба ҳадафи аслии пешгирифтаи худ, ки мубориза ъалайҳи режими диктотурии Раҳмонов мебошад, даъват карда, хостори худдорӣ аз ҳар гуна баҳс ва дасиса мебошад.

 Шӯрои сиёсии ҳаракати “Гурӯҳи 24”

20.01.2018

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *