Малик Абдуллоҳи дуввум, подшоҳи Урдун дар мулоқот бо Майк Пенс, муовини Раисҷумҳури Амрико дар Аммон таъкид кард, ки Байтулмуқаддас бояд пойтахти кишвари Фаластин бошад.
Хабаргузории «Ройтерз» рӯзи якшанбе 21 январ ба нақл аз подшоҳи Урдун навишт: «зарурӣ аст, ки Амрико дубора эътимоди аз даст рафтааш назди арабҳоро эҳё кунад.»
Абдуллоҳи дуввум, ки аз муттаҳидони наздики Амрико маҳсуб мешавад, ёдоварӣ карда, ки тасмими Трамп бо тавофуқоти марбут ба муноқишаи Исроил – Фаластин мунтабиқ нест ва чолиши бузурге офаридааст. Ӯ пеш аз мулоқот бо Майк Пенс ибрози умедворӣ карда буд, ки гуфтугӯи содиқона ва сареҳе бо муовини раисҷумҳури Амрико дошта бошад.
Муовини раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ба аз саргирии раванди сулҳи Ховари Миёна пойбанд аст. Бо ин ҳама ӯ аз тасмими Трамп дар муаррифии Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Исроил дифоъ мекунад. Тасмиме, ки мавҷе аз эътироз ва хашм дар кишварҳои арабӣ ва минтақа барангехт.
Пештар рӯзномаи Амрикоии “Ню-Йорк таймз” ҷузъиёти дидори шоҳи Урдун ва валиаҳди Арабистонро фош карда буд, ки дар масъалаи Фаластин бо ҳам ҷанҷол кардаанд.
Ин рӯзнома навиштааст, ки Муҳаммад ибни Салмон дар ин дидор аз шоҳи Урдун хоста буд, ки дар нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар бораи Қудс дар Истанбул ширкат накунад, ки шоҳи Урдун ин дархостро ба таври комил рад кард.
Ба навиштаи “Ню-Йорк таймз”, Муҳаммад ибни Салмон ҳамчунин дар ин дидор ба шоҳи Урдун гуфт, ки Арабистон бояд сарпарастии авқофи исломӣ дар шаҳри Қудсро бар ӯҳда дошта бошад на Урдун, зеро Арабистон аввалин кишвари исломӣ аст, ки рисолати Ислом аз шаҳри Мадинаи Мунаввара ва Маккаи мукаррама воқеъ дар ин кишвар оғоз шуд.
Абдуллоҳи дувум дар посух ба Муҳаммад ибни Салмон гуфта, ки мо Ҳошимӣ ва аз хонадони расули Худо ҳастем ва аз силсилаи подшоҳе ҳастем, ки муқаддасоти исломӣ дар шаҳри Қудсро дар тӯли 900 сол сарпарастӣ кардаем. Ҳатто дар даврони ҳукумати Усмонӣ сарпарастии авқофи исломии Қудс бар ӯҳдаи мо буд. Арабистон Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввараро дорад, онҳо таваҷҷуҳ намояд ва аз онҳо муҳофизат кунад.
Ба навиштаи Ню-Йорк таймз, таниш дар суханони шоҳи Урдун ва валиаҳди Саудӣ вақте боло рафт, ки ибни Салмон аз Абдуллоҳи дувум хост то пешниҳодаш дар хусуси пардохти се миллиард доллар ба Урдун дар муқобили ширкати артиши Урдун дар ҷанги Яманро қабул кунад.
Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад ибни Салмон ибороте ба кор бурд, ки боиси хашм ва нороҳатии шоҳи Урдун шуд. Ибни Салмон ба шоҳи Урдун гуфт, ки артиши Урдун бояд шуҷоъ бошад ва дар канори артишҳои Арабистон ва Иморот дар ҷанг алайҳи Яман ширкат кунад.
Шоҳи Урдун низ бо тундӣ ба ибни Салмон гуфт: “вақте ҷанги соли 1967 рӯй дод ва артиши Урдун хиёбон ба хиёбон ва маҳалла ба маҳалла дар шаҳри Қудс меҷангид, шумо куҷо будед? Артиши Исроил дар тӯли панҷ рӯз ба кишварҳои арабӣ юриш бурд аммо се ҳафта натавонист шаҳри Қудсро бигирад зеро артиши Урдун бо шуҷоати мисолзаданӣ муқовимат кард ва талафоти зиёде ба артиши Исроил ворид кард. Дар бораи шуҷоати артиши Урдун ҷои сӯҳбат нест, зеро таърихи бузурге дар шуҷоат ва набард дорад. Мо ниёз надорем касе ба мо дарси шуҷоат бидиҳад.”
Пас аз онки Трамп якҷониба Қудсро пойтахти Исроил эълон кард, муодилоти Ховари Миёна ба андозаи зиёде ба ҳам хурдааст. Аксари мардуми минтақа аз ин тасмим хашмгин буда, онро ба расмият намешиносанд. Ҳатто дар СММ ҳам аксарияти қотеъи кишварҳо бо ин тасмим мухолифат карданд. Аммо Амрико аз ин тасмим ақибнишинӣ карданӣ нест ва мехоҳад муодиларо дар Ховари Миёна ба нафъи Исроил тағйир диҳад. Пас аз ин тасмим фаластиниҳо интифозаи севвумро эълон кардаанд ва вазъияти минтақа ба шиддат буҳронӣ шудааст.
Дар охирин вокуниш ба тасмими Трамп, шӯрои марказии Созмони Озодибахши Фаластин дар баёнияи поёнии нишасти дурӯза дар 15 январ, кумита иҷроии ин созмонро маъмури таълиқи ба расмият шинохтани Исроил то замони пазируфтани кишвари Фаластин дар марзҳои сол 1967 аз сӯи Исроил кард.
Тасмими Созмони Озодибахши Фаластин ба маънои поён додан ба тавофуқи Осло дар сол 1993 аст. Он замон Ёсир Арафот, раиси собиқи Созмони Озодибахши Фаластин ва Исҳоқ Робин, нахуствазири Исроил, тавофуқномаи сулҳеро дар музокироти Осло имзо карданд, ки аввалин паймони сулҳ байни Исроил ва Фаластиниҳо дониста мешуд. Ҳадафи ин паймон роҳи ҳали ду кишвари Исроил ва Фаластин буд.
Аммо кишвари Фаластин ҳаргиз ташкил ва ба расмият шинохта нашуд ва шаҳраксозии Исроил дар сарзамини фаластиниён бештар аз гузашта густариш ёфт. Дар вазъияти буҳронии минтақа чӣ пеш хоҳад омад, ҳанӯз равшан нест. Исроил ин бор ҳам баранда хоҳад буд ё ин амалкардаш боиси ваҳдати кишварҳои арабӣ хоҳад гашт, вақт нишон медиҳад.