Categories Хабарҳо

Салафия ва бархӯрди дугонаи ҳукумат бо он

Ду соли охир зиндону боздоштгоҳҳои кишвар аз маҳбусоне, ки гӯё аъзои гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд, пур шудааст.

Ба эътирофи масъалини вазорати адлия камтарин ҳади ҳукм барои онҳо 5 сол буда, метавонад то ба 25 соли бикашад. Ду-се сол қабл сангинтарин ҳукми ин нафарон аз 15 сол бештар набуд.   

Иттиҳом ба терроризму экстремизм дар ин ин авохир дар Тоҷикистон на танҳо ба анъана ва силоҳи мақомот алайҳи мухолифону норозиён, ҳатто силоҳи интиқоми шахсии масъулини давлатӣ табдил шудааст. Таҳдиди намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин дар ноҳияи Рӯдакӣ Шокир Холдоровро ба намозгузорон, ки агар дари масҷидро набанданд алайҳи онҳо бо иттиҳоми салафӣ ё ифротгаро парванда боз хоҳанд кард, метавон мисол зад.

Равияи “Салафия” аз соли 2009 мамнӯъ ва баъдан 8-уми декабри соли 2014 бо қарори Додгоҳи Олӣ созмони ифротӣ эълон гардид. Бо баҳонаи пайрави аз ин равия ва таблиғи ғояҳои он садҳо нафар ба маҳбас кашида шуда, садҳо ва шояд ҳазорҳо нафари дигар ҷарима ва аз тарси мақомот тарки ватан кардаанд. Ногуфта намонад, ки қариб дар ҳама парвандаҳои шахсони диндор мақомот аз ин дом истифода мекунанд, ҳатто бархе нафаронеро, ки намоз  намехонанд ва ё он қадар пойбандие ба аҳкоми исломӣ надоранд, туҳмат ба салафигарӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки аксари мардуми кишвар то ҳол дар мавриди ин ҷараён “Салафият” ва андешаву  афкори он, маълумоти кофӣ надоранд. Ва бисёриҳо салафигариро дар аъмоли зоҳирии диндорон ба мисли, тарзи либоспӯшии онҳо, тарзи намозхонӣ ва ришу амсоли он меҷӯянд. Ин боис мешавад, ки дар бисёри мавридҳо шахсоне, ки аслан бо салафигарӣ пайвандие надоранд, бо ҷурми салафӣ будан таҳти боздошт ва таъқиб қарор бигиранд.

Маъно ва мафҳуми салаф ва Салафӣ

Маънои луғавӣ:  Салаф калимаи арабӣ буда дар луғат ба маънои гузашта ва пешин меояд. Ин калима дар чанд ояте аз Қуръон бо ҳамин маъно истифода шудааст. Инчунин да ҳадиси Паёмбари Худо низ бо ин маъно истифода шудааст. Пас “салаф” ба касоне, гуфта мешавад, ки дар гузашата ва пеш аз мо будаанд. Дар муқобили он калимаи “халаф” истифода мешавад ва ба касоне гуфта мешавад, ки баъд аз мо меоянд.

Маънои истилоҳӣ; Салаф дар истилоҳи шаръ ба касонеи гуфта мешавад, ки дар се асри аввали Ислом зиндагӣ мекарданд ва ин се аср аз беҳтарин асрҳои уммати Исломӣ ба шумор  мераванд, ки  Расули Худо ба хайрияти онҳо гувоҳӣ додааст: “Беҳтарини мардум замони ман саҳоба  ҳастанд, сипас касоне, ки баъд аз онҳо меоянд (тобеъин) ва сипас касоне, ки даъди онон қарор мегиранд(Тобеъини тобеъин).  

Пас “салафӣ”, бо ҳамроҳ кардани “ӣ”-и нисбат дар охири он, ба касоне гуфта мешавад, ки пайрави роҳи саҳоба, тобеъин ва тобеъини онҳо ҳастанд. Бар асоси ин таъриф аҳли суннат ва ҷамоатро дар умум метавон пайравони салаф ва ба таъбири дигар “салафӣ” гуфт. Зеро чаҳор мазҳаби машҳури аҳли суннат, ки асосгузорони онҳо Абуҳанифа, Молик, Имом Аҳмад ва Шофеъӣ мебошанд аз пайравони барҳақи саҳоба ва тобеъин ҳастанд. Ибни Тайимия, ки “салафӣ”-ҳо худро пайрави  ӯ медонанд, чунин мегӯяд: “Ҳар як шахси мусалмон хуб медонад, ки саҳоба, тобеъин ва тобеъини онҳо аз нигоҳи ақлу фаҳм комилтарин инсонҳо ба шумор мераванд ва ин бартариро дар пайравони онҳо ба инобат мегирад. Агар ту дар ҳушёрӣ ва заковати Имом Молик, Авзоъӣ, Лайс ибни Саъд, Абуҳанифа, Абуюсуф, Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, Зуфар, Шофеъӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал…..ва дигар бузургони дин, ки пайравони саҳоба ва тобеъин будаанд, шак дошта бошӣ, пас бениҳоят ҷоҳил ҳастӣ ва ё аз рӯӣ кибр ва худхоҳӣ ин ҳақиқатро қабул надорӣ! Бибин ин бузургворон чӣ тавр аз онҳо итоат мекунанд ва нисбати ақлу фаҳмиши онҳо этиром қоил ҳастанд. То он ҷо ки касе аз ин бузургон ҷуръат намекунад бо ҳеҷ яке аз саҳоба мухолифат намояд, магар ин ки саҳобии дигаре бо он мухолифат карда бошад. Имом Шофеъӣ (р) мегӯяд: Онҳо (саҳоба ва тобеъин) аз нигоҳи ақл, илм ва фазл чанд зина аз мо болои доранд. Назари онҳо аз назари мо дар мавриди худамон беҳтару авлотар аст.(Даръу-т-таъоруз . Ибни Тайимия)

Истилоҳи “Салафия” ҳамчун манҳаҷ

Салафия истилоҳест, ки атрофи он баҳсҳои зиёде дар ҷомеъаҳои мусалмонӣ сар задааст. Пайравони ин ҷараён Салафияро мадрасаи фикрие медонанд, ки мардумро ба сӯи Қуръон ва Суннат бар асоси фаҳми салаф (саҳоба тобеъинв ва тобеъини онҳо) даъват менамояд.

Салафия мактабест, ки ақида ва манҳаҷи исломиро аз Китоб ва Суннат, мувофиқи фаҳм ва бардошти салафи солеҳ, саҳоба, тобеъин ва тобеъини онҳо гирифтааст. Аз муҳимтарин хусусияти ин мадраса ин аст, ки ҳамеша  ба нақл чанг мезананд. Азин хотир онҳо бо аҳли ҳадис ва аҳли асар маъруфанд. Ин хусусият фарқи асоси байни онҳо ва касоне аст, ки аз он(нақл) фосила гирифтаанд.  Пас бар асоси ин таърифот салафӣ бар шахсе гуфта мешавад, ки пайрави ин манҳаҷи нуронӣ аст, ки дар раъси он Расули Худо ва пушти сари он саҳоба ва тобеъин қарор доранд.

Баъзе аз пайравони ин ҷараён то ҷое пеш рафтаанд, ки танҳо худро пайрави воқеъии салаф медонанд ва ҳар ки аз онҳо пайравӣ накунад онро ба гумроҳӣ ва дур будан аз китобу суннат мутаҳҳам мекунанд. Аммо баъзеи дигар инсофро риъоя намуда пайравонашонро аз ин навъи бархурд бо мусалмононе, ки пайрави дигар мазоҳиби аҳли суннат ҳастанд, барҳазар медоранд.  Ибни Усаймин мегӯяд: “Салафия пайравони воқеъии Расули Худо(с) ва асҳоби ӯ ҳастанд.  Зеро онҳо салафи мо ҳастанд ва пеш аз мо гузаштаанд. Пас пайравони онҳо “Салафӣ” ҳастанд. Аммо қарор додани Салафия ҳамчун манҳаҷи хоссе, ки танҳо худро салафӣ донистан ва дигар мусалмононеро, ки бо ӯ мухолифат доранд, бо вуҷуди ҳақ буданашон, гумроҳ донистан бидуни шак мухолифи салафӣ будан аст.”

Салафиҳо бо вуҷуди пайравӣ карданашон аз шахсиятҳои диние ба мисли Ибни Тайимия (р) Муҳаммад ибни Абдулваҳоб, Шайх Албонӣ ва амсоли онҳо, худро ғайри муқаллид дониста, вақте аз онҳо пурсида шавад, ки муассиси равияи “Салафия” ки ҳаст ва дар кадом замоне таъсиси ёфтааст, дар ҷавоб хоҳанд гуфт, муассиси манҳаҷи “Салафия” ,Паёмбари Худо (с) аст ва замонашро ҳам аз замони Расули Худо ва саҳоба медонанд.

Анвоъ ва ақсоми Салафия

Дар дунё ҳудуди 50 миллион пайравони ҷараёни салафия вуҷуд доранд. Кишварҳое, ки ин ҷараён бештар пайрав дорад, Арабистони Саъудӣ, Кувайт, Урдун ва асосан кишварҳои арабии Халиҷи Форс ҳастанд.

Ин ҷараён бо вуҷуди он ки даъво дорад пайравони воқеъии салафи солеҳ ҳастанд ва чанг задан ба Китобу Суннат шиъори ҳамешагии онҳост ва иддаъо доранд, ки бояд тамоми мусалмонон пайравӣ аз ин манҳаҷ намоянд, вале бо ин вуҷуд дида мешавад дар дохил бо ҳам ихтилофоти шадиде доранд ва ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо шудаанд, ки муҳимтарин онҳо иборатанд аз: Салафияи Илмия, Салафияи Ҷиҳодия ва Салафияи Мадхалия ва ё Ҷомия.

Салафияи илмия, ҷараёнест, ки дар даъваташ таълими Қуръон ва Суннат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Донишмандон ва даъватгарони ин ҷараён бештар тамаркузашон рӯи тарбияи насли ҷавони мутадайин аст, ки зери барномае бо номи “Тасфия ва тарбия”, амалӣ мегардад. Ин барномаро бар асоси ин гуфтаи Шайх Албонӣ рӯи кор овардаанд: “Поксозии Ислом аз чизҳое, ки аз берун вориди Ислом шудаанд, мисли ширкиёт, сеҳру ҷоду, хурофот, бидъатҳо ва тафсирҳои нодурусти Қуръонӣ, ҳадисҳои мавзӯъӣ ва дурӯғ. Ва дар муқобил бар лузуми истиқомат, бархӯрдорӣ  аз ахлоқҳои шаръӣ ба мисли садоқат, амонатдорӣ, вафои ба аҳд, эҳсон, силаи раҳм, муомилаи некӯ ва дигар одобҳои шаръӣ, таъкид мекунанд.”  Ин манҳаҷ дар қиёс ба дигар ҷараёнҳои салафия, дар олами Исломӣ, ба хусус дар кишварҳои арабӣ, интишори бештар ёфтааст. Ва дар пиёда намудани ин барномааш ба муваффақиятҳои зиёде ноил гаштааст.

Салафияи Ҷиҳодия. Мафҳумҳои ҳокимият ва такфир, мафҳумҳои асосие ҳастанд, ки ин ҷараён рӯи онҳо тамаркуз дорад. Мақсад аз ҳокимият назди онҳо ҳамон ҳокимиятест,ки Хавориҷ дар замони ҳазрати Али (р) иддаъо намуда, аз оятҳое, ки дар онҳо ҳукм махсуси Худо гуфта шудааст, истидлол мекарданд. Ин ҷараён бебокона даст ба такфири мусалмонон мезанад ва резонидани хуни мусалмонони зиёдеро, ки аз назари онҳо аз дин хориҷ шудаанд, ҳалол мешуморад.

Салафияи мадхалия.  Шиъори ин ҷараён бар хилофи ҷараёни “Салафияи ҷиҳодия”, таслим ва итоъати комил аз ҳокимон аст. Салафиҳои ҷиҳодӣ ва ё такфирӣ ҳокимони золимро кофир дониста, бо зӯр ва истифодаи силоҳ хурӯҷ алайҳи чунин ҳокимеро зарур мешуморанд, аммо салафиҳои мадхалӣ, итоат аз чунин ҳокимро ҳатмӣ медонад ва дар муқобили зулму ситами он танҳо ба сабр кардан тавсия мекунад ва ҳар навъ эътироз дар баробари ӯро хурӯҷ алайҳи ҳокими шаръӣ ва ҳаром медонад.

Ин ҷараён бори аввал дар соли 1990 дар Саъудӣ ҳангоме буруз кард, ки шоҳони Саъудӣ хостанд барои ҳифозат аз худ дар муқобили артиши Ироқ аз Амрико кӯмак бигиранд. Дар он замон буд, ки садои шайх Ҷомӣ ва шогирдонаш баланд шуд ва касонеро ки мухолифи ин амал буданд, тӯҳмат ба нофармонӣ аз ҳокимон намуда, эътирози онҳоро хурӯҷ бар алайҳи ҳокимони шаръие, ки итоъат аз онҳо фарз аст, маънидод карданд. Барои либоси шаръи пӯшонидани ҳукми ҳокимони золим, даст ба таъвилоти чандин оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ заданд ва бо ин корашон ҷомеъа ва мардумро аз ин ки битавонанд, ҳокимиятро дар ихтиёр дошта бошанд, дур сохтанд. Ин ҷараён баъд аз инқилобҳои арабӣ, ки муҷиби сарнагунии чанде аз диктаторони кишварҳои арабӣ шуда бад, роли асосиро дар ноком намудани ин инқилобҳо бозидааст.

Аз шиъор то воқеъият

Чуноне, ки аз таърифот ва шиъорҳои ин ҷараён ба мушоҳида мерасад, онҳо худро пайравони сад дар сади салафи солеҳ, саҳоба ва тобеъин дониста, таълимоташонро баргирифта аз Қуръону суннат медонанд. Аммо ин шиъорҳо то чӣ андоза ба воқеъият созгорӣ доранд, баҳси дигар аст.

Аз ин се навъе, ки дар боло зикри онҳо рафт, ду ҷараёнаш, Салфиҳои ҷиҳодӣ ва Мадхалӣ ё Ҷомӣ, ҳарду ба ифрот роҳ додаанд ва дар мавориди зиёде аз роҳу равиши саҳоба ва тобеъин берун рафтаанд. Аммо Салафияи илмия, бо вуҷуди он ки хидматҳои шоёне дар густариши маъорифи Исломӣ, маҳви ширку хурофот ва битъатҳо кардаанд, вале боз ҳам ишколоти зиёдеро метавон дар даъвати онҳо ва тарзи бархӯрдашон бо масоили шаръӣ, иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва инчунин тарзи муомила онҳо бо уламои динӣ ва дар умум бо мусалмонон пайдо кард.

Бархӯрди дугонаи Ҳукумат бо салафиҳо

Ҳукумати Тоҷикистон аз як гурӯҳи салафиҳо ҳамеша бар зидди мухолифонаш истифода мекунад ва салафиҳо низ аз ҳукумат пуштибонӣ намуда, ҳамеша дар талоши сиёҳ кардани чеҳраи мухолифин, ба хусус ҲНИТ ҳастанд. Намунааш мақола ва мусоҳибаҳоест, ки аз ҷониби саркардаҳои ҷараёни салафия дар расонаҳо алайҳи ҲНИТ ба нашр расидаанд. Аз  ҷумла, мақолаи Муҳамммадӣ Раҳматуллоҳ, роҳбари салафиҳои Тоҷикистон бо номи “Мардуми Тоҷикистон чун як мусалмон донист”, матлаби Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин, таҳти унвони “Эшони Сироҷиддин: Асрори махфии ҲНИТ ё чаро Ислом ҳамчун дин дар Тоҷикистон ба ҲНИТ эҳтиёҷ надорадва навиштаҳову мусоҳибаҳои Абдураҳим Каримов, маъруф ба мулло Абдурраҳимро, ки яке аз салафиҳои ашадист алайҳи ҲНИТ метавон мисол зад.

Илова бар ин, тавре маълум аст дар долонҳои ҳукумат ба хусус дар муассисаҳои динӣ, нафароне, ки тамоюл ба салафигарӣ доранд, кору фаъолият мекунанд. Вуҷуди Саидмукаррам Абдуоқодирзода раиси Шурои Уламо, Абдураҳим Каримов, устоди Донишкадаи Исломӣ, фарзанди ӯ корманди Кумитаи дин, ва амсоли он аз наздикони ин шахсиятҳо далели ин гуфтаҳост.

Хулоса, бархӯрди ҳукумат бо салафиҳо яксон нест. Нафаре танҳо ба он хотир боздошт ва ба ҳабс кашида мешавад, ки бо салафиҳо ош хӯрдааст, вале саркардаҳои ин ҷараён озодона дар кишвар гашту гузор мекунанд ва ҳукумат дар ҳоли зарурат аз онҳо барои ғаразҳои сиёсии худ истифода мекунад.

Аз ҷониби дигар бо кишварҳое, ки маҳди салафия ва парваришгоҳи ин ҷараён ҳастанд, муносиботи ҳасана дошта, ҳар гоҳе барои кӯмак хостан ба дари онҳо сар мезананд.

Масалан Арабистони Саъудӣ, ки салафия мазҳаби расмӣ дар ин кишвар аст, дар Тоҷикистон ба сохтани 66 мактаб  ба 35 миллион доллар ҷалб шудааст. Сафири ин кишвар дар Тоҷикистон дар мусоҳибааш бо нашрияи Saudianews гуфта буд, ки дар ду соли оянда ин кишвар дар Тоҷикистон ду донишгоҳ ва 6 мактаби динӣ бунёд хоҳад кард.

 

Исломҷони Саид

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *