Дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзҳои наздик масъалаи кумаки молӣ ба терроризм муҳокима хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ташаббускорони ин муҳокима Фаронса ва як қатор кишварҳои дигар мебошанд.
Дар ин бора Агентии иттилоотии русии Новостӣ хабар додааст.
Тавре дар хабар омадааст, ташаббускорони ин муҳокима гуфтаанд: «Мутаассифона, маблағгузорӣ ба гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ хеле зиёд кашф мешаванд. Аз ин рӯ, Фаронса ва як қатор кишварҳои дигар, аз ҷумла Федератсияи Русия, қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани маблағгузории терроризмро муҳокима ва баррасӣ хоҳанд кард, то дар ин ҷода корҳо нишонрас ба роҳ монда шаванд”
Ҳамчунин ноиби раиси дафтари зидди террористии Созмони милали Муттаҳид гуфтааст, “матни лоиҳаи қарори мазкур «амалан ба мувофиқа расид», ҷаласа оид ба муҳокимаи ин масъала аллакай давоми ҳафта гузаронида мешавад».