Ҳазорон шаҳрванди рус аз тарси сарбозии иҷборӣ кишвари худро тарк мекунанд. Касе ҳозир нест дар ҷабҳаҳои Укроин биҷангад ва ҳатто Рамазон Қадиров, ҳокими Чеченистон ҳам дигар намехоҳад ҳеҷ сарбози ҷадиде ба Укроин бифиристад.
Рамазон Қадиров, ҳокими Чеченистон сарбозони фирории русро тарсу хонд ва мухолифони ҷангро “баҳонагир, буздил ва хоин ба меҳан” номид. Ў дар каналтелеграми худ хитоб ба русҳое, ки аз ширкат дар ҷанги Укроин имтиноъ мекунанд навишт: “медонед шумо як тарсу, хоин ва шаҳрванди дараҷаи ду беш нестед.”
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар як суханронии телевизионӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе, 21 сентябр пахш шуд эълом кард, ки фармони басиҷи нисбии афроди захираи нерӯҳои мусаллаҳро имзо кардааст. Бо фармони Путин басиҷи 300 ҳазор нерӯи захираи артиши Русия ба манзури эъзом ба ҷабҳаҳои ҷанги Укроин калид хӯрд. Ҳамзамон бо басиҷи умумии мухолифатҳо бо фармони Путин дар даҳҳо шаҳри Русия оғоз шуд.
Бисёре аз русҳо пас аз фармони Путин фирор аз кишварро оғоз карданд. Қодиров дар вокуниш ба ин фармони Путин гуфт чеченҳо дар ин басиҷ ва сарбозгирӣ ширкат нахоҳанд кард чунки онҳо пеш аз ин чандин воҳид довталаби худро ба ҷабҳа эъзом кардаанд.
Қодиров пас аз муваффақиятҳои артиши Укроин дар ҳафтаи аввали сентябр бо интиқоди ошкор аз раҳбари Маскав вокуниш нишон дод ва хостори тағйири стратегия шуда буд. Ў дар телеграм навишт: “агар имрӯз ё фардо тағйироте дар иҷрои амалиёти вижаи низомӣ эҷод нагирад, ман маҷбур хоҳам шуд барои тавзеҳи вазъияти майдони ҷанг ба назди раҳбари давлат биравам.”
Рамазон Қодиров, ки аз тарафи давлати Русия бо “мушти оҳанин” бар Чеченистон ҳукумат мекунад ба унвони марди бисёр хашин шинохта мешавад. Артиши хусусии ӯ ба далели ваҳшигарии шадид, иқдоми бераҳмона алайҳи шӯришиён, мухолифон ва дигарандешон дар дохил шӯҳрат ёфтааст. Бо ин ҳол, дар ҳафтаҳои нахусти ҷанг, Киев борҳо ӯро ба лоф задан муттаҳам кард, ки дар мавриди қаҳрамониҳои ягонҳои худ меболад.
Русия дар вокуниш ба аз даст додани манотиқи ишғолии худ тасмим гирифтааст бахше аз Укроинро ба хоки худ замима кунад. Ҳамчунин тасмим шуда, ки сокинони Луганск ва Донетск, ки ҷудоиталабони мавриди ҳимояти Маскав бар онҳо тасаллут доранд ва бархе шаҳрҳои ишғолшудаи Укроин аз 23 то 27 сентябр дар як “ҳамапурсӣ” барои пайвастан ба Русия ширкат кунанд.
Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ ин иқдомро ба шиддат маҳкум кардаанд. Вазорати хориҷаи Туркия низ дар баёнияе ин корро “номашруъ” хонд ва маҳкум кард.