Рубрики Хабарҳо

Д. Атовулло барои баргаштан ба Душанбе то моҳи март вақт хостааст

Сомонаи “Ахбор” бо истинод ба манобеъи худаш хабар додааст, ки Додоҷони Атовулло бо Эмомалӣ раҳмон ва чанд мақоми баландпояи дар ҳукумати Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Ба навиштаи “Ахбор” мавзуъи аслии ин мулоқотҳо баргаштани ӯ ба Тоҷикистон будааст ва ӯ то моҳи март барои баргаштанаш ба Тоҷикистон вақт хостааст.

Нуктаи дигаре, ки “Ахбор” ба он ишора кардааст ин аст, ки Атовуллоев фурсат накардааст дар ин муддати кутоҳи дурӯза ба Панҷакент ба зиёрати мазори модараш биравад.

Додоҷони Атовулло яке аз журналистони маъруфи кишвар аст, ки дар даҳаи 90 бо нашрияи “Чароғи Рӯз” шуҳрат пайдо кард. Дар он замон мақолаҳои интиқодии ӯ дар чароғи рӯз диққати мардумро ба худ ҷалб карда буд. Аз оғози нооромиҳо ба сафи мухолифон пайваст ва ҳатто замоне, ки сулҳ барқарор шуд ӯ аз мавқеаш ақиб нанишаст ва мухолифат бо ҳукуматро идома дод.

Пас аз онки дар Русия чанд бор ба ҷонаш суиқасд сурат гирифт  дар Аврупо паноҳандагӣ дарёфт кард ва муборизаашро алайҳи ҳукумат шиддат бахшид. Аммо пас аз онки Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни Наҳзати Исломӣ ба Аврупо ҳиҷрат карданд, якбора ба интиқоди шадид аз Раиси ҲНИТ шурӯъ кард. Аз он замон лаҳни Додоҷон нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон мулоимтар, вале нисбат ба М. Кабирӣ шадидтар шуд.

Ҳоло баргаштан ё барнагаштани ӯ дақиқан маълум нест, вале агар ӯ ба Тоҷикистон баргардад ӯро чигуна хоҳанд пазируфт?

Ҳукумат таҷрибаи баргардондани баъзе мухолифонро дорад. Аммо таҷрибаи аз байн бурдан ва зиндонӣ кардани бархе аз аз мухолифон ва ҳатто афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар корномаи ҳукумат мавҷуд аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *