Рубрики Хабарҳо

Даъвати мардум ба сарфакорӣ дар ҳошияи исрофҳои бузурги давлат (Навор)

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми табрикотиаш ба муносибати ҷашни Сада мардуми Тоҷикистонро бори дигар ба сарфакорӣ даъват кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикотии телевизиониаш ба мардуми кишвар дирӯз, 29-уми январ ба муроқиб будан дар киштукорӣ обёрӣ даъват кард:

“Зеро боду ҳавои фасли тирамоҳи гузашта ва зимистони имсола чандон мусоид наомад ва эҳтимоли хушксоливу мушкилоти дигари вобаста ба он зиёд аст. Ин масъаларо кишоварзони асилу соҳибтаҷриба хуб медонанд.”

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз мардуми кишвар хост сарфакор бошанд: “Вобаста ба ин, ба мардуми шарифи кишвар бори дигар зарурати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро хотиррасон менамоям.

Зарур аст, ки бо дарназардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ ва худдорӣ намудан аз сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар як оила табдил ёбад.”

Даъвати мардум ба “худдорӣ намудан аз сарфи хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ” дар ҳолест, ки худи давлатӣ Тоҷикистон ба хароҷоти беҳудаи ҳангуфте машғул аст, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодии кишвар аслан зарурате барои онҳо нест.

Ҳар гоҳ сухан аз боло бурдани моҳонаву нафақа рафт, мақомоти Тоҷикистон одат кардаанд аз набудани маблағ шикоят кунанд. Камбуди маблағ барои сохтмони Роғун ҳам аз нолишҳои ҳамешагии ҳукумат аст.

Вале барои худбузургнишондиҳӣ ҳамеша маблағ пайдо мекунанд. Барои намуна 7 сохтмони бузургеро, ки дар ҳоли иҷро шудан аст, мисол меорем:

— Сохтмони маҷмаъаи парлумонӣ ба қимати 230 миллион доллар аз ҳисоби қарзи Чин;

— Сохтмони бинои 36 ошёнаи Хадамоти алоқа ба ивази 100 миллион доллар;

— Ба 100 миллион доллари дигар бинои Театри миллии Тоҷикистон сохта мешавад;

— 100 миллион доллари дигар ба сохтмони калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ масраф мешавад, ки 70 дарсадашро Қатар пардохт мекунад;

— Маҷмаъаи варзишии “Пойтахт-90” ҳам дар Лучоб ба 100 миллион доллари дигар бунёд мешавад;

— Дар Хуҷанд бинои 13 ошёнаи Донишгоҳи давлатӣ сохта хоҳад шуд. Масрафи ин сохтмон то ҳанӯз сир боқӣ мемонад;

— Ба 10 миллион доллар ду бинои 9 ва 4 ошёнаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бунёд хоҳад гашт. Бояд зикр кард, ки ки соли 2007 дар бинои Донишгоҳ сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа бинои он навсозӣ шудааст;

— Бинои 16-ошёнаи Додгоҳи Олӣ ба ивази 9 миллион доллар бунёд мегардад.

Ин ҳама биноҳо, ки ҳеҷ зарурате ба бунёдашон нест, аз ҳисоби буҷа, яъне андози мардум сохта мешаванд. Вале барои бунёди заводу фабрикаҳои нав ва НБО Роғун ҳукумати Тоҷикистон пул надорад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *