Як соҳибкори тоҷик аз кишвари Хабаровски Русия мегӯяд, ӯро кормандони хадамоти федеролии амниятии Русия таҳдид кардаанд, ки ҷурми ҳамкорӣ бо як тундравро ба гардан гирад.
Ин соҳибкор, ки аз худ Раҷабов Сироҷиддин Бобоевич ном мебарад, мегӯяд, тули 40 сол аст, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад ва ҳамеша аз меҳнати ҳалол нон ба даст овардааст. Ба ҳама ҳамватанон барои дарёфти ҷои кор кумак кардааст ва муносибати дустона доштааст.
Саҳарии 30 октябр соати 5 ба ҷои хобашон кормандони ФСБ якҷоя бо ОМОН зада даромада, ҳамаашонро дастболо кардаанд. Дару тирезаҳоро шикаста, ҳама ашё хонаро тагу рӯ кардаанд. Кормандони ФСБ гуфтаанд, инҷо як нафар терорист зиндагӣ мекунад ва ӯро меҷӯянд.
Сироҷиддин Раҷабов мегӯяд, дар ҳақиқат як муҳоҷири узбекистонӣ бо номи Додоҷонов Шоҳмад бо онҳо кору зиндагӣ мекард, аммо аз тундрав будани ӯ ҳеҷ хабаре надоштанд. Се нафар аз кормандони ФСБ Сироҷиддин Раҷабовро маҷбур кардаанд, ки эътироф намояд, ки бо Шоҳмад Додоҷонов ҳамкорӣ мекард.
Ӯ мегӯяд кормандони ФСБ ӯро дар шоҳидии чанд нафар пурсида дар протокол сабт кардаанд. “Ҳамин, ки шоҳидон рафтанд, онҳо ба ман гуфтанд, ки ҳамкорӣ бо он нафарро ба дӯш мегирӣ ва бо ҷарима озод мешаваӣ, Вагарна мо туро зиндон мекунем. Ман гуфтам агар ӯ террорист ҳам бошад ман намедонистам ва чун ҳамшаҳрӣ ва корфармо бо ӯ муносибат кардаам. Хеле маҷбур карданд, вале ман ба дӯш нагирифтам”.
Кормандони ФСБ ба Раҷабов ду рӯз муҳлат додаанд, ки бо хоҳиши худ, ҳамкорӣ бо тундравро ба уҳда гирад ва дар ин сурат гуноҳаш сабук мешавад ва бо ҷарима озод хоҳад шуд вагарна ҷояш зиндон хоҳад буд.
Ин соҳибкор бо муроҷиат ба президенти Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ба ин қазия расидагӣ кунанд. Мегуяд, муносибати мақомоти интизомӣ бо ӯ барин як соҳибкори бонуфуз ва соҳибэътибор, ки шаҳрвандии Русияро дорад, ингуна аст, акнун бояд фаҳмида шавад, ки муҳоҷирони қаторӣ дар чи ҳоланд.
Раҷабов гуфт “инҳо маро рӯирост тӯҳмат карда истодаанд. Вақте мисли ман як тоҷирро тӯҳмат мекунанд, вой бар ҳоли бечора ғарибон. Ман пешакӣ ин муроҷиатро ба раисҷумҳури Тоҷикистон ва мақомоти Тоҷикистону Русия мекунам, то бидонанд, ки ман бегуноҳам ва маро тӯҳмат кардаанд”,
Ингуна бо туҳмат ру ба ру шуданҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба як амали маъмулӣ табдил шудааст. Қариб ҳар ҳафта ба нишонии Паём дар бораи бо туҳмат гирифтори мушкилиҳо ва пушти панҷараи зиндонҳои Русия шудани муҳоҷирони кории тоҷик номаҳо меоянд. Ҳафтаи гузашта, як маҳбус аз зиндони шаҳри Самараи Русия ба радиои Паём навишта гуфта буд, ки танҳо дар зиндоне, ки у ба сар мебарад дусад нафар тоҷикон адои ҷазо мекунанд, ки аксар бо туҳмати қочоқи маводи мухаддир ва ё ҳамкорӣ бо тундгароён пушти панҷари зиндон шудаанд.