Диндории инсонгароёна
Дар мақолаи пешин вақте дар бораи Ислом ва демократия навиштаму дар садад баромадам мувофиқати исломро бо демократия тавҷеҳ кунам, дӯстон интиқодҳоеро ворид карданд, ки ҷо дорад аз таваҷҷуҳашон ташаккур намоям. Дар ибтидо мехоҳам ба ин масъала каме равшанӣ андозам ва баъд вориди баҳси аслӣ шавам. Зеро дар ин баҳс ҳам метавонад ҳамин суитафоҳум пеш биёяд.
Ончӣ дар бораи Ислом ва демократия гуфтам ва далелҳое овардам манзур танҳо равшан кардани ин буд, ки дар воқеъ дар батни арзишҳо ва ривоятҳои исломӣ метавон далоиле барои истифода аз сохторе ба номи демократия пайдо кард. Яъне дар тули замонҳо дар ҷаҳони ислом сохторҳо ва шаклҳои мутафовите аз ҳукумат мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ҳар кадом муносиб бо замони хосс ва ҳусну қубҳи худро доштааст. Аз ҷумла интихоби халифаи аввал ва таъйини халифаи дуввум ва сипас интихоби чанд нафар барои баргузидани халифаи севвум ҳама баёнгари он аст, ки як меъёри мушаххаси ваҳёнӣ барои сохтор вуҷуд надорад. Танҳо арзишҳо ва усулҳоро шариат мушаххас кардааст ва бақияи корро ба ӯҳдаи худи инсонҳо вогузоштааст.
Дар ҳар замон бо таваҷҷӯҳ ба шароити замонӣ ва маконии он ва бо дар назар гирифтани арзишҳои динӣ умури дунявии мусалмонон бар ӯҳдаи худи онҳост. Пас идораи ҳукумат ва сохтори он ҳам аз умурест, ки ба ӯҳдаи инсон вогузор шудааст. Чуноне, ки дар тули таърих он рушд кардааст ва ба шаклҳои мухталиф даромада то ба имрӯз идома ёфтааст.
Аммо ончӣ дар ин навишта қасди матраҳ карданашро дорам, нишон додани сабк ва шевае аз динварзӣ ё диндориест, ки дар он каромат ва ҷойгоҳи инсон ва таваҷҷӯҳ ба мушкилоти инсон меҳвари аслӣ ва мавриди таваҷҷӯҳи аслии фарди диндор аст. Шояд бархеҳо ба ин нигоҳи ман ҳам бо дидаи тардид бингаранд ва барчасбҳоеро нисорам кунанд. Аммо ба назари ман ин навишта дар канори ҳам чидани бархе дастурот ва ривоёти динист, ки дар гузашта орифону бузургони динии мо бар он асос зистаанд. Ҳадафи ман танҳо барҷаста ва равшантар нишон додани ин бахши диндорӣ аст ва дар воқеъ шояд ҳарфи ҷадиде набошад, вале нигоҳе нав ба ин мабҳас бошад. Ба ибораи дигар ҳадаф барҷастасозии гузинишии бахшҳое аз матни динӣ аст.
Дар шароити ҳоким бар фазои ҷомеаи мо ва дар буҳбуҳаи бархӯрдҳо миёни ақшори мухталифи динӣ ва дунявӣ аз як тараф ва ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо кардани диндорон аз тарафи дигар, ба ин барҷастасозӣ ниёзи бештаре эҳсос мешавад. Зеро дар фазои имрӯзаи динии ҷомеаҳои мо бештар ҷанбаҳои дигаре аз дин мавриди таваҷҷӯҳ ҳастанд ва барҷастасозӣ мешаванд, ки боиси бад ҷилва додани Ислом ё бадном кардани он дар ҷаҳон мешаванд.
Барои мисол дар ҷомеаи мо имрӯз бештар ин оятҳо барҷастасозӣ мешаванд ва мавриди таваҷҷӯҳи бештар қарор доранд:
Муҳаммад паёмбари Худост ва касоне, ки ҳамроҳи ӯ ҳастанд бар кофирон сахтгир ва бо ҳамдигар меҳрубонанд (Фатҳ. 29)
Эй паёмбар бо кофирон ва мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онон сахтгир бош(Тавба.28)
Ва бо онҳо пайкор кунед! то фитна боқӣ намонад ва дин, махсуси худо гардад. (Бақара.193)
Ва хеле оятҳои дигаре, ки ҳар рӯз онҳоро мешунавем ва мехонем. Диндорони имрӯзи мо ба ин матнҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд ва матнҳои диниро бар асоси пешфарзҳои зеҳнии худашон барҷастасозӣ менамоянд. Дар ҳоле, ки ин оятҳо ва ривоятҳо махсуси замони ҷанг бо душман аст. Ин оятҳоро наметавон дар ҳолатҳои сулҳ ва ҳатто дар замони фитна байни мусалмонон истифода кард. Бо истинод бар ин оятҳо аст, ки ҷавононро мағзшуӣ мекунанду омода месозанд то хуни мусалмони дигарро бе ягон эҳсоси гуноҳ мерезанд. Ҳатто омода мешаванд, ки барои куштани як гурӯҳ мусалмони дигар худро битарконанд.
Аз тарафи дигар ифротгароҳои дунявии мо ҳам бештар ангушт болои ҳамин оятҳо мегузоранд ва барои муаррифии дин ҳамин оятҳоро мисол меоваранд. Коре, ки мардумро сардаргум кардааст ва мавқеъгириҳоро шадидтар сохтааст. Ин амал ҷавонони исломгарои эҳсосиро нороҳат намуда, онҳоро ба вокуниш вомедорад ва боз ҳам далел дасти ҳамон ифротгароҳои дунявӣ медиҳад.
Ифротиҳои дунявӣ ҳам шароити имрӯзи ҷаҳонро дида, огоҳона фазои динии ҷомеаро ончунон тангу торик кардаанд, ки як ҷавони мусалмон роҳеро ба ҷуз мубориза ва ё таркондани худаш дар муқобили ин ҳама зулму саркӯб намебинад. Ӯ намедонад, ки тамоми ин амалҳо аз суи ҳукуматдорони худкома маҳз ба хотири он аст, ки ӯро водор ба аксуламал кунанд. ҳамин аст, ки натиҷаи ҳар як амали хушунатомезу таркишҳо ба нафъи ҳамин диктаторҳо тамом мешавад.
Аммо ба бахши дигаре аз оятҳо таваҷҷӯҳе сурат намегирад. На диндорон ва на мухолифон аз ин арзишҳо ва оятҳои инсогароёна истифода намекунанд. Ё беҳтар аст бигӯем ба ин оятҳо ҳамчун як назарияи илмӣ муносибат намешавад ва онҳоро ҳамчун як мактаби фикрӣ ба ҷомеаи исломӣ пешкаш намекунанд.
Ва туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем. (Анбиё. 107)
Пас бо раҳмати илоҳӣ бо онон нармхӯ ва меҳрубон шудӣ, агар тундхӯ ва сангдил мешудӣ ҳатман аз атрофи ту пароканда мешуданд. (Оли имрон. 159)
Ва агар яке аз мушрикон аз ту паноҳ хост, паноҳаш бидеҳ то сухани Худоро бишнавад, сипас ӯро ба макони амнаш бирасон.(Тавба. 6)
Ва агар ба сулҳ гароиданд ту низ ба он руй овар.(анфол.61)
Бад-ин сабаб бар бани Исроил ҳукм намудем, ки ҳар касе нафсеро бидуни ҳаққ ва ё бе он ки фасод ва фитнае дар замин карда, бикушад мисли он бошад, ки ҳама мардумро кушта, ва ҳар кас нафсеро ҳаёт бахшад (аз марг наҷот диҳад) мисли он аст, ки ҳама мардумро ҳаёт бахшида аст. Ва ҳар оина расулони мо ба сӯи онон бо мӯъҷизоти равшан омаданд сипас бисёре аз мардум баъд аз омадани расулон боз рӯи замин бинои фасод ва саркаширо гузоштанд.(Моида.32)
Ва ба таҳқиқ фарзандони одамро гиромӣ доштем ва онҳоро бар маркабҳои дарёӣ ва заминӣ савор кардем ва аз ҳар ғизое покиза ба онҳо рузӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз махлуқоти худ бартарӣ додем ва чӣ бартарӣ додане.(Исро.70)
Дар умум ончӣ дар ин навишта қасд дорам барҷастасозӣ кунам ва амалан дар андешаву гуфтору рафтор онро таблиғ намоям ҳамин бахш аз омӯзаҳо ва мутуни динӣ аст.
Қасди ман радди оятҳои пеш аз ин зикр шуда нест. Ё дар муқобили ҳам гузоштани ин ду гурӯҳ оятҳо манзур нест. Балки ҳадаф ҷалби таваҷҷӯҳи бештар ба ин бахши омӯзаҳо ва мутуни динист, ки ҷомеаи мо шадидан ба он ниёз дорад. Навъе аз диндорӣ, ки инсон дар он саодати ҳамаи инсонҳо ва кам кардани ранҷи ҳамнавъашро асоси ибодат ва динварзӣ қарор медиҳад.
Дар ин навъи диндорӣ, ин бовар дар рагу пайванди фарди диндор менишинад, ки ҳамаи ибодатҳои динӣ, маносик ва шаъоири фардӣ ва ҷамъӣ, пеш аз ҳама ба хотири беҳбуд ва боло бурдани вазъияти равонӣ ва ахлоқии фарди диндор аст. Нигариши фарди диндор ба одобу русум ва ибодоти динӣ ба унвони як давраи дармонӣ аст. Ӯ ба намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва дигар ибодатҳои динӣ ба чашми ғизо ё доруе барои поксозӣ ва саломатии рӯҳу равони худ менигарад.
Нигариши ӯ ба ибодоти динӣ ба ҳеҷ ваҷҳ талабкорона нест. Подоши амали ӯ ба таври комил, ҳамон асаре аст, ки ибодатҳо бар вазъияти равонӣ ва ахлоқиву рӯҳии ӯ ниҳодаанд. Гарчӣ подошҳои ухравӣ ҳам барои ӯ маҳфузанд. Аммо самараи нақд ва ибтидоии амалро дар ҳамин дунё ва дар даруни хеш ба даст овардааст. Чунин диндоре ибодатҳоро василаи касби даромад ва сомон бахшидан ба зиндагии худ қарор намедиҳад.
Дар нигариши инсонӣ ба дин, диндори инсонгаро муҳиммтарин ҳадафи хешро костан аз ранҷи дигарон таъриф мекунад. Аслитарин ва меҳвари таваҷҷуҳи ӯ некӣ ба дигарон аст. Дар ин нигариш, фарди диндор ба хубӣ медонад, ки худованд зоте аст, ки ҳеҷ ранҷу аламе ба ӯ намерасад. Он, ки аз паёмадҳои аъмоли мо, нафъ ё зараре мебинад, ҳамин одамиёнанд.
Сарлавҳа ё шиори диндори инсонгаро ҳам ба назари ман ин ҳадиси қудсӣ мебошад, ки воқеан инсонро ба тафаккури амиқ вомедорад.
Худованди меҳрубон дар рӯзи қиёмат мегӯяд: «Эй фарзанди одам, бемор шудам ва ба аёдатам наомадӣ! Одамӣ мегӯяд: Парвардгори ман! Чӣ гуна ба аёдати ту меомадам, ҳол он ки ту Худовандгори ҷаҳониён ҳастӣ? Мегӯяд: Оё намедонистӣ, ки фалон бандаам бемор шуд ва ба аёдаташ нарафтӣ, оё намедонистӣ, ки агар ба аёдати ӯ мерафтӣ маро назди вай меёфтӣ?
Эй фарзанди Одам, аз ту таъом талабидам ва маро надодӣ! Одамӣ мегӯяд: Парвардгори ман, чӣ гуна туро таъом диҳам, ҳол он ки ту парвардгори ҷаҳониён ҳастӣ? Мегӯяд: Оё ба ёд надорӣ, ки фалон бандаам аз ту таъом талабид ва ту ӯро таом надодӣ. Оё намедонисти, ки агар ӯро таъом медодӣ онро назди ман меёфтӣ? Эй фарзанди Одам, аз ту талаби об кардам ва ту ташнагиамро нашикастӣ. Одамӣ посух медиҳад, ки парвардгори ман, чигуна туро об диҳам ҳол он ки ту парвардгори ҷаҳониён ҳастӣ? Мегӯяд, фалон бандаам аз ту об талабид ва ту дареғ кардӣ, аммо агар ту ӯро сероб мекардӣ, онро назди ман меёфтӣ.»
Беморӣ , гуруснагӣ ва ташнагии Худованд дар ҳақиқат, бемориву гуруснагиву ташнагии одамиён аст. Касе, ки ба ранҷи дигаре беэътиност, гӯё ба ранҷи Худованд беэътиноӣ кардааст. Худованд ниёзе ба мо надорад, зеро на бемор мешавад ва на гурусна ва ташна, аммо одам назди ӯ ба қадре мӯҳтарам аст, ки ранҷи ӯро ранҷи худаш донистааст. Касе, ки даъво ва ҳадафаш хушҳол кардани Худованд аст бояд ба ин нуктаи бисёр муҳим таваҷҷӯҳ кунад. Ризояти Худованд аз хушҳол кардан ва эҳтирому азиз донистани одамиён ба даст меояд.
Дар ин замина дар осори бузургони гузаштаи мо назму насри фаровоне вуҷуд дорад, ки бо камоли таассуф ба онҳо камтаваҷҷӯҳӣ сурат гирифтааст. Барои мисол шеъри маъруфи Саъдии Шерозӣ дақиқан тафсири ҳамин ҳадис аст, ки мефармояд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офараниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Ончӣ мо дар боло овардем дар осори Саъдӣ шояд хеле равшантару возеҳтар ба он пардохта шудааст. Барои мисол ҳамон достони ҳазрати Иброҳимро Саъдӣ хеле зебо овардааст, ки ҷо дорад як бори дигар матраҳ кунем.
Саъдӣ дар боби дувуми “Бӯстон” ҳикояте аз Иброҳими Халил(а) нақл мекунад, ки бар суфра наменишаст, магар он ки меҳмоне дошта бошад. Аммо иттифоқан ҳафтае мегузарад ва меҳмоне барояш намерасад. Андӯҳгин аз хона ба ҷустуҷӯи меҳмон берун меравад ва марде мебинад: «сару рӯяш аз барфи пирӣ сафед». Бо хушҳолӣ мегӯяд:
Ки эй чашмҳои маро мардумак
Яке мардумӣ кун ба нону намак
Пирамардро ба хона мебарад ва бо эҳтиром бар сари суфра менишонад ва албатта ҳама пеш аз даст бурдан ба ғизо “Бисмиллоҳ” мегӯянд, магар пирамард. Иброҳим бо тааҷҷуб аз вай мепурсад:
На шарт аст вақте, ки рӯзӣ хӯрӣ
Ки номи худованди рӯзӣ барӣ?
Пирамард ҳам мегӯяд ман аз пири озарпарасти худ чунин чизе нашунидаам. Иброҳим(а) дармеёбад, ки ӯ аз габрон аст ва ӯро аз суфраи худ меронад, он гоҳ сурӯше аз осмон фуруд меояд, бо паёми сарзанишомез, ки эй Халил мо сад сол аст аз ӯ ҷону рӯзӣ дареғ накардаем ва ту натавонистӣ чанд лаҳза ӯро таҳаммул кунӣ ва нафрат наварзӣ?
Гар ӯ мебарад пеши оташ суҷуд
Ту по пас чаро мебрӣ дасти ҷӯд?
Ин ҳам дар воқеъ нигоҳи инсонгароёнаи Саъдӣ ба дин аст. Ин достонро дар асри 18 Бенёмин Франклин вақте аввалин бор хонд бо хушҳолӣ гуфт, ки ин фасли гумшудаи китоби “Аҳди атиқ” аст, ки пайдо шудааст. Зеро ӯро шадидан таҳти таъсир қарор дода буд. Аммо ҳаммилатону ҳамзабонони Саъдӣ натавонистанд аз чунин афкору андеша як назарияи илмии муосир ба вуҷуд оваранд.
Орифи бузурги асри 14 ҳиҷрӣ Абулҳасани Харақонӣ ҳам достоне дорад, ки дақиқан аз нигоҳи инсонгароёнаи ӯ ба дин гувоҳӣ медиҳад. Ӯ дар яке аз ҳикоятҳояш чунин овардааст, ки: «Ду бародар буданд ва модаре доштанд. Ҳар шаб яке ба хидмати модар машғул шудӣ ва яке ба хидмати Худованд. Он шахс, ки ба ибодат машғул буд ва бо хидмати худояш хуш буд, бародарро гуфт: Имшаб низ хидмати Худованд ба ман ийсор кун. Чунон кард ва он шаб ба хидмати Худой сар ба суҷуд ниҳода дар хоб шуд. Ба хоб дид, ки овозе омадӣ, ки бародар ва туро биёмурзидем ва туро бад-ӯ бахшидем. Ӯ гуфт: ман ба хидмати Худои мутаол машғулам ва ӯ ба хидмати волида ва маро дар кори ӯ мекунед? Гуфтанд: барои он ки он чи ту мекунӣ мо аз он бениёзем ва локин модарат аз он бениёз нест, ки бародари ту мекунад».
Чунин тафсире аз дин дар қарнҳои гузашта вуҷуд доштааст. Чунин нигаришҳо ба Ислом дар осори бузургони гузаштаи мо фаровон ёфт мешавад. Аммо имрӯз касе ба ин ҷанба диққат намекунад. Касе ин дидгоҳро ба унвони як мактаб ба ҷомеа пешкаш намекунад.
Дар яке аз оятҳои Қуръон ва дар зимни мисоли пурмаъно, ишораи дақиқе ёфт мешавад, ки камтар ба он таваҷҷӯҳ шудааст:
«Худованд ҳаққу ботилро чунин мисол мезанад ва аммо каф бар бод меравад, ва он чӣ ба мардумон суд мерасонад, бар рӯй замин боқӣ мемонад, Худованд бад-ингуна мисол мезанад.» [раъд/17]
Дар ин оят, оини ҳаққ бо таъбири «мо янфаъун нос”, яъне “он чӣ ба мардум суд мерасонад” унвон шудааст. Чуноне, ки дар идомаи оят мехонем рамзи мондагорӣ ва ҷовидонагии амал ҳамин манфиатовар буданаш ба инсон аст. Ба назар, мерасад ба такя ба ин оят битавон гуфт, ки танҳо бардошт ва тафсире аз дин қобилияти мондагорӣ дар ҳамаи асрҳоро дорад, ки беш аз ҳама ба манофеъи инсон биандешад ва ранҷҳои ӯро дармон кунад.
Намоз муҳиммтарин асл ва ибодати динӣ аст. Паёмбари Раҳмат(с) имомати ҷамъеро бар ӯҳда дорад ва ҳамаи муъминон дар сафи муназзам пушти паёмбар(с) бо Худованд муноҷот мекунанд. Иштиёқи ҳузур дар ҷони Паёмбар(с) фаварон мекунад ва мехоҳад намозро тӯлонӣ кунад, аммо танҳо гиряи як кӯдак, монеъ аз ин амр мешавад. Он ҳам натанҳо ба хотири озурда шудани кӯдак, балки ба хотири ғаме, ки дар дили модараш, ки дар ҷамоат истода, мумкин аст падидор шавад. Паёмбар ислом(с) мегӯяд:
«Гоҳе, ки ба намоз меистам, дӯст дорам онро тӯлонӣ бихонам. Дар он асно, садои гиряи кӯдаке ба гӯшам мерасад. Онгоҳ, намозро мухтасар мехонам то боиси озори модараш нашавам». (Бухорӣ 707)
Дар ҳадиси дигаре Паёмбари акрам(с) мефармояд:
Савганд ба он ки ҷонам дар дасти ӯст, Худованд раҳмати худро ҷуз бар шахси меҳрварз намегустарад. Гуфтанд эй Расули Худо, ҳамаи мо меҳр меварзем. Гуфт: мақсадам меҳрварзӣ ба дӯстону наздикони худ нест, балки меҳрварзӣ ба умуми инсонҳост. (Байҳақӣ, шуъабул имон :11060).
Дар ҷои дигар Паёмбари раҳмат(с) мефармояд:
Савганд ба он ки ҷонам дар дасти ӯст, то нисбат ба якдигар меҳр наварзед, аҳли биҳишт намегардед. Гуфтанд: эй Паёмбари Худо! ҳамаи мо меҳрубонем. Гуфт: манзурам, меҳрубони бо бастагону дӯстони худ нест, балки меҳрварзии фарогир ва умумӣ аст. (ба ривояти Нисоӣ ва Ҳоким)
Ҳамчунин мефармояд:
Раҳм кунед (меҳр биварзед) то бар шумо раҳм кунанд ва дигаронро бибахшеду гузашт кунед то Худованд шуморо бибахшад ва гузашт кунад. (ривояти Ахмад)
Аҳодиси зиёдеро метавон аз Паёмбари раҳмат овард, ки ҳама дар бораи муҳаббату меҳрварзӣ нисбат ба инсон ҳастанд. Ҳадафи ҳамаи онҳо ин аст, ки мусалмон бояд нисбат ба ҳамаи инсонҳо меҳрубон ва раҳмдил бошад. Зеро Худованд худаш ҳам охирин паёмбарашро раҳмате барои оламиён тавсиф кардааст.
Дар осори классикҳои мо низ метавон ин маворидро фаровон пайдо кард. Агар ба маснавии Мавлоно ҳам муроҷиат кунем, метавонем аз ҳар дафтари он як назария ва мактаби фикрии муосир пайдо кунем. Ҳофиз ҳам дар ин росто ашъори зиёде дорад, ки метавонанд марҳаме бар захмҳои миллат бошанд.
Хулоса
Бунёдгароёни динӣ талош мекунанд, ки фаҳм ва сабки диндории худро аз таъсири фарҳанги замона ҳифз кунанд. Ҳатто дар бархе маворид диндории худро дар душманӣ ва мубориза бо фарҳанги ғарб таъриф мекунанд. Аммо ман ба ин таъсири фарҳангӣ эътироф мекунам ва онро ғарбзадагӣ намедонам. Ба ақидаи ман фарҳангҳои инсонӣ ва дарёфтҳои башарӣ метавонанд дар фаҳмиши динии мо таъсиргузор бошанд. Зеро шиори ман ин фармудаи Паёмбар аст, ки “Ҳикмат гумкардаи муъмин аст, ҳарҷо онро ёфт мегирад.”
Диндори инсонгаро ҳам диндории худашро дар мубориза ва ҷанг бо фарҳанги муосир не, балки дар таомул бо он таъриф мекунад. Ҳар он чӣ аз макотиби ҷадид ва муосири олам бо арзишҳояш мухолиф набошад мепазирад ва бо онҳо ҳамчун ҳикмати гумшудаи муъмин бархӯрд мекунад.
Бобоҷони Қаюмзод