Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии парлумон бори дигар фаолияти ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»-ро танқид кард.
Ба гуфтаи ӯ, “ҳама гуна сайёҳи хориҷӣ, ки як маротиба, бори аввал аз хидматрасонии «Тоҷик Эйр» истифода мекунад, ба гумон аст, барои бори дуюм ёде аз ин ширкат кунад”.
«Сифати хидматрасонии ширкат ба мусофирон ниҳоят паст аст. Ташкили ғизои бемазаву пастсифат барои мусофирон, таъхирҳои ба такрори парвоз, мушкилот бо сӯзишворӣ, фаромадани берун аз хати сайри ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» ба фурӯдгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя барои сузишворӣ сайёҳон ва мусофиронро аз истифодаи хидматрасонии ин ширкат мегурезонад”,- гуфт Зуҳуров.
Ӯ таъкид намуд, ки мушкилоти маҳз барои сӯзишворӣ фаромадани ҳавопаймоҳои тоҷик ба фурудгоҳҳои кишварҳои дигар қариб ду сол аст, ки ҳал нашудааст.
«Аз ин рӯ, мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав, ба ҷои чаҳор соати маъмулӣ, ҳашт соат парвоз мекунанд. Онҳо бисёр вақт ба парвозҳои дигари нақшавии худ дер мекунанд. Танҳо дар соли гузашта, таъхири парвозҳои ширкати «Тоҷик Эйр» дар муқоиса бо соли 2016, 29% афзудааст. Набудани рақобат дар фурӯши сузиишворӣ ва монополияи пурраи он, монеаи ҳалли масъалаи вуруди бевоситаи сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо шудааст. Чаро чунин мушкилиҳо дар кишварҳои ҳамсояи мо нестанд?”, арз намуд раиси парлумон.
Дар идомаи суханаш Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин хидматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро танқид кард
«Чаро шаҳрвандони моро дар хатсайри қатораи Душанбе — Маскав, дар сарҳадҳои кишварҳо сарҳадбонони онҳо таҳқиру дашном мекунанду ягон нафар масъул ва ё роҳбалади қатора аз онҳо дифоъ намекунад?», — изҳор намуд Зуҳуров
Зуҳуров пешниҳод кард, ки дар ояндаи наздик бояд ду нафар вакили парлумон бо ҳамроҳии муҳоҷирон бо қатора ба Маскав сафар намуда, шароити сафари муҳоҷирони тоҷикро омӯзанд.
Раиси парлумон таъкид намуд, вакилоне, ки бо ҳамроҳии муҳоҷирон сафарбар мешаванд, набояд бо худнишондиҳӣ дабданок бираванд, балки бо либосҳои оддӣ мисли муҳоҷирон сафар кунанд.