Рубрики Хабарҳо

Тахфифи то 50%-и Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар самти боркашонӣ тавассути роҳи оҳан

Бино ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар асоси барқияномаи ҶС «Ӯзбекистон темир йуллари»- и Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 январи соли 2018 таҳти №928 барои борҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон интиқолшаванда сабукиҳо муқаррар кардааст.
Тавассути қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқли ва баръакс барои ҳамаи намуди борҳо тахфиф то 40 дарсад муқаррар шуда, тариқи масири қитъаи роҳи оҳани Қарақалпоқистон-Қудуқли ва баракс барои маҳсулоти нафтӣ 30 дарсад ва барои дигар борҳо то 50 дарсад тахфиф муқаррар кардааст.
Дар баробари ин тавассути қитъаи роҳи оҳани Хоҷадавлат-Қудукли ва баръакс барои ҳамлу нақли колоҳои Тоҷикистон 40 дарсад тахфиф муқарар шудааст.
Даврон Деҳқонов, муовини раиси ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» дар нишасти расонаӣ гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом афзудани ҳамлу нақли бор бо ҳамкории ширкати «Роҳҳои оҳани Ӯзбекистон» аст.
Вай гуфтааст, ки ин авохир раванди афзоиши боркашонӣ ба кишварҳои ҳамсоя мушоҳида мешавад ва ин ширкати таробарии ӯзбекӣ бо пайгирӣ ва баррасии ин раванд тасмим гирифтааст, тахфифе барои боркашонҳои тоҷикӣ бидиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *