Дар вилояти Идлиби Сурия корвони автомобилии низомиёни Туркия мавриди ҳамла қарор гирифт. Бар асари ҳодиса як низомии Туркия ба ҳалокат расида, ду тани дигар захм бардоштанд.
Дар ин бора Оҷонсии Иттилоотии Русия “Новости” аз қавли масъули ситоди генералии Туркия хабар додааст.
Тибқи манбаъ дирӯз, 30 январ дар назди автомобилҳое, ки низомиёни Туркия оромии вилояти Идлибро назорат мекарданд, терористи маргталаб воситаи нақлиёти бо маводи тарканда муҷаҳҳазро инфиҷор додааст.
Ёдовар мешавем, ки Туркия низомиёни худро 8-уми октябри соли гузашта ба минтақаҳои наздимарзӣ бо Сурия бо мақсади бунёд кардани нуқтаи назоратӣ таҳвил дода буд.
Аз рӯйи баъзе фарзияҳо минъбад дидбонгоҳ таҳти назорати намояндагони эътилофи истиқрори сулҳ дар Сурия истифода бурда хоҳад шуд.