Раҳбари 40 роҳзан Абӯ Ҳасанро аз филми ҳиндии “Алибобо ва 40 роҳзан” ба хотир доред? Яке аз вижагиҳои он роҳзан он буд, ки танҳо бо ғорат кардан иктифо намекард. Балки пас аз худ фақат хокистар ба ҷой мегузошт.
Таърихи навини Тоҷикистон шоҳиди тохтутози Абӯ Ҳасани тоҷик ва замонавӣ аст, ки усули ғораташ аз он ҳамкори қадимӣ ва ҳиндустониаш фарқи чандоне надорад. Ягона фарқ дар он аст, ки агар давлату ҳокимони он замон алайҳи Абӯ Ҳасани ҳиндӣ меҷангиданд, Абӯ Ҳасани тоҷикиро ҳокимон на танҳо комилан дастгирӣ мекунанд, балки аз ӯ ҳимоят кардаву ғори Сим-симашро чун сейфи худашон истифода мекунанд. Ҳимояти давлат аз Абӯ Ҳасани тоҷик ба ҳаде аст, ки ӯ яке аз тасмимгирандагон дар умури давлатист. Ва расонаҳои давлат аз ӯ чун “тоҷири муваффақ” ёд мекунанд.
Аз бузургтарин ғоратҳои Абӯ Ҳасани тоҷик бузургтарин корхона ва ифтихори миллӣ — ширкати ТАлКо, корхонаи алюминбарории тоҷик аст. Ӯ солҳо барои ғорати ин хазинаи бузурги миллат нақша кашид ва билохира дар соли 2005 тавонист онро пурра соҳиб шавад. Аз он замон ин корхонаи бузурги саноатӣ рӯ ба нобудист.
ТАлКо то ва баъди Ҳасан
Ин ширкати бузурги миллӣ на танҳо яке аз воридкунандагони аслии асъори хориҷа ба кишвар буду аз 12 то 15 ҳазор нафарро ба кор таъмин мекард, балки парчамдори иқтисоди миллӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳатто замони ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо фаъолияташро қатъ накард, балки ҳазорон нафари бекор мондаро ба кор таъмин менамуд. Баъди анҷоми ҷанг бо шиддат рушд кард ва истеҳсолашро аз 180 000 тоннаи соли 1997 ба 420 ҳазор тон дар соли 2007 расонд.
Барои ғасби ин корхонаи бузург бояд далелу асноди бузург пайдо ва заминаро барои ғасби он омода мекарданд. Ин буд, ки соли 2005 алайҳи собиқ раҳбари ин корхона ва он замон муовини вазири иқтисоду савдо Абдуқодир Эрматов парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Эрматов бо чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ — 245, қисми 4 (тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон), 247, қисми 4 (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон), 340, қисми 2, банди Б (сохтакорӣ бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи шахсон) ва 314 (сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ) парванда боз гардид. Эрматов ба азхудкунии 160 миллион доллар айбдор мешуд.
Баъдан мақомоти Тоҷикистон аз болои шарики тиҷории Корхонаи алюминибароии тоҷик ва Абдуқодир Эрматов — ширкати “Ансол”-и Аваз Назаров ба Додгоҳи Олии Лондон шикоят бурданд. Ин ширкатро мақомоти Тоҷикистон ба азхудкунии ним миллиард доллар давоми солҳои 1996-2004 айбдор мекарданд. Дар ҷавоб Аваз Назаров зимни шикояти ҷавобиаш ба ҳамин додгоҳ Корхонаи алюминбарориро 130 миллион доллар қарздор хонд ва талаби баргардонидани онро кард. Баъдан ҷониби Тоҷикистон аз даъвои худ даст кашид ва Додситони кулли ҳамонвақта Бобоҷон Бобохонов эълон кард парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Абдуқодир Эрматов ва Аваз назаров қатъ карда шудааст. Бобохонов гуфт, ин ду нафар дар дилхлҳ вақт метавонанд ба Тоҷикистон баргарданд.
Аҷобати он ҷанҷол на танҳо аз даъвояш даст кашидани Ҳукумати Тоҷикистон буд. Ҷониби Тоҷикистон дар он даъво 90 миллион фунт стерлинг барои вакилони масраф кард, ки ҳатто олами Ғарбро дар ҳайрат овард.
Баъди расидан ба дасти Абӯ Ҳасани тоҷик, яъне Ҳасан Саъдуллоев, додарарӯси раисҷумҳур дар соли 2005, бузургтарин корхонаи кишвар ду соли аввал бо ҳамон инертсияи қаблӣ истеҳсолоташро афзоиш дод, вале сар аз соли 2008 бо шиддат рӯ ба муфлисшавӣ овардааст. Агар соли 2007 ин корхона ба маблағи беш ба 1 миллиарду 100 миллион доллар алюминий истеҳсол карда бошад (420 000 тон бо нархи миёнаи 2644 доллар), ки ин маблағ ҳудуди 30 дарсади ММД-и ҷумҳуриро ташкил медод, дар соли 2017 истеҳсоли алюминий дар ТАлКо ҳудуди 200 миллион доллар будааст (103 000 тон бо нархи миёнаи 1980 доллар), ки камтар аз 3 дарсади ММД аст! Дар даҳ сол даромади корхона 5,5 баробар ва саҳмаш дар ММД беш аз 10 баробар коҳиш ёфтааст!
Албатта нархи ин метал дар бозори ҷаҳонӣ низ инҷо нақш дорад, вале масъалаи асосӣ дар ҳаҷми истеҳсол аст, ки нисбат ба соли 2007 беш аз 4 маротиба камтар шудааст!
Поёнравии мунтазами истеҳсоли алюминий дар ТАлКо-ро метавонед дар ҷадвали зерин мушоҳида намоед:
Infogram
7 сол аз ин даҳсолаи тасаллути Ҳасан бар ТАлКо барои мардуми кишвар сахттарин солҳо бар масъалаи таъмини нерӯи барқ буд. Соли 2008 мардум маҷбур шуд як моҳи дароз дар сардии -20 дараҷа бидуни барқ зиндагӣ кунад. Дар ҳамин ҳол ширкати алюминӣ барқро бидуни ҳеҷ камбуд ва арзонтар на танҳо аз корхонаҳои дигар, ҳатто аз аҳолӣ дастрас мекард. Ин ширкати миллӣ, вале дар асл моли хусусии Ҳасан Асадуллозода дар ҳоле, ки мардум аз хунукӣ ҷон медод, барқро бебаркаш мегирифт ва… рӯ ба касодшавӣ дошт. Имрӯз ҳам ин ширкат мисли ҳамеша бо камтарин нарх барқро дарёфт мекунад. Дар ҳоле, ки аҳолӣ барои ҳар киловат барқ 16,85 дирам мепардозад, ҳамин миқдор барқ ба ТАлКо ба қимати 7,2 дирам, яъне беш аз ду баробар камтар дода мешавад.
Дар 7 сол вазъи парчамдори иқтисоди миллӣ ба ҷое расид, ки 18 декабри соли 2013 раисҷумҳур аз Ҳукумат хост ба вазъи ТАлКо расидагӣ кунад ва чораҳои наҷоти он аз бӯҳронро баррасӣ намояд.
Толлинг — силоҳ ғорати ТАлКо дар дасти Абӯ Ҳасани тоҷик
Соли 2015, замоне ки Ҳасан Саъдуллоев (ҳоло Ҳасан Асадуллозода) “операсиюни аср”-ашро анҷом дод ва контроли бузургтарин ширкати кишвар ва бузургтарин корхонаи истеҳсоли алюминий дар минтақаро ба даст овард, ин корхона ба усули толлингии истеҳсол ва содироти алюминий гузашт. Ин ба ин маъност, ки дигар корхонаи алюминӣ маҳсулоти хомро барои истеҳсоли алюминий аз хориҷ намехарад, балки маҳсулоте, ки ширкати ҳамшарики тиҷориаш фиристодааст, коркард карда ба он бармегардонад ва танҳо барои коркард маблағ мегирад. Дар ин сурат ТАлКо на аз воридоти маҳсулоти хом ва на аз содироти алюминий андоз намесупорад.
Шариккори толлингии ТАлКо як ширкате бо номи Talco Management Limited аст, ки дар офшор ба қайд гирифта шудааст ва то ҳол молики он эълон нашудааст. Вале коршиносон тахмин мезананд, ки ин ширкат ҳам ба Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад.
Охири соли 2016 вазорати молияи Тоҷикистон ҳисоботеро оиди фаъолияти ТАлКо нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, гузаштани ин ширкат ба усули толлингӣ ба хароҷоти ғайримақсаднок, ношаффофии муомилот ва созишномаҳои молӣ, афзоиши хароҷоти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ва пардохти маблағҳои бузург ба вакилони дифоъи хориҷӣ оварда расонидааст, ки дар натиҷа ин ширкати фоидаовар ба ширкати қарздору зараровар табдил шудааст.
Тибқи маълумоти вазорати молия, аз замоне ки ТАлКо ба усули толлингӣ гузаштааст, нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва молиявии ин ширкат рӯ ба коҳиш овардаанд. Вазорати молия зикр кард, агар фоидаи софи ширкат дар соли 2005 61,3 миллион сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2008 аллакай 77 миллион сомонӣ зарар дидааст. Дар ҳоле, ки дар ин марҳала нархи алюминий 674 доллар боло рафта, аз 1897 доллар дар соли 2005 ба 2571 доллар барои як тонна дар соли 2008 расидааст.
Ҳамчунин Вазорати молия аз коҳиши пардохтҳои андозии ТАлКо хабр дода буд. Тибқи он дар соли 2013 ширкат 146,8 миллион андоз супоридааст, ки нисбат ба соли 2012 77 миллион камтар аст. Дар соли 2014 пардохтҳои андозӣ боз ҳам камтар шуда, 97 миллионро ташкил додаанд.
Аҷибтарин факти дар ҳисоботи Вазорати молия зикршуда ин буд, ки Talco Management Limited ба ТАлКо барои коркарди як тонна алюминий 500 доллар пардохт мекунад, дар ҳоле, ки ин коркард барои ТАлКо 600 доллар тамом мешавад. Яъне ширкат аз коркарди ҳар 1 тонна алюминий 100 доллар зарар мебинад.
Саҳми Ҳасан дар афзоиши бекорӣ
Бинобар коҳиши истеҳсолот, сар аз соли 2008 ширкати алюминӣ ба ихтисори коргаронаш оғоз кард. То он замон дар ин корхона беш аз 13 000 нафар коргарони доимӣ кор мекарданд. Замонҳое ҳам буданд, ки корхона бо назардошти вазъи бади мардуми минтақа шумори кормандонашро то 20 000 нафар расонида буд. Ин корхонаи бузург на танҳо мардумро аз бекорӣ, корхонаҳоро ҳам аз муфлисшавӣ наҷот медод. Ҳади ақал ду корхона — “Алюминстрой” ва “Строймонтаж”, як автобаза ва ду ташкилоти хӯроки ҷамъиятӣ баъди ворид шуданашон ба таркиби Корхонаи алюминбарории тоҷик аз муфлисшавӣ анҷот ёфта буданд.
Дар ҳашт сол (то соли 2016) ТАлКо шумори коргаронашро аз 13000 ба 7000 кам кард. Беш аз 6000 нафар ба артиши муҳоҷирони меҳнатӣ пайвастанд. Моҳи октябри соли 2016 дар натиҷаи садама дар Нерӯгои барқии Норак интиқоли барқ ба бузургтарин корхонаи кишвар бори аввал дар таърихаш қатъ шуд. Дар натиҷа қисми зиёди дегҳои он корношоям шуданд. Истеҳсоли алюминий низ дар соли 2017 назар ба соли 2016 якбора 26,5 дарсад кам гардид.
Охирин маълумот дар бораи ихроҷи коргарони ТАлКо моҳи майи соли 2016 буд, ки он вақт корхона тасмим дошт 600 нафар коргарашро ба кӯча гусел кунад. Баъди садамаи октябри 2016 чанд нафар коргари ТАлКо бекор монданд, маълумоте дастрас нашуд. Қабл аз садама, ки қудрати истеҳсолии корхона 140 000 тонна буд, ният доштанд шумори коргаронро то 5 ҳазор поён оваранд. Вале баъди садама ки қудрати истеҳсолӣ ба 100 000 тонна поён рафт, шумори коргарон чӣ қадар хоҳад буд, номаълум боқӣ мемонад.
Дар Корхонаи алюминбарории тоҷик 12 бахши щар кадом дорои 100 деги алюмингудозӣ, дар умум 1200 дег, кор мекарданд. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти ду бахши озмоишии он бинобар масрафи зиёди барқ қатъ карда шуд. Аз 1000 деги боқимонда бо назардошти таъмирҳо 800-900 тои он ҳамеша кор мекарданд.
Алъон ҳамагӣ 200 дег кор мекунад ва 800-тои дигари он корношоям шудаанд. Нархи як деги алюмингудозӣ 200 000 доллар аст. Танҳо барои харидории 800 дег 160 000 миллион доллар лозим аст, ки дар гумон аст ТАлКо дигар қудрати онро пайдо кунад.
Ҳамин тавр зери назари “тоҷири муваффақ” Ҳасан Асадуллозода бузургтарин корхонаи Тоҷикистон рӯ ба нобудӣ овардааст.
Парчамдори иқтисоди кишвар ба аробаи шикастаи иқтисод табдил мешавад…