Соли 2017 дар ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекоршавии ақди никоҳи шаҳрвандон нисбат ба соли 2016 зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, зимни нишасти матбуотияш дар ин бора хабар дод.
Ӯ гуфт: “Соли 2017-ум 10100 сабти бекор кардани ақди никоҳи шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 1239 сабти бекор кардани ақди никоҳ зиёд аст. Дар соли 2016 ин нишондод ба 8861 адад баробар буд”.
Вазир афзуд, ки “Аз ин теъдоди оилаҳои вайроншуда 7095- тояшро бо қарори суд ва боқимонда бо розигии тарафайн бекор карда шудаанд. Ҳамчунин зиёда аз 8200 фарзанди оилаҳои вайроншуда ба қайд гирифта шуданд”.
“Сабабҳои асосии зиёд шудани теъдоди хонавайронӣ дар ҷумҳурӣ омода набудану бармаҳал хонадоршавии ҷавонон мебошад”.- таъкид намуд Рустам Шоҳмурод.
Назари коршиносони масоили иҷтимоъӣ нисбат ба гуфтаҳои вазири адлия як каме фарқ мекунад. Коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби асосии пош хурдани оилаҳо муҳоҷират ва дур мондани мардум аз арзишҳои динӣ мебошад.
Муҳоҷират ва дурии мардон аз занон ва афзоиши рашку бадгумонӣ, мушкилоти иқтисодӣ, дур кардани мардум аз арзишҳои динӣ, камбуди тарбияи ҷавонон ба хотири дур будани падар аз оила аз сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳо дар кишвар мебошад. Муҳоҷирати як мард на танҳо ба як зан балки ба модар, хоҳар, ҳамсар ва духтари ӯ таъсир мерасонад. Зеро инҳо ҳамеша дар ҳолати нигаронӣ ва стресс қарор доранд, ки мабодо мард кор пайдо накунад, мабодо депорт шавад, мабодо ба дасти миллатгароҳо афтад ва хеле нигарониҳои дигар, ки аз лиҳози равонӣ онҳоро таҳти таъсири шадид қарор медиҳад. Ин нигаронӣ ва стресс боиси он мешавад, ки дар камтарин мушкил дар оила ҷангу даъво барпо шавад ва оилаҳо барҳам хуранд.