Рубрики Хабарҳо

Ҷасади ҳалокшудагон дар сӯхтори Красногорск ба зодгоҳашон интиқол ёфт

Ҷасади  чор  нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 28 январи соли равон  дар натиҷаи сӯхтор  дар ошёнаи 6-уми  яке аз манзилҳои  бинои баландошёнаи  шаҳри Красногорски вилояти Москави Федератсияи Россия   ба ҳалокат расида буданд, ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.  

Тибқи маълумотҳои дарёфтӣ, муҳоҷирони тоҷик барои пардохти хароҷоти омодасозӣ ва интиқоли ҷасадҳо маблағ ҷамъоварӣ намудаанд ва  ҷасадҳо тавассути  ҳавопаймои ширкати «Тоҷикэйр»  интиқол дода шуданд.

Ҳамаи ҳалокшудагон — Анвар Холбоеви 48-сола,  Беҳзод Холбоеви 13-сола  (писари Анвар Холбоев), Муслима Неъматоваи 48-сола  ва  Аббосбек Чориеви   6 -сола, зодагони ноҳияи Шаҳринав  буда, дар    манзили  истиқоматии оташгирифта  иҷоранишин  будаанд.

Айни замон ду нафар  шаҳрвандони дигари Тоҷикистон,  ки  дар натиҷаи ин сӯхтор  ҷароҳат бардоштаанд,  дар беморхонаҳои шаҳри Москва  бистарӣ  мебошанд. Асадбек  Чориеви 4-сола дар беморхонаи  Любертс   ва Парвина Рузиматоваи 24-сола, ки рӯзи сар задани  сӯхтор ба ин макон ба меҳмонӣ  омада буд, дар  беморхонаи Карбишев  зери назорати табибон қарор доранд.

Тибқи иттилои табибон, вазъи саломатии Асадбек  каме беҳтар гардида, Парвина  ҳанӯз ҳам  дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Тавре Иброҳим Аҳмадов сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ба расонаҳои давлатӣ гуфтааст, Шоирахон Холбоева, ҳамсари  Анвар Холбоев  нақл кардааст, ки сабаби сар задани сӯхтор эҳтимоли  расиши  кӯтоҳи  ноқилҳои барқӣ  будааст. Номбурда алҳол  барои  иштирок дар маросими дафни ҳалокшудагон дар ноҳияи Шаҳринав қарор дорад.

Маврид ба зикр аст, ки зиёда аз 20 сол мешавад, ки зиндагии мардуми Тоҷикистон ба сабаби адами кор дар ватан, аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ мегузарад.

Ҳамасола аз Русия зиёда аз 1000 тобути муҳоҷири тоҷик ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Фавти муҳоҷирон дар Русия ва интиқоли ҷасад масрафи ҳангуфте дар пай дорад, ки дар бештари маврид аз ҳисоби муҳоҷирони ҳамватан ҷамъоварӣ мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *