Categories Хабарҳо

Олмон: Бидуни музокира набояд сафорате дар Байтулмуқаддас вуҷуд дошта бошад

Олмон ҳеҷ гоҳ, то замоне, ки иттифоқу тафоҳуме байни Фаластин ва “Исроил” ба миён наояд сафорати худ дар Тел-Авивро ба Байтулмуқаддас намекӯчонад.
Ин гуфтаҳоро Сигмар Габриел, вазири корҳои хориҷии Олмон дар як Конфронси байнламилалии Институти пажуҳишии амнияти миллӣ дар Тел-Авив, зимни суханронияш ироа намуд.

“Қарордоде, ки соли 1967 дар бораи ҷуғрофияи Исроилу Фаластин ба имзо расида буд, набояд нодида гирифт. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ ба ин нестем, ки бидуни мувофиқа ва ҳусни тафоҳум ҷонибе аз роҳи зурӣ кор гирад. Ин ояндаи хуб надорад. Таҳдид ба амнияти минтақа дучанд мешавад”,- изҳор намуд Габриел

Сигмар Габриел гуфт, ки танҳо гуфтушуниду музокираҳо ва эҳтиром ба ҳуқуқи башарӣ метавонад роҳҳалли ин мушкилот бошад.
“Мо пайравӣ аз қонунҳои байналмилалӣ мекунем. Ба бовари мо ҳар қадаре, ки Исроил худро мустаҳиқ ба Байтулмуқаддас медонад, ҳаққи Фаластин ҳеҷ камие аз Исроил надорад. Аз ин рӯ набояд ба саросемагӣ роҳ дод. Боз ҳам такрор мекунам, ки ин нофаҳмиҳо бояд аз роҳи музокираву гуфтушунидҳо ҳаллу фасл шаванд”.- таъкид намуд Сигмар Габриел.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *