Рубрики Хабарҳо

Муҳиддин Кабирӣ дар бораи хилофати исломӣ, демократия ва сохти давлат (навор)

Дар ин авохир Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад ҲНИТ-ро  ҳамрадифи  ДОИШ ва дар баробари ҳаракатҳои террористӣ қарор диҳад. ҲНИТ дубора ба мавзӯъи рақами аввали расонаҳои Тоҷикистон табдил шудааст.  Паём дар ин мавзӯъ мусоҳибаи дошт бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд: Ҳукумати Точикистон, ки мехоҳад ба ҳар шакле Наҳзатро бо ДОИШ ё ба ҳар гурӯҳи дигари ифротӣ тавъам ва ҳамсӯ бидонад, танҳо истифода аз он мекунанд, ки дар номи ҳизби мо ҳам вожаи исломӣ ҳаст. Яъне Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва он ҳизбу ҳаракатҳо ҳам аксарашон ба ҳар шакле мансубияте ба ислом доранд. Барои мисол худи ДОИШ, ки барномааш таъсиси хилофат ё давлати исломӣ аст.

Ҳадафи ҳукумат ин аст, ки модоме ҳарду гурӯҳ исломӣ ҳастанд ва дар мабнои арзишҳои исломӣ таъсис шудаанд, пас ба роҳатӣ метавон онҳоро бо ҳам якҷо нишон дод ва ба тамошобину хонанда ё ҳар нафаре ки огоҳ нест, ба ин дом хоҳад уфтод. Онҳо аслан медонанд, ки чӣ фарқияте байни ДОИШ ва Наҳзати исломии Тоҷикистон ё байни дигар ҳизбу ҳаракатҳо ҳаст. Чун билохира бо мо зиндагӣ кардаанд, бо мо ҳамватан ҳастанд, тамосҳои зиёде буд, ҳаст. Коршиносон ва умуман тамоми ҷаҳон медонад ва имрӯз ҳеҷ кас ба ҳарфи инҳо бовар ҳам накардаст.

Мусоҳибаро инҷо бубинед:

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *