Рубрики Хабарҳо

Дарахти 1500$-ӣ, рӯйгардонӣ аз Зайд ва гуфтугӯ бо мардум. Убайдуллоевро чӣ гуна ёд мекунанд?

Дирӯз шаҳрдори собиқи Душанбе ҷашни зодрӯз дошт. Ӯ 66 сола шуд.

Зодрӯзашро Маҳмадсаид Убайдуллоев дар утоқи кориаш, дар палатаи болоии парлумон ҷашн гирифтааст. Дар ин бора “АП” бо истинод ба манбаъаш дар Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад.

Ҳамчунин ӯ машғули фаъолиятҳои расмӣ, вобаста ба сафари раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба Душанбе, ки нимаи дуввуми рӯз сурат гирифт, будааст.  

Аз соли 1997 то 2017 Убайдуллоев шаҳрдори Душанбе буд. Як сол қабл курсиашро ба писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Рустами Эмомалӣ супурд.

“Паём” тасмим гирифт хотирмонтарин лаҳзаҳои фаъолияти шаҳрдорро дар чанд соли охир бори дигар ба хотир оварад.

Даъво алайҳи вакили мардум

Шояд ҳар душанбегӣ номи Убайдуллоевро бо буридану чанорҳо ва ҷои ин дарахтони бузург шинонидани арчаҳо пайванд диҳад.

Соли 2012 раиси ҲНИТ, он замон вакили мардум Муҳиддин Кабирӣ, ба ин тасмими Убайдуллоев эътироз кард. “Дар Душанбе даҳҳо, ҳатто садҳо дарахт бурида мешавад, вале ҳеҷ кас, аз ҷумла созмонҳои ҳифзи табиат садо баланд намекунанд. Ҳамин тавр дар пойтахт ҷои паркҳоро биноҳои бетонӣ мегиранд. Даҳ сол баъд мо Душанбеи дорои биноҳои нисбатан зебо, аммо бидуни истироҳатгоҳҳо барои сокинону меҳмонони пойтахт боқӣ мегузорем. Албатта ба истиснои чанд парк ва хиёбони Рӯдакӣ” — гуфта буд раҳбари ҲНИТ.

Барои ин ҳарфҳо Убайдуллоев алайҳи вакили мардум ба додгоҳ шикоят бурд ва талаб кард Кабирӣ аз шаҳрдорӣ узр пурсад. Кашокаши додгоҳӣ ду сол идома кард ва соли 2014 додгоҳ онро қатъ кард.

Дарахтони 1,5 ҳазор долларӣ

Баъди дарахтбуррӣ Убайдуллоев қарор дод шаҳрро аз нав сарсабз кунад. Барои ин ӯ бо ширкатҳои Шоҳигарии Белжик барои ворид кардани шоҳбулутҳо ба пойтахт шартнома баст. Фарқи боду ҳавои Белжику Тоҷикистонро шаҳрдор дар назар нагирифт.

Ҳамин тавр ба Тоҷикистон 3100 шоҳбулути белжикӣ ба маблағи 22 миллион сомонӣ ворид карда шуданд. Ҳар шоҳбулут ба сокинони Душанбе 1,5 ҳазор доллар тамом шуд.

Ин шоҳбулутҳоро, ки умри миёнаашон 20-30 сол буд дар боғу кӯчаҳои марказии Душанбе шинониданд. Вале ҳавои гарми Душанбе ба шоҳбулутҳо писанд наомад ва дар ҳамагӣ ду-се ҳафта хушк шуданд.

Шаҳрдорӣ иддао кард, ки ширкатӣ белжикӣ дарахтони хушкшударо иваз хоҳад кард. Вале ин қазия бо ҳамин иддаои шаҳрдорӣ тамом шуд.

Сӯхтор дар Корвон

Соли 2012 да бозори “Корвон” сӯхтор ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷа беш аз 2000 нуқтаи савдо сӯхт. Рӯзи дигар ҳазорҳо тоҷире, ки дар ин бозор савдо мекарданд, ба тазоҳурот баромаданд. Ҷамъияти мардум мехост пиёда бо шоҳроҳи асосӣ то бинои ҳукумат ҳаракат кунад. Тоҷирон талаб мекарданд гунаҳкори ин оташзанӣ пайдо карда шавад.   

Убайдуллоев ягона мансабдоре буд, ки натарсида ба назди ҷамъияти бисёрҳазораи тазоҳуркунандагон баромад. Тазоҳургаронро дар назди корхонаи нассоҷӣ кормандони мақомоти интизомӣ боздошта, ба “Корвон” баргардонданд. Убайдуллоев ҳам ба ҳамон ҷо омад. Шаҳрдори пойтахт ваъда дод, ки бозор давоми як моҳ азнавсозӣ мешавад, муддати қарзҳои соҳибкорон аз бонкҳо дароз карда мешавад ва онҳоро аз ҳар гуна андозу пардохтҳо барои панҷ сол озод мекунанд. Танҳо баъди ин ваъдаҳо тазоҳуркунандагон пароканда шуданд. Албатта ҳеҷ касе қасди иҷро кардани ин ваъдаҳоро надошт, вале он ҷасорати Убайдуллоев дар ёди мардум монд.

Рӯйгардонӣ аз Зайд Саидов

То ҳол ин фарзия аз забони коршиносон канда нашудааст, ки мегӯянд маҳз Убайдуллоев поягузори аслии ҳизби “Тоҷикистони нав” буд, ки баъдан ин идея Зайд Саидовро ба зиндон бурд. Ӯ ваъда медиҳад, ки Зайдро дар ҳар ҳолате дастгирӣ хоҳад кард, вале баробари боздошти Зайд, ки вакили маҷлиси шаҳрӣ ҳам буд, Убайдуллоев дарҳол аз ӯ рӯй гардонд.

Дертар шаҳдорӣ яке аз даъвогарон алайҳи соҳибкори муваффақ шуд. Зайди аз дастгирӣ маҳрумшуда, дар масъалаи иттиҳомоти иқтисодӣ талаб кард вохӯрии рӯ ба рӯи ӯ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев ташкил карда шавад. Дар он иттиҳомот аз ҷумла исрофкории маблағҳои буҷа дар сохтмони бинои Душанбе — Плаза ва напардохтани андозҳо зикр шуда буд. Вале тафтишот ин талаби Зайд Саидовро рад кард. “Худатон фикр кунед, ба андозро насупоридани Зайд Саидов Убайдуллоев чӣ дахл дорад?” — гуфта буд раҳбари онвақтаи Агентии мубориза бо фасод Фаттоҳ Ғоиб.  

Шаҳрдори мардумӣ

Убайдуллоев бо ташкили хати мустақим бо мардум эътирофу эҳтироми онҳоро соҳиб шуд. Соли 2012 шаҳрдори Душанбе бо аъзои гурӯҳи фейсбукии “Бе миёнаравҳо” вохӯрӣ анҷом дод ва пешниҳоду шикоятҳои онҳоро вобаста ба пойтахт гӯш кард.

Убайдуллоев саҳифаи худро дар Фейсбук боз кард ва шахсан ба шикояти мардум посух медод. Ӯ поягузори сомонаи “Мо метавонем” буд, ки мардум метавонистанд дархосту шикоятҳои худро аз хидматгузориҳои шаҳрӣ онҷо гузоранд. Ҳамчунин ӯ пешниҳоду аризаҳои мардумро ба почтаи шахсӣ ва паёмрасонҳо қабул мекард. Атрофиёнаш мегуфтанд, ӯ шахсан назора мекард, ки то чӣ ҳад мушкилҳо бартараф шудаанд. Барои дастрасии бештари мардум ба шаҳрдорӣ, Убайдуллоев рақамҳои мобилии раҳбарони раёсатҳои шаҳрдориро нашр кард.

Баъди аз вазифа рафтани Убайдуллоев ниме аз ин хидматрасониҳо масдуд шуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *