Табиби тоҷики муқими Русия Мирзоқул Ҳоҷиматов маълумоту маслиҳатҳои ҷолибе дар бораи бемории Covid-19 нашр мекунад. Паём тасмим гирифт минбаъд навиштаҳои доктори тоҷикро пешкаши хонанагони худ созад.
Мо мекӯшем навиштаҳои қаблии ӯро низ бознашр кунем.
Ин ҳам навиштаи имрӯзаи Мирзоқул Ҳоҷиматов. Навиш
Навидҳое хубу бад аз боби Куруновирус:
Тибқи омори рӯзҳои ахир авҷи бемории Covid19 дар ҷаҳон андак коҳиш ёфта ва дар баъзе кишварҳо масъулин қисме аз маҳдудиятҳои карантинии қаблан ҷорӣ кардаашонро бардошта истодаанд. Иншоаллоҳ бо кӯшишҳои дастаҷамъонаи аҳли башар ин офат барвақттар аз тирамоҳ аз руи замин барчида хоҳад шуд.
Олимони Сингапурӣ оморҳои моҳҳои ахирро таҳлилу баррасӣ намуда ба хулосае омадаанд, ки Русия дар моҳҳои июл-август ба тамом аз куруно пок хоҳад шуд, вале кишварҳои Урупоӣ-моҳе дертар ва Омрико ду моҳ пас аз Русия куруноро шикаст хоҳад дод.
Пешгуйӣ ба асоси омор албатта чандон саҳеҳ нест, хосса перомуни вабое, ки барангезандааш қаблан худро ошкор накарда бошад. Ба ҳар сурат талоши табибони олам, дуои мазлумин ва қудуми мубораки моҳи шарифи Рамазонро фоли нек гирифта умед мекунем ва аз Худо мепурсем, ки ин офати ҷаҳониро барвақттар аз пешгуйиҳои мо бартараф созад. Ӯ Меҳрубон ва Қодир ба ҳама чиз аст.
Хабари кашфиёти олими ҷавони тоҷики муқими Инглистон-Бобоҷон Назаруфро шояд хонда бошед, ки ӯ ду доруи ҷопонӣ — Камостат ва Нафамостатро, ки барои муолиҷаи илтиҳоби ғадуди зери меъда- Панкреатит истифода мешуданд, барои пешгирӣ ва табобати бемории Куруновирусӣ таҷриба карда истодааст. Худованд ӯву ҳамкоронашро муваффақ гардонад.
Дар кишвари худамон агарчи вуҷуди Куруновирус расман ва тариқи тестҳо то имрӯз тасдиқ нашудааст, вале чораҳои зиддиэпидемӣ дер ҳам бошад, пурзуртар шуда истодаанд, ки ин қобили дастгирист.
Баъзе вижагиҳои ин бемориро такрор ва васеътар шарҳ медиҳам:
Аломатҳои асосии курунобеморӣ таби баланд, сулфаи хушк, сардард, ба муддати чанд рӯз гум шудани ҳиссиёти бӯй ва маззаи ғизо, дарди мушакҳо, ҳисси хушкӣ ва хориши гулӯ, бемадорӣ, беиштиҳоӣ мебошад. Баъдан нафастангӣ, кабудча шудани ранги пуст, зуд зуд нафас гирифтан, дарди қафаси сина низ пайдо шуданаш эҳтимол дорад. Гоҳо қай кардан, дарунравӣ, дарди шикам ҳам пайдо мешаванд. Хеле камтар -илтиҳоби пардаи чашмон, аз ҳуш рафтан ё ҳарза гуфтан, хеле паст шудани фишори хун низ мушоҳида мешавад. Аломатҳои дар охир зикршуда баёнгари шакли вазнинтарини бемориянд.
Таи 2-3 ҳафтаи ахир пизишкони Бритониёӣ байни кудаконе ки тести Сovid-19 мусбӣ доштанд, якбора вазнин шудани ҳолаташонро мушоҳида ва онро «шоки токсико-инфексионӣ» баҳогузорӣ кардаанд, ки ин мафҳум ба пизишкон шинос аст ва воқеан ҳам хеле хавфнок (марговар) аст- фишори хун паст, фаъолияти гурдаву ҷигар хеле суст, кори дил номураттаб шуда кудакон аз ҳуш мераванд. Бинобар ин ақидаи он ки курунобеморӣ барои ҷавонону кудакон бехавф аст, иштибоҳе беш нест. Хеле аз табибони ҷавон ҷони худро дар мубориза бо ин вирус дар ҳамаи кишварҳо бохтаанд..
Ҳолатҳои бидуни кумак дар хона ё ҷои дигаре якбора ваҳим шудани ҳолати одамон, ки бо марги номаълум анҷом ёфтаанд, дар ҳама кишварҳо эҳтимол дорад. Азбаски имконияти таҳқиқи анатомӣ (ҷасадкушоӣ) ва озмоиши лаборатории ин вирус дар шароити имруза хеле маҳдуд аст, чунин ҳолатҳо кам ба қайд гирифта шудаанд.
Бо назардошти навиштаҳои болоӣ Куруновирус фақат беморие нест, имтиҳони одамияту инсондустӣ ва худотарсии аҳли башар низ ҳаст. Хеле мутаассифам, ки ҳатто дар чунин рӯзҳо ҳам баъзе аз ҳамватанони азизамон, ки на ному насаби аслияшон маълум ва на касбу кор ва сатҳи таҳсилоташонро касе медонад, дар фазои иттилоотӣ хабарнигорон ё фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро ба хиёнату ватанфурӯшӣ ва воҳимапароканиву мардумро нооромсозӣ муттаҳам мекунанд.
Ғараз аз навиштаҳои банда дар ин мавзуъ расонидани тозатарин ва саҳиҳтарин иттилоот перомуни ин вабо ба ҳаммеҳанони азиз аст, то онҳо ҳаддалимкон худ ва наздиконашонро эҳтиёт кунанд. Ба фикрам дигар ҷое барои воҳима намондааст, дар асри 21 қарор дорем, васоили иттилоотии зиёде дастраси ҳамагонанд.
Дар охир ақшори аз ҳама осебпазири ҷомеаро бори дигар ёдраси азизон мекунам, ки барои онҳо беш аз дигарон Куруновирус хавфноктар аст:
-ашхоси синнашон баланд, ки аксарашон дучори чандин бемориҳои музмин ҳастанд;
-новобаста аз синну сол нафароне ки масунияташон пасттар аз дигарон аст:
-беморони хроникии роҳҳои нафас ва узвҳои дарунӣ;
-ҳолати баъди ҷарроҳӣ ва ҷароҳатҳои вазнин;
-ҳомиладорӣ ва кӯдаки ширхора доштан, камхунӣ;
-тамокукашии собиқадор, нашъамандӣ, бебандубории ҷинсӣ ки эҳтимоли баланди СПИД дорад;
Барои чунин гуруҳҳои номбаршуда рафтан ба бозору дукон, таълимгоҳу корхона, ошхонаву чойхона, варзишгоҳу масоҷид, нишастан ба нақлиёти умумии ҷамъиятӣ- хулоса ба ҷойҳое ки инсонҳо аз ҳамдигар дар масофаи наздиктар аз 1-2 метр қарор доранд, хеле хавфнок аст! Камтарин миқдори вирус чунинҳоро метавонад зуд сироят кунад.
Дар охир омилҳои пасткунандаи масунияти инсонро низ номбар мекунам, ки ҳамагон бояд аз он парҳез кунанд, зеро иммунитети қавӣ имруз ба ҳар яки мо зарур аст. Иммунитет, қобилияти зиддимикробӣ ва зиддивирусии шуморо заиф мекунанд:
-аз меъёр кам хоб кардан;
— аз меъёр зиёд кор кардан то хастагии вазнин;
-кам ҳаракат кардан;
-стресс: ғами зиёд хурдан, ба таҳлука афтодан, воҳима кардан, ноумед шудан;
-ғизоҳои якхела ва камсафедаву камвитамин истеъмол кардан;
-пурхурӣ ва фарбеҳӣ;
-тамоку, нос, майнӯшӣ;
-истеъмоли баъзе доруҳо (антибиотикҳо, гормонҳои кортикостероидӣ, химиотабобатӣ);
-бо маводҳои заҳрогин зиёд сару кор доштан (рангу бори кимиёӣ, заҳрхимикатҳо в.ғ.)
Бародари шумо — Мирзои Ҳоҷимуҳаммад.
Ба якояки хонандагону шунавандагон ақли комил, андешаи солим, имони қавӣ, тани сиҳатро аз Худованди маннон дар ин айёми қабули дуо хоҳонам. Омин.