Рубрики Хабарҳо

Маро бубахшед!

Ҳама мегӯянд, ҳама менависанд…ва ҳазор таҳлили дигар!

Аммо як нафар амал намекунад, касе ҳам такон намехӯрад… зиндагӣ ҳамон тарзе, ки буд идома дорад ва солҳои дигар…

Ҳодисаҳо либоси нав ба бар кардаанд!

Фоҷеа ҳар рӯз такрор мешавад!

Воқеъан фаромӯш кардем ҳама чизро… ҳатто инсон буданро…

Ҳамин дирӯз буд, ки гуфтанд фалонӣ дар зиндон руйи бетон мехобад… талх гиристам.

Расидан ба озодии воқеӣ, адолат ва қонунмеҳварӣ танҳо шиор нест. Онҷо ки ин ҳарфҳо гуфта мешавад бояд ҳама пайёмадашро таҳамул кард, гармиву сардӣ, шиканҷаву азоб ва…

Бо навиштан мехоҳем исбот кунем, ки мо ҳастем. Гоҳе мехоҳем моро фаромӯш накунанд. Гоҳо зиндагӣ тақозо мекунад. Гоҳе ҳам мехоҳем ба касе ҳисобот диҳем, ё нишон бидиҳем, ки мо чанд ҷумлаи зебо навишта метавонем. Мисле, ки ман ҳам менависам ва ҳазорҳои дигар ҳам! Шояд дигарон беҳтару хубтар нависанд аммо чӣ фарқ мекунад?!

Мо дар таърихи навини Тоҷикистон афродеро дорем, ки онҳо дар сухани худ, андешаи худ ва роҳи худ содиқ монданд ва таҳти сахтарин фишор қадаме ба ақиб нагузоштанд!

Муҳаммадалӣ Ҳайит шадидтарин шиканҷаро таҳаммул кард ва ба ҳабси абад маҳкум шуд, аммо як ҳарф изҳори пушаймонӣ накард. Ӯ нишон дод ва исбот кард, ки ҳарфаш танҳо шиор нест.

Зайд Саид ҳама чизро таҳаммул кард. Тӯҳмати оммавӣ, шиканҷаҳои равонӣ… Дороӣ, молу сарваташро аз даст дод. Аммо як бор ҳам нагуфт идея ва андешааш хато буд.

Саидумар Ҳусайнӣ ҳеч мансаб ва вазифаро дар марҳилае, ки зери шиканҷаву фишор буд қабул накард. Аз ҳукми абад ҳам парво накард. Ҳоло он ки дар шароитҳои муқаррарӣ гуруҳе аз ҳамватанони мо танҳо ба хотири раиси ҷамоати як деҳа шудан мақоми роҳбаронашонро то ҷойгоҳи пайёмбарон боло мебаранду хушомадгӯиҳояшон ҳаду марзе надорад…

Бузургмеҳр Ёров то охир рафт. Ӯ ҳам нишон дод, ки ҷасораташ, дуруштгӯиҳояш дар баробари як тӯдаи муштзӯру бефарҳанг худнамоӣ нест. Ба ҳеч чизе розӣ нашуд ва нишон дод, ки Тоҷик ҳанӯз фарзандони боғайрат дорад!

Агар ҳамин хел давом диҳам, садҳо ном ва садҳо рафторҳои ҷавонмардона, садоқат, амонат …ва корнамоиҳоро метавонам бинвисам. Бале, дидгоҳу роҳҳои мо мутафовит аст. Шояд андешаҳои мо дар бештари мавзӯъ бо ин афрод яксон набошад.

Аммо чизе ки имрӯз сахт азобам медиҳад ин аст, ки ман дар баробарӣ як идда ҳамватанони бегуноҳам, ки дар зиндонҳои сарду торик нигаҳдорӣ мешаванд коре карда наметавонам.

Сад ҳайфи ман, ки пушти комп нишаста дар пешам даҳҳо навъи ширинию қаҳва, ҳар чӣ хоҳам менависам, боз ин кори худро ситоиш ҳам мекунам. Воқеъан аз худам нафрат дорам!

Марги ман, ки рӯи кӯрпаи мулоим мехобаму хонаам гарм аст, аммо парвое надорам, ки як ҳамватанам бо шиками гурусна дар сардии зимистон пушти панҷараҳои зиндон рӯзи худро кӯр мекунад!

Вой бар ин мусалмонии ман, ки худаму фарзандам даҳҳо либосу пойафзол дорем. Ҳар рӯз таомҳои гуногун мехӯрем. Аммо фарзандони афроди мавриди назар дар фикри он ҳастанд, ки ин навбат ба падарашон чӣ баранд, то дар зиндон эҳсоси сардию гуруснагӣ накунанд!

Ба Худо ба инсонӣ, мусалмонӣ, имондории худ шубҳа дорам!

Оре, бояд дигар хомӯш бошам, ба худам, ба так-таки амалҳоям бингарам, ки кӣ ҳастам ва чӣ кор мекунам.

Агар рӯзе бо ин афрод рӯ ба рӯ шавам, аввалан ин ҷумларо хоҳам гуфт «МАРО БУБАХШЕД! «

Аммо имрӯз такон хӯрдам, воқеъан нигарон шудам, амалҳоямро ба мизони имону ақл баркашидам ва дарк кардам, ки кору зиндагиам на аз рӯи инсонист на аз рӯи мусалмонӣ… Афсӯс, сад афсӯс! Маро бубахшед!

Эй Худои меҳрубон, аз он сахт метарсам ки рӯзе маро аз ин мавзӯъ суол мекунӣ ва ман дар посухи он шармандаву нотавонам. Худоё аз он рӯз баТу паноҳ мебарам!

Худо ҳофиз, дигар бояд дар худ фурӯ биравам ва барои ҳар сонияи ҳаётам биандешам!

Сабур Давлат

Манбаъ: Фейсбук

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *