Аксарият гумон доранд, ки барои занҳо донистани масъалаҳои молиявӣ чандон муҳим нест. Ба дасти онҳо набояд пул бошад ва танҳо фарзанд ба дунё оранду хонашин бошанд. Аммо, дар асл чунин нест. Баръакс, зане, ки аз фаҳмишҳои молиявӣ бархӯрдор аст, дар куҷо мақсаднок сарф кардани пулро медонад, зиндагиро обод месозад. Инро мустақилияти молиявӣ меноманд.
Мустақилияти молиявӣ ба занҳо имкон медиҳад, ки дар зиндагӣ интихоби озодона дошта бошанд, ба худ боварии бештар пайдо кунанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ қарори мустақилона қабул намоянд.
Якум, барои ноил шудан ба мустақилияти молиявӣ занҳо бояд дониш андӯзанд, нақша тарҳрезӣ кунанд ва бо иродаи қавӣ амал намоянд. Яъне, дар роҳи мустақилияти молиявӣ омӯзиши принсипҳои асосии идоракунии маблағ зарур аст. Занҳо бояд фаҳманд, ки нақшаи хароҷот тартиб додан, пасандоз, сармоягузорӣ ва қарз чист ва чӣ гуна инҳо дар ҳаёти ҳамарӯза татбиқ мешаванд. Имрӯзҳо имкониятҳои васеъ барои таҳсил, маслиҳат дар самти молия мавҷуданд. Аз ҷумла, дарсҳои онлайн дар интернет, китобҳои мотиватсионӣ, ки дар ҳама ҷо дастарасанд.
Дуюм, яке аз воситаҳои муҳими назорату мустақилияти молиявӣ таҳияи буҷети шахсӣ мебошад. Занон бояд ҳар моҳ даромаду хароҷоти худро нависанд ва таҳлил намоянд. Ин имкон медиҳад, ки аз хароҷоти нолозим худдорӣ карда, маблағҳоро ба самтҳои мақсаднок равона созанд: ниёзҳои рӯзмарра, пасандоз ва сармоягузорӣ.
Сеюм, доштани фонди эҳтиётӣ як қисми муҳими бехатарии молиявии ҳар шахс ба ҳисоб меравад. Зиндагӣ бе камбудӣ нест, занҳо ҳадди ақал барои 3 то 6 моҳи хароҷоти рӯзмарра бояд маблағ захира кунанд. Ин маблағ метавонад дар ҳолатҳои бекорӣ, беморӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулода кумак расонад.
Чорум, яке аз роҳҳои муҳими зиёд кардани дороӣ сармоягузорӣ аст. Яъне, маблағро ба ҷойи муайян истифода кардану аз он фоидаи иловагӣ гирифтан ба устувории молиявӣ оварда мерасонад. Масалан, занҳо метавонанд сармояи худро ба хариди амволи ғайриманқул ё ҳатто ба тиҷорати шахсӣ равона созанд. Дар ин роҳ онҳо бояд таҷрибаи онҳоеро, ки барояшон наздиканд, омӯзанд ё маслиҳат гиранд.
Панҷум, мустақилона даромади пулӣ доштан як қадами пешрафт барои занҳо мебошад. Онҳо ҳангоми зарурат ба маблағ дастнигари шавҳар ё каси дигар намешаванд. Дар баробари тарбияи фарзанд, ақаллан як шуғли иловагӣ ҳам дошта бошанд. Масалан, онҳо метавонанд донишу фаҳмиши худро такмил дода, дар соҳаҳои нав ба кор шуруъ кунанд. Ин метавонад аз фриланс бошад, яъне дар хона истода хариду фурӯшро анҷом диҳанд. Зани оқилу ҳунарманд ҳеҷ гоҳ дастнигари марди хонадон намешавад, ҳамеша аз пайи даромад аст. Бигзор пули кам ҳам бошад, аммо “қатра-қатра дарё шавад” гуфтаанд.
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube