Дар 12 моҳи соли гузашта аз 10 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, дар Хуҷанд даромадҳо аз як манбаи воридоти буҷет таъмин нагардид
Даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли сипаришуда ба маблағи беш аз 574 млн сомонӣ таъмин гардид.
Дар ин бора шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ дода, афзуд, ки ин нишондод дар муқоиса ба нақша беш аз 17 млн сомонӣ ё 3,2% зиёд мебошад.
Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 52 млн сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 110%-ро ташкил медиҳад..
Таъкид шудааст, ки дар ин давра аз 10 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ мебошад.
Шаҳрдорӣ тавзеҳ дод, ки аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба маблағи 14 миллиону 600 ҳазор сомонӣ аз нақша камтар маблағ ҷамъоварӣ гардид.
Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати декабри соли 2022 зиёда аз 17 млн сомонӣ будааст.