Раисҷумҳури Укроин Владимир Зеленский расман аз истифодаи муваффақиятомези силоҳи дурзани укроинӣ хабар дод. Дар ин бора дар саҳифаи расмии раисҷумҳури Укроин дар Телеграм хабар дода мешавад.
“Истифодаи муваффақиятомези силоҳи дурзани мо: ҳадам дар 700 километр нобуд карда шуд!” — навиштааст Зеленский.
Гуфтанист, ду рӯз қабл дар ҳамлае ба ба шимолу ғарби Русия ба ҳавопаймоҳои борбарии артиши ин кишвар осеби ҷиддӣ расонида шуд.
Гузориш мешавад, ки чаҳор ҳавопаймои борбарии ИЛ-76 дар ин ҳамла садама дидаан.д
Ба гузориши хабаргузориҳои Русия дар ҳамлаи паҳподӣ ба фурудгоҳе дар шаҳри Псков дар шимолу ғарбии Русия ду ҳавопаймои борбарии низомӣ осеб дидааст.
Бар асоси гузоришҳо ҳавопаймоҳои борбари Илюшин-76 дар ин ҳамла оташ гирифт.
Фармондори минтақа гуфт, ки артиш дар ҳоли дафъи ин ҳамла аст. Ў видеоеро мунташир кард, ки як сӯхтори бузургро ҳини шунида шудани садои инфиҷорӣ нишон медод.
Псков воқеъ дар наздикии марзи Эстония ҳудуди 600 километр аз Укроин фосила дорад.
Хабаргузории ТАСС ҳам гузориш дод, ки осмони фурудгоҳи Внукови Москва баста шудааст.
Укроин, ки ба нудрат дар мавриди ҳамалот дар дохили Русия изҳори назар мекунад масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифта буд, аммо зоҳиран ишораи Зеленский бар “ҳадаф дар 700 километр” ҳамон ҳамла ба фурӯдгоҳи Псков дар ду рӯзи пеш аст.
Укроин дар ҳафтаҳои ахир беш аз пеш аз паҳподҳои инфиҷорӣ барои ҳамла ба аҳдофе дар дохили Русия истифода кардааст.
Артиши Русия ҳам иддао кард нерӯҳои он чаҳор шиновари тундрави Укроинро, ки ҳар кадом ҳомили ҳадди аксар 50 сарбоз буд дар амалиёте дар ҳаволи нимашаби 29 авгуфт ба дар баҳри Сиёҳ нобуд кардааст. Укроин ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардааст.
Артиши Русия гуфт се паҳподи Укроинро бар фарози минтақаи ҷануби Брянск соқит кардааст.
Михаил Ведерников, фармондори минтақа дар телеграмм, навишт: “вазорати дифоъ дар ҳоли дафъи як ҳамлаи паҳподӣ дар фурудгоҳи Псков аст.”
Ӯ гуфт, ки дар саҳна ҳамла аст ва афзуд: “бар асоси иттилооти аввалия ин ҳамлаи қурбонӣ надоштааст.”
Хабаргузории ТАСС-и Русия ба нақл аз созмонҳои ҳаводиси изтирорӣ гузориш дод, ки чаҳор ҳавопаймои Илюшин осеб дидааст ба тавре, ки ду ҳавопаймо тӯъмаи оташ шуд.
Хабаргузори РИА Новости баъдан навишт, ки ду ҳавопаймои борбар оташ гирифтааст.
Мақомҳои Русия гуфтанд, ки ҳафтаи пеш се нафар дар ҳамлаи паҳподӣ ба минтақаи Белгороди Русия кушта шуданд, ки соате баъд аз исобати як ҳавопаймои бидуни сарнишин ба маркази Маскав буд.
Чанд рӯз пеш аз он ҳам як бомбафкани дӯрпарвози Русия дар ҳамлаи паҳподӣ дар наздикии шаҳри Санкт-петербург тахриб шуд.
Минтақаи Псков қаблан дар авохири моҳи май ҳадафи ҳамлаи паҳподҳо қарор гирифта буд.
Ҳарчанд Укроин ба таври мушаххас масъулияти ин навъи ҳамалотро ба ӯҳда нагирифта аммо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, қаблан гуфтааст, ки ҳамалот ба хоки Русия бахши “иҷтинобнопазир, табиӣ ва комилан мунсифона” аз ҷанг аст.