Ҳақ рамузи мулку дин бар ман кушуд,
Нақши ғайр аз пардаи чашмам рабуд.
Қаблан бояд аз худ пурсид, ки чаро нухбагони ислом сиёсатро бо дин омехтаанд ё худ ин омехтагӣ дар асли дин вуҷуд дошт?
Пеш аз ворид шудан ба посухи ин савол бояд ин ҷо ба мавзӯи фарогир будани ислом ишора карда гузашт. Агарчи шомил (фарогири тамоми умур) будани ойини мусалмониро атеистону марксистҳо ва аз қабили онҳо дар шакли умум инкор мекунанд, назди донишмандони исломӣ ба иттифоқ расидааст. Воқеияти асри ҳозир низ ба барномаи фарогиранда доштани ислом шаҳодат додааст.
Воқеан мутафаккирони мусалмон дар асрҳои ахир низ мисли пешиниён дарбаргиранда будани исломро ҳамчун ақидаву шариат, даъвату давлат, дину сиёсат муаррифӣ кардаанд. Намунае аз ин равшанфикрон шоири миллат Иқбол Лоҳурист, ки фармуда:
Касе, к-ӯ донад асрори яқинро,
Якебин мекунад чашми дубинро.
Биёмезанд чун нури ду қандил,
Маяндеш ифтироқи мулку динро.
Вожаи “ифтироқ”, яъне ҷудо шудан аст. Аз ин мисраъҳо пайдост, ки шоир муқобили ҷудо шудани давлату сиёсат аз дин аст.
Чуноне, ки дар китоби “Ад-дину ва-с-сиёсат”, саҳ.61 зикр шудааст, дар саргаҳи ин фарзонагон шахсиятҳои зерин хоҳанд истод: Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Маҳдӣ, Хайриддини Тунисӣ, Санусӣ, Амир Абдулқодир, Ҷамолиддини Афғонӣ, Муруро Билкавокибӣ, Муҳаммад Абду, Шакиб Арслон, Рашид Ризо, Ҳассан Банно дар Миср, Ибни Бодис ва бародаронаш дар Алҷазоир, Алол Алфосӣ дар Мағриб, Мавдудӣ дар Покистон, Абулҳасани Надвӣ дар Ҳиндустон, ва худи соҳиби китоб Шайх Қарзовӣ ва ғайри онҳо.
Ин бузургон на танҳо ба баррасии назарияи фарогир будани ислом иктифо намуданд. Балки амалан ба умқи сиёсат ворид шуда, бо хатару машаққатҳое дар ин масир мувоҷеҳ гардидаанд. Назар ба нақли муҳаққиқон онҳо барои чунин иқдомашон 4 далел доштанд:
- Шомил будани таълимоти исломӣ.
Исломе, ки Аллоҳ онро қонунгузорӣ кардааст, ягон ҷониби ҳаётро сарфи назар накардааст. Ислом бо табиати худ дарбаргирандаи тамоми ҷонибҳои зиндагӣ, ҳам аз ҷиҳати моддиву ҳам аз ҷиҳати маънавӣ, ҳам фардиву ҳам иҷтимоӣ аст. Иқбол низ дар ин хусус байтҳои диловезе гуфтааст, аз ҷумла:
Мусалмонӣ ғами дил бархаридан,
Чу симоб аз тапи ёрон тапидан,
Ҳузури миллат аз худ даргузаштан,
Дигар бонги «Аналмиллат» кашидан.
Аллоҳ таъоло дар хитоб ба Паёмбар (с) мусалмононро рӯҳбаланд сохта мегӯяд:
وَﻧَﺰﱠﻟْﻨَﺎ ﻋَﻠَﯿْﻚَ اﻟْﻜِﺘَﺎبَ ﺗِﺒْﯿَﺎﻧﺎً ﻟِﻜُﻞﱢ ﺷَﻲْءٍ وَھُﺪىً وَرَﺣْﻤَﺔً وَﺑُﺸْﺮَىﻟِﻠْﻤُﺴْﻠِﻤِﯿﻦ
“Барои ту китобро нозил кардем, ки он баёнгари ҳамаи чиз аст ва раҳнамову раҳмат ва башорат барои мусалмонон аст”.
(сураи Наҳл, ояти 89)
Инчунин фармуда:
ﻣَﺎ ﻛَﺎنَ ﺣَﺪِﯾﺜﺎً ﯾُﻔْﺘَﺮَى وَﻟَﻜِﻦْ ﺗَﺼْﺪِﯾﻖَ اﻟﱠﺬِي ﺑَﯿْﻦَ ﯾَﺪَﯾْﮫِ وَﺗَﻔْﺼِﯿﻞَ ﻛُﻞﱢ ﺷَﻲْءٍ
وَھُﺪىً وَرَﺣْﻤَﺔً ﻟِﻘَﻮْمٍ ﯾُﺆْﻣِﻨُﻮنَ
“Сухане нест, ки бофта шавад, валекин тасдиқи он чи дар назди худ дорад ва тафсили ҳамаи чиз ва ҳидояту раҳмат ба қавмест, ки имон меоваранд”.
(сураи Юсуф, ояти 111)
Ҳамзамон дар сураи Бақара ба оятҳои зерин бархӯрд мекунем:
ﯾَﺎ أَﯾﱡﮭَﺎ اﻟﱠﺬِﯾﻦَ آﻣَﻨُﻮا ﻛُﺘِﺐَ ﻋَﻠَﯿْﻜُﻢُ اﻟﺼﱢﯿَﺎمُ
“Эй онҳое, ки имон овардед, рӯза бароятон фарз шудааст…”. (сураи Бақара, ояти 183)
ﯾَﺎ أَﯾﱡﮭَﺎ اﻟﱠﺬِﯾﻦَ آﻣَﻨُﻮا ﻛُﺘِﺐَ ﻋَﻠَﯿْﻜُﻢُ اﻟْﻘِﺼَﺎصُ ﻓِﻲ اﻟْﻘَﺘْﻠَﻰ
“Эй онҳое, ки имон овардед, қасос гирифтан ба шумо барои куштагон фарз шудааст…”. (сураи Бақара, ояти 178)
ﻛُﺘِﺐَ ﻋَﻠَﯿْﻜُﻢْ إِذَا ﺣَﻀَﺮَ أَﺣَﺪَﻛُﻢُ اﻟْﻤَﻮْتُ إِنْ ﺗَﺮَكَ ﺧَﯿْﺮاً
اﻟْﻮَﺻِﯿﱠﺔُ ﻟِﻠْﻮَاﻟِﺪَﯾْﻦِ وَاﻟْﺄَﻗْﺮَﺑِﯿﻦَ
“Бар шумо, вақте ки касе аз шуморо марг пеш ояд, агар моле гузорад, барои падару модару наздикон ба некӣ васият кардан фарз шудааст…”. (сураи Бақара, ояти 180)
Худованд фарзияти ҳамаи ин умурро ба ибораи “кутиба алайкум” баён намудааст.
Рӯза аз умури ибодатӣ ва қасосгирӣ аз қонунҳои ҷиноӣ ба шумор меравад. Масъалаи васият бошад ба аҳволи шахсӣ рабт дорад.
Аллоҳ ин 3 умурро барои мусалмонон фарз гардонидааст. Ҳамаи инҳо вазифаҳои шаръӣ ҳастанд, ки ба сабаби иҷрои он мӯъминон як навъ ибодатро ба ҷо меоранд ва ба сӯи Худованд наздик мешаванд. Барои мусалмон ҷоиз нест, ки ба фарз будани рӯза имон ораду фарзияти қасосгирӣ ё васиятро инкор кунад. Дар ҳоле, ки ҳукми ҳамааш бо як ибора омадааст: “кутиба алайкум”, яъне ба шумо фарз шудааст.
Албатта шариати исломӣ бар ҳамаи рафтори мукаллафон ҳоким аст. Ҳар як амал ё ҳодиса дар шариат ҳукми худро дорад ва дар мазҳаби Имоми Аъзам (раҳматуллоҳи алайҳ) яке аз аҳкоми ҳаштгонаро ба худ касб мекунад:
- Фарз;
- Воҷиб;
- Суннат;
- Мустаҳаб;
- Мубоҳ;
- Макрӯҳ;
- Муфсид;
- Ҳаром.
Барои фарогири тамоми умури зиндагии мардум будани ислом дар суннат низ далелҳои фаровон омадааст.
Аз Расули Худо (с) собит шудааст, ки ба ҳар коре, ки ба Аллоҳ наздик месозад, моро амр кардаанд ва аз аъмоли дуркунанда аз Аллоҳ боздоштаанд. Расули Худо (с) бароямон суннати хешро ба мерос гузоштанд, ки “шабаш мисли рӯз аст ва аз он касе гумроҳ намешавад, магар ҳалокшаванда” (ривояти Аҳмад ва Ибни Моҷа, ҳадиси саҳеҳ)
Мутафаккире барномаи фарогирии исломро чунин нозукбинона эзоҳ додааст:
“Ислом низоми шомилест, ки тамоми падидаҳои рӯзгорро фаро мегирад. Ислом давлат асту ватан аст, ҳамчуноне ки ҳукумат асту халқ аст, ахлоқ асту қувват аст, ҳамчуноне ки раҳмат асту адолат аст, фарҳанг асту қонун аст, ҳамон тавре ки илм асту амал аст, модда асту сарват аст, ҳамон гунае ки касб асту беҳоҷатист, мубориза асту даъват аст, чуноне ки лашкар асту андеша аст ва ҳамзамон ақидаи содиқ асту ибодати саҳеҳ аст. Ҳамаи ин асосҳо дар нисбат ёфтан ҳамчун як ҷузъ ва асли ислом ҳукми баробар доранд”.
Ҳамаи ин бахшҳои мазкур чун ақидаву ибодат, сиёсату иқтисод ва ахлоқу фарҳанг асосҳои дини мубини исломанд ва бо ҳамдигар робитаи ногусастанӣ доранд.
Аз ин рӯ, чӣ дилписанд аст тамошои бародари мусалмоне, ки дар масҷид бо чашмони гирён бо Худо розу ниёз дорад! Чи хуш аст, ки ҳамин бародарро баъди чанд лаҳзае ҳамчун воиз дар минбари масҷид ва ё ҳамчун муаллим дар мактаб ё донишгоҳ бубинӣ. Чӣ такондиҳанда аст ҳиммати ин бародари имонӣ, ки баъди чанд фурсати дигар ба майдони варзишӣ ҳозир шуда, моҳирона футболбозӣ кунад ва ё дар ҳавзи шиноварӣ ба шино пардозад… Инчунин чӣ рӯҳ мебахшад фаъолияти ин ҷавон, ки баъди муддате дар майдони тиҷорат ҳамчун тоҷири комёб ба мушоҳида бирасад.
Ин ҳама паҳлӯҳои ҳаёти як фард аст, ки ислом барои фаъол ва пирӯз будан дар ҳар яки он фаро мехонад. Ислом ҳаргиз тарафдор нест, ки як ҷузъи зиндагиро гирему ҷузъи дигарро сарфи назар намоем.
Шахсе, ки китобҳои фиқҳи исломии мазҳабҳои мухталифро мутолиа мекунад, дарвоқеъ, исломро чунон меёбад, ки ҳама шууни зиндагиро фарогир аст: аз фиқҳи таҳорат то фиқҳи тиҷорат, оиладориву ҷомеашиносӣ ва давлатдорӣ. Одатан, ин падида ҳатто ба толибилмони навомӯз низ ошкору равшан аст. Зеро ислом рисолати тамоми ҷанбаҳои зиндагист, рисолати кулли инсонҳост, ҳамчуноне ки рисолат ба ҳамаи олам ва давру замон аст.
Ҳамин тавр, ҷои таъкид аст, ки динро ҳамчунон ки барномаи комилу шомили зиндагии мусалмон аст, бояд донист ва ба мардум бо тамоми ҷанбаҳояш муаррифӣ бояд кард.
- Ислом пайравӣ кардан ба ҷузъе аз аҳком ва тарки ҷузъҳои дигарро манъ мекунад.
Худованд дар ин хусус ба бани Исроил ваъдаи азоб дода мегӯяд:
أَﻓَﺘُﺆْﻣِﻨُﻮنَ ﺑِﺒَﻌْﺾِ اﻟْﻜِﺘَﺎبِ وَﺗَﻜْﻔُﺮُونَ ﺑِﺒَﻌْﺾٍ ﻓَﻤَﺎ ﺟَﺰَاءُ ﻣَﻦْ
ﯾَﻔْﻌَﻞُ ذَﻟِﻚَ ﻣِﻨْﻜُﻢْ إِﻟﱠﺎ ﺧِﺰْيٌ ﻓِﻲ اﻟْﺤَﯿَﺎةِ اﻟﺪﱡﻧْﯿَﺎ وَﯾَﻮْمَ اﻟْﻘِﯿَﺎﻣَﺔِ ﯾُﺮَدﱡونَ إِﻟَﻰ أَﺷَﺪﱢ
اﻟْﻌَﺬَابِ وَﻣَﺎ اﻟﻠﱠﮫُ ﺑِﻐَﺎﻓِﻞٍ ﻋَﻤﱠﺎ ﺗَﻌْﻤَﻠُﻮن
“Оё ба баъзе аз аҳкоми китоб имон меореду баъзеи дигарро бовар намекунед? Пас, ҷазои касоне, ки чунин карданд, танҳо хориву зиллат аст дар ҳаёти дунё ва рӯзи қиёмат ба азоби шадидтар бозгардонида мешаванд. Ва Аллоҳ аз он амале, ки анҷом медиҳанд, ғофил намебошад”.
(сураи Бақара, ояти 85)
Вақте ки яҳудиён хостанд ба ислом бо шарте дароянд, ки аз пайравии баъзе аз расму одатҳои динии худ даст нахоҳанд кашид, ба мисли риояти ҳаром будани моҳидорӣ дар рӯзи шанбе, Паёмбар (с) чунин дархости онҳоро рад карданд. Паёмбар (с) фаҳмониданд, ки ислом чунин чашмдоштро қабул надорад ва динро бояд ба пуррагӣ пазирӯфт. (Тафсири Табарӣ, 2/335)
Дар ин бобат ояти қуръонӣ омадааст:
ﯾَﺎ أَﯾﱡﮭَﺎ اﻟﱠﺬِﯾﻦَ آﻣَﻨُﻮا ادْﺧُﻠُﻮا ﻓِﻲ اﻟﺴﱢﻠْﻢِ ﻛَﺎﻓﱠﺔً وَﻻ ﺗَﺘﱠﺒِﻌُﻮا ﺧُﻄُﻮَاتِ اﻟﺸﱠﯿْﻄَﺎنِ إِﻧﱠﮫُ ﻟَﻜُﻢْ ﻋَﺪُوﱞ ﻣُﺒِﯿﻦ
“Эй онҳое, ки имон овардед, ба ислом бо пуррагӣ дароед ва ба қадамҳои шайтон пайравӣ накунед. Зеро шайтон ба шумо душмани ошкор аст”. (сураи Бақара, ояти 208)
Ибни Касир дар тафсири ин оят мегӯяд:
“Худованд бандагонеро, ки ба ӯ имон овардаанду Паёмбарашро тасдиқ кардаанд, хитоб карда мегӯяд, ки бояд ба қадри тавоноӣ ҷамии қонунҳои исломро риоя кунанд ва онҳоро ба амал оваранд. Аз ҳамаи манъкардаҳои Аллоҳ дурӣ ҷӯянд”. (Тафсири Ибни Касир, саҳ. 247)
Ҳамзамон Худованд Паёмбарашро хитоб карда мегӯяд:
وَأَنِ اﺣْﻜُﻢْ ﺑَﯿْﻨَﮭُﻢْ ﺑِﻤَﺎ أَﻧْﺰَلَ اﻟﻠﱠﮫُ وَﻻ ﺗَﺘﱠﺒِﻊْ أَھْﻮَاءَھُﻢْ وَاﺣْﺬَرْھُﻢْ أَنْ ﯾَﻔْﺘِﻨُﻮكَ ﻋَﻦْ ﺑَﻌْﺾِ
ﻣَﺎ أَﻧْﺰَلَ اﻟﻠﱠﮫُ إِﻟَﯿْﻚَ
“Ва миёни онҳо бо он чи Худо нозил кардааст, ҳукм бикун ва пайрави хоҳишоти онҳо машав ва нагузор, ки туро ба фитна андохта, аз баъзе аҳкоме, ки Худо нозил кардааст, дур гардонанд”. (сураи Моида, ояти 49)
Ин ҷо Худованд Паёмбарашро хотирнишон мекунад, ки аз номусалмононе, ки зоҳиран ба баъзе аз аҳкоми илоҳӣ пайравӣ карда, аз баъзеи дигараш даст мекашанд, эҳтиёт намояд. Ин хитоб барои ҳар як нафаре, ки масъулияти уммати исломиро ба ӯҳда дорад, марбут мебошад. Шоир сабаби шикасти ин қабил инсонҳоро дурӣ аз Қуръон мешуморад:
Хор аз маҳҷурии Қуръон шудӣ,
Шиквасанҷи гардиши даврон шудӣ.
Эй чу шабнам бар замин афтандаӣ,
Дар бағал дорӣ китобе, зиндаӣ.
То куҷо дар хок мегирӣ ватан?
Рахт бардору сари гардун фикан!
Дар ҳақиқат таълимоти исломӣ ва аҳкоми он ба мисли ақидаву шариат, ахлоқу ибодат ва муомилот ҳамон вақт самараи худро медиҳад, ки комилан ба он пайравӣ намоем. Зеро баъзеи он ба баъзеи дигар вобастагӣ дорад. Ин ба ҳамон тавсияномаи комили табиб монандӣ дорад, ки ба бемор пешниҳод мекунад: ғизои комил, доруҳои мухталиф, худдорӣ аз баъзе чизҳо ва машғулият ба баъзе аз тамринҳо… Бемор агар хоҳад, ки шифо ёбад, бояд тамоми тавсияҳои табибро комилан амалӣ намояд. Баногоҳ тарк намудани ҷузъе аз он ба натиҷаи табобат бетаъсир нахоҳад монд.
Идома дорад
Содиқҷон Шокир