Рубрики Хабарҳо

Дар Суғд боз як гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Узбекистон боз шуд

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, гузаргоҳи сарҳадии «Қуштегирмон» боз шуда, ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд.

Чанд рӯз пеш гузаргоҳи сарҳадии роҳи  “Aндархон-Патар”, ки  шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистонро ба шаҳри Бешариқи Ӯзбекистон мепайваст,  фаъолияти худро 10-уми феврали соли ҷорӣ аз нав барқарор намуда буд.

Айни ҳол барои рафтуомади шаҳрвандон ва убури воситаҳои нақлиёт чор гузаргоҳи сарҳадӣ байни ин ду кишвар, гузаргоҳи «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзода, «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳ, «Патар» дар шаҳри Конибодом ва «Қуштегирмон» дар ноҳияи Спитамен фаолияти худро ба роҳ мондаанд.

Айни замон, миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гуфтушунидҳо дар бораи бекор намудани низоми раводид ва аз байн бурдани монеаҳои савдо, тахфифи таррофаҳо барои интиқоли молу коло, барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди байнидавлатӣ ва  ғайра идома дорад.

Гуфта мешавад, ки дар арафаи иди Наврӯз гузаргоҳи «Ҷартеппа» дар марзи Панҷакенту Самарқанд ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ  бо сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев  ба Тоҷикистон меояд. Умед меравад дар ин сафар ба бисёре аз масъалаҳои баҳсбарангези миёни  ду кишвар нуқта гузошта шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *