Рубрики Хабарҳо

Таҳдиди Макрон ба Асад: Аз силоҳҳои химиёвӣ истифода кунед ҳамла мекунем

Эмануил Макрон, президенти Фаронса рӯзи сешанбе, 13 феврал 2018 ба Башшор Асад, президенти Сурия  таҳдид намуда гуфт, ки агар дар Сурия аз таслиҳоти химиёвӣ алайҳи шаҳрвандон истифода шавад, Фаронса Сурияро мавриди ҳамлаи низомӣ қарор хоҳад дод.

Дар ин бора хабаргузории иттилоъ додааст.

Президенти Фаронса ба хабарнигорон гуфт: «Дар заминаи таслиҳоти химиёвӣ хатти қирмизӣ таъйин кардам. Ниҳодҳои кашфии низомӣ ва нирӯҳои мусаллаҳи мо ҳанӯз таъйид накардаанд, ки таслиҳоти химиёвӣ алайҳи шаҳрвандон дар Сурия тибқи сару садоҳои созмонҳои байналмилалӣ истифода шудааст.»

Эмануил Макрон рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта низ дар тамоси телефонӣ бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ нигаронияшро аз истифодаи низомиён аз гази хлордор, ки дар рӯзҳои ахир алайҳи шаҳрвандони Сурия истифода шуда буд, иброз кард.  

Аммо Русия ҳама талошҳои кишварҳои ғарбиро дар шӯрои амният барои маҳкум кардани режими Башор Асад ба далели истифода аз таслиҳоти химиёвӣ алайҳи мардуми Сурия ноком кардааст. Ҷониби Маскав мегӯяд, ки ҳеҷ далел барои маҳкум кардани Асад вуҷуд надорад.

Ҳамчунин кишварҳои ғарбӣ низ Русияро муттаҳам мекунанд, ки аз Башшор Асад ҳимоят мекунад то ба далели ҷиноятҳояш муҷозот нашавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *