Бори аввал дар таърихи Амрико, як шабакаи телевизионӣ барои зуҳури наттоқи бо ҳиҷоб дар оинаи нилгун мувофиқат кард.
Ба гузориши шабакаи ҷаҳонии Ал-Ҷазира як шабакаи телевизионии Амрико барандагии барномаи хабариашро дар ихтиёри як бонуи сатрпӯш гузоштааст.
Ин фурсат дар ихтиёри Тоҳираи Раҳмон қарор гирифтааст, ки аввалин наттоқи хабарии боҳиҷоб дар ин шабака ва умуман Иёлоти муттаҳида Амрико маҳсуб мешавад.
Алҷазира меафзояд, Тоҳира дар телевизиони «W.E.B.» тобеъи шабакаи телевизионии CBS барандагӣ хоҳад кард. То ин замон Тоҳира дар ин шабака ҳамчун хабарсоз ифои вазифа мекарда, саъю талошашро барои расидан ба ин ҳадафаш канор намегузошт..
Шабакаи мазкур илова мекунад, ки билохира орзуи Тоҳира амали шуда, шабакаи «W.E.B.» барои бо ҳиҷоб зоҳир шуданаш мувофиқат кард.
Дар мусоҳибае ки худи ин шабака бо Тоҳира бо ӯ анҷом додааст, Тоҳира мегӯяд: «ҳеҷ боварие надоштам, ки рӯзе ин иттифоқ меафтад. То ҳол касе ба ҳадди ман дар канали амрикоӣ нарасидааст».
Инчунин Тоҳира меафзояд, ки мушкилиҳои зиёдро дар ин ҷода аз сар гузаронд, чун барои ҳиҷоб доштанаш коргардонҳо барои дар эфир баромаданаш монеъ мешуданд.
Дар охир илова мекунад, ки » боварии комил доштам ки ҳатман рӯзаш мерасад ва яке аз коргардонҳои шабака мувофиқат мекунад».