Рубрики Хабарҳо

ЖАК ИВ КУСТО

“ Қасам мехӯрам,  ин Қуръон, ки илми муосир аз он 1400 сол қафо мондааст, наметавонад офаридаи дасти инсон бошад. Дар ҳақиқат ин каломи Парвардигор аст!”

 (Жак Ив Кусто)

Жак Ив Кусто дорандаи истеъдодҳои зиёде буд. Афсари қувваҳои обӣ, коргардон, уқёнусшинос, ихтирокор вахелеи дигар ҳунарҳо аз дасташ меомаданд. Ӯ муаллифи 50 китоб ва 200 филми ҳуҷҷатии телевизионист. 

Нуфӯзу номи эътирофшуда дошта бошад ҳам, ҳаёташ доимо огандаи хатароти ҷиддӣ ҳам, ҷолибият ҳам буд. Дар ҳама соҳаи улум мутахассиси хубе буда, соли 1947 вай рекорди ҷаҳониро  бо ғӯтавар шудани 300 фут ба қаъри уқёнус ба даст овард. Дастгоҳи ӯ Aqualung ҳангоми ба вартаи об фуромадани киштиҳо хеле кор медод, то дар соҳаи уқёнусшиносӣ кашфиёти нав ба нав ба даст орад. Ин асбобро соли 1943 бо ихтирокор Эмил Гагнан якҷоя сохтанд.  Ин ихтироъ ба диверсантҳо имкон дод, ки масофаҳои тӯлонитарро назар ба солҳои пеш тай кунанд.

Ба ғайри ин, Кусто дигар намудҳои  таҷҳизоти зериобиро, аз ҷумла бисёр системаҳои равшанидиҳанда ва камераҳои зериобиро, ки имрӯз мо истифода мебарем, ихтироъ кардааст. Соли 1936 ба садамаи мудҳиши автомобилӣ гирифтор шуда, хушбахтона дар амон монд. Аммо аз ин садама аз  паҳлӯи чапаш фалаҷ ва якчанд устухонҳояш шикаста буданд. 

Мавридҳое ҳам буданд, ки духтурон ба қарори қатъ кардани баъзе аъзояш омаданд, то ранҷи беҳад накашад.  Кусто аз ин табобат даст кашид ва роҳи дарозтар ва дардоварро барои барқароршавӣ интихоб кард.

Жак-Ив Кусто — таҳқиқотчии  фаронсавии уқёнуси ҷаҳонӣ, коргардони филмҳои маъруфи илмии «Обҳои зеризаминӣ», ихтироъгари фишангҳои обӣ, муаллифи бисёр китобҳо дар бораи олами зериобӣ. Дӯстонаш  ӯро капитан Кусто меномиданд. Умуман, метавон гуфт, ки заҳамоти таҳқиқоти Кусто барои оламиён як дунёии нилгуни уқёнусро кашф кардааст. 

Жак-Ив дар зодгоҳаш минтақаи  Бордо, дар як шаҳри хурде бо номи Сент-Андре-де-Кубзак таваллуд шудааст. Падари ӯ Дониёл ҳуқуқшинос буд, дар тамоми кишвар ҳамчун ҷавонтарин ҳуқуқшинос, ки унвони докторӣ гирифтааст, шинохта шуда буд. Модараш  Элизабет дар оилаи дорусозон таваллуд шудааст, аммо тамоми умраш бо хонавода ва тарбияи Жак-Ив ва бародари калонии ӯ Пйер Антуан машғул буд. ҳли хонвода ҳамеша сокини Париж бошанд ҳам, умрашон бештар дар сафарҳо гузаштааст. Лаҳазоти истироҳат Кустои хурдӣ бо шиноварӣ машғул мешуд ва аз ҳамон даврон ба уқёнус меҳри пайваста пайдо кард. Даар ҳаамагӣ 7-солагиаш табибон таашхиси бемории музмини энтерит гузошта буданд. з ин ҷост, ки тамоми умр сахт лоғар буд. 

Пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, оилаи Кусто ба Иёлоти Муттаҳида кӯчид, ки дар онҷо Жак-Ивро аз рӯи ихтисоси  механика ва ихтироъ ба омӯзиш гузоштанд. Пас аз бозгашт ба Париж, писари 13-сола модели мошинеро ихтироъ кард, ки  муҳаррикаш ба қудрати батарея кор мекард ва инчунин дорои камерае буд, ки ҷаҳони атрофро ба навор мегирифт. Наврас он қадар ба  чизҳои ихтироъкардааш таваҷҷӯҳ дошт, ки ба дарсҳои мактаб вақт ҳам ҷудо карда наметавонист. Аз ин рӯ, волидон писарашонро ба интернати махсусе гузоштанд,  ки онро бо баҳои аъло хатм кардааст. Сипас рӯ ба Академияи баҳрӣ овард ва хидматро дар Шанхай адо намуд. Боре ӯ дар мағозаи канори роҳ айнаки муҳофизаткунандаро дид. Баъд аз озмоиши онҳо Жак-Ив дарк кард, ки ҳаёти худро ба чӣ бахшиданист. Дар аввали солҳои 1950-ум, Жак-Ив Кусто як истихроҷи кӯҳнаи истифоданашудаи Нерӯи Шоҳигарии Бритониёро ба иҷора гирифта, онро Калипсо номид ва ба омӯхтани уқёнус шурӯъ кард. Дар натиҷаи ин экспедитсия китоби маъруфи илмии «Дар ҷаҳони сукут », ки соли 1953 ба табъ расида буд, ба даст омад.  Вай ба Кусто шӯҳрати ҷаҳонӣ овард ва филм, ки бо ангезаҳои ӯ ба навор гирифта шудааст, фавран ӯро дар жанри филмҳои ҳуҷҷатӣ машҳур сохт. Ба нақши “Дар дунёи сукут” ҷоизаи Оскар ва Шохаи нахли тиллойӣ эҳдо шуд. 

Баъд аз он як силсила филмҳо ба монанди “Моҳии тиллоӣ”, “ Ҷаҳони беофтоб” “Одисеяи дастаи Кусто” рӯйи навор омаданд, ки давоми 20 сол бар дӯстдорони ин соҳа рӯйи оинаҳои нилгун пешкаш гардиданд.  Илова бар он, Жак-Ив чунин силсилаи филмҳоро дар бораи уқёнусҳо, баҳрҳо, дарёҳо ва сокинони онҳо, аз қабили «Оазис дар фазо», «Рӯйдодҳо дар Амрикои Шимолӣ», «Амазонка», «Кашфи дубораи ҷаҳон» ва бисёр дигарро офаридааст. Ин филмҳо муваффақияти беандоза доштанд, зеро ба одамон имконият доданд, ки ҷойҳоеро, ки дастрас нестанд, бубинанд. Аммо на ҳама коршиносон кори Кусторо тасдиқ мекарданд. Ӯро борҳо барои озори мҳиён ҳам интиқод мекарданд, аммо ин кораш на аз ҳама ҷониб озор аст, зеро мақсадаш омӯзиши комилтари дунёи зериобӣ буд.,
Дар аввал, Жак-Ив Кусто бо истифодаи ниқоб ва қубурчае зери  об фуруд меомад, аммо баъд бо дӯсташ Эмил Ганян дастгоҳе сохтанд, ки барояшон имкон медод, то дар чуқуриҳои об ҳам нафас гирифта тавонанд.   Аввалин акваланг дар ҷаҳон соли 1938 озмуда шуд ва на танҳо Кусто, балки ба бисёр олимон барои беҳтар шинохтани ҷаҳони зери об кӯмак кард. Имрӯз, эҳтимолан, дар зери об расм гирифтан амали ғайриоддӣ ба назар намерасад, аммо дар замони  Жак-Ив ҳеҷ кас тасаввур карда наметавонист. Ӯ ҳамон буд, ки камераи обногузар ва дастгоҳи рӯшноиро таҳия кард ва баъдтар аввалин системаи телевизиониро сохт, ки қодир ба наворбардорӣ дар қаъри дарё буд. 

Бори аввал, Жак-Ив Кусто соли 1937 бо Симон Мелхиор, духтари адмирали машҳури Фаронса издивоҷ кард. Симон дар аксари экспедитсияҳои шавҳараш ширкат варзид ва гурӯҳи экипажи мина Калипсо бо лақаби меҳрубонона гузоштаи шавҳараш  “Чӯпонзан” иштирок мекард. Ҳамсарон ду писар доштанд — Жан-Мишел ва Филипп, ки соли 1979 ҳангоми суқути ҳавопаймои Каталина дувум писараш даргузашт. Пас аз ин фоҷиа, муносибатҳои байни Жак-Ив ва Симон барбод рафт. Онҳо ба зиндагии алоҳида  шурӯъ карданд, аммо расман ҳеҷ гоҳ ҷудо нашуданд. Вақте ки Симон аз бемории саратон даргузашт, Кусто бо Франсини Триплет издивоҷ кард, ки бо ӯ то ин дам ҳам зиёда аз 10 сол зиндагӣ карда фарзанд доштанд. Жак-Ив Кусто 25 июни соли 1997 аз инфаркти миокард вафот кард. Ҷасади олими бузург дар қабристони  оила дар қабри Сент-Андре-де-Кубзак дафн карда шуд, ки дар онҷо тамоми аҷдодонаш ором гирифтаанд. 

 Ҷолиб он аст, ки хотираи Жак-Ив Кусто на танҳо дар Фаронса, балки дар Русия низ сабт шудааст. Масалан, яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар Петербург бо омӯзиши амиқи забони фаронсавӣ ба номи ӯ гузошта шудааст.  

Як олиме, ки дар ҷаҳон машҳур аст, гуфт, ки интихоби Ислом қарори дуруст дар ҳаёташ буд. Боре, ҳангоми кор кардани яке аз лоиҳаҳои худ, ӯ ҳайрон шуд, ки обҳои уқёнуси Атлантика ва Баҳри Миёназамин ба ҳам омезиш намеёбанд, гарчанде ки дар байни онҳо монеаи намоёни моддӣ мавҷуд нест. Ин яке оби ширин ва дигаре таъми шӯр дошт. Ҳатто ҷонварони обӣ ҳам аз тарафи оби шӯр бар ширинаш намегузаштанд. Минбаъд барояш хабар доданд, ки ин ҳолат дар китоби муқаддаси исломиён -Қуръон, дар сураи “Ар-Раҳмон” зикр шудааст.  Ҳамин ҷо ҳарфе ба забон овард, ки чунин буд.

 “ Қасам мехӯрам,  ин Қуръон, ки илми муосир аз он 1400 сол қафо мондааст, наметавонад офаридаи дасти инсон бошад. Дар ҳақиқат ин каломи Парвардигор аст!”  (Жак Ив Кусто)

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *