Ҳавопаймои ATR 72-и ширкати Aseman Airlines бо 60 мусофир ва 6 аъзои ҳайати сарнишинон, ки бо хатсайри Теҳрон — Ясуҷ, шаҳри воқеъ дар қисмати ҷанубу ғарбии Эрон парвоз мекардааст ба садама дучор шуда, ягон нафар ҷон ба саломат набурдаанд.
Дар ин бора хабаргузории хабар додааст.
Тибқи манбаъ, тақрибан баъди 20 дақиқаи оғози парвоз аз фурудгоҳи Теҳрон робита бо ҳавопаймо қатъ шудааст. Ҳавопаймо дар мавзеи душворгузар афтода, айни замон наҷотдиҳандагон бо худравҳо талош доранд, ки ба ин мавзеъ раванд. Бар асари тумани ғализ чархболҳо дар ҷойи ҳодиса нишаста наметавонанд.
Ҳавопаймо дар наздикии шаҳри шаҳри Симируми вилояти Исфаҳон, воқеъ дар тақрибан 620-километрии ҷануби Теҳрон суқут кардааст. Дар ширкати ҳавопаймоӣ изҳор доштаанд, ки ҳамаи одамони дохили ҳавопаймо ҳалок шудаанд.
Тавре манбаъ мегӯяд, обуҳаво дар маҳалли суқути ҳавопаймо номусоид буда, ба корҳои ҷустуҷӯ монеъа эҷод месозад. Тахмин мешавад, ки маҳз ҳамин обуҳавои номусоид ба садамаи ҳавопаймо сабаб шудааст.