Рубрики Хабарҳо

«Нуъмонҷон Шарипов ба Тоҷикистон истирдод шуд»

Вакили дифоъи Нуъмонҷон Шарипов, гуфт мақомоти Туркия ин узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба Душанбе истирдод карданд.

Тибқи гуфтаи вакили дифоъи ӯ, истирдоди Шарипов рӯзи ҷумъа сурат гирифтааст.

Вакили дифоъ гуфт ӯ рӯзи ҷумъа 16 феврал ҳамроҳ бо писари Нуъмонҷон Шарипов ба Кумитаи муҳоҷирати Туркия рафта эълон кардаанд, ки Шарипов тайёр аст ба кишвари саввум биравад. Мақомоти кумита дар посух аз онҳо хостанд то барояш ба рӯзи душанбе, яъне имрӯз билет бихаранд.

Имрӯз, вақте бо билет ба Кумитаи муҳоҷират меоянд, онҳо эълом мекунанд, ки Шарипов рӯзи ҷумъа ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Як нафаре, ки даъво дорад рӯзи 16.02 ба Тоҷикистон парвоз кардааст, ба Паём хабари истирдоди Шариповро тасдиқ кард ва гуфт ӯро бо мошини сафорат ба фурудгоҳи Отатурки Истамбул бурдаанд. Шахсияти ин нафарро Паём натавонист муайян кунад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи писари Нуӯмонҷон Шарипов аз забони кормандони боздоштгоҳ, худи масъулони сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба боздоштгоҳ омада, ин узви ҲНИТ-ро талаб карда бо худ бурдаанд.

Тибқи гуфтаи вакили дифоъ ҳеҷ гуна қарори додгоҳ ҳам дар бораи истирдоди Шарипов вуҷуд надорад.

Шарипов рӯзи 04.02 аз тарафи пулиси Истамбул дар назди чойхонаи шахсияш боздошт шуда буд.

Ба Нуъмонҷон Шарипов дар Тоҷикистон шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ таҳдид мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *