11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Маъруф Лангарчиев: як одами босавод дар ин режим нест, ки лоъакал дурӯғи наве созад

Ҳаракати сиёсии “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” замоне шинохта шуд, ки дар соли 2014 чанд гирдиҳамоие дар шаҳрҳои Русия баргузор кард. Баъдан мақомоти Русия чанд фаъоли ин ҳаракатро боздошт намуданд ва раҳбари он Мақсуд Иброҳимов ба Тоҷикистон истирдод шуд. Додгоҳи Тоҷикистон ӯро ба 17 соли зиндон маҳкум кард.

Аъзои ҳаракат, ки алъон бешатр дар Аврупо қарор доранд, ба фаъолияти сиёсии худ идома медиҳанд. Маъруф Лангарчиев, яке аз роҳбарони ин ҳаракат дар мусоҳибааш бо Паём дар бораи фаъолияти сиёсиаш ҳикоя кард.

— Баъди истирдоди Мақсуд Иброҳимов ба Тоҷикистон, Шумо раҳбарияти созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро ба дӯш гирифтед. Дар марҳилаи баъдӣ ҳеҷ маълумоте дар бораи созмон дастраси мо нашуд. Шумо метавонед дар ин бора маълумот диҳед?

— Дуруст, ман баъд аз зиндонӣ шудани Мақсуд Иброҳимов роҳбарияти созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон»-ро ба ӯҳда гирифтам, вале бинобар камбуди вақтам роҳбариро дар ҷаласаи навбатӣ ба дӯши ҷонишинам Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор гузошта, худам ҷонишинии ӯро бар ӯҳда гирифтам.

— Тақдири аъзои дигари гурӯҳ чӣ шуд? Онҳо айни ҳол дар куҷоянд?  
— Созмон бо гурухи 24 пайваст ва тамоми аъзои мо ҳанӯз фаъол ҳастанд.

— Идеяи таъсиси чунин як созмон дар онҳое, ки дар Русия мезистанд, аз куҷо пайдо шуд?

Ҳадафи бунёди созмон аз аввал сиёсӣ набуд, мо максади дифоъ аз ҳуқуқи ҳамватанонамон дар тамоми ҷаҳонро доштем, билхусус дар Руссия, ки бештари ҳуқуқҳои ҳаммеҳанонамон поймол мешуд. Баъд аз ҳамлаи ноҷавонмардонаи режими худкома ба Мақсуд Иброҳимов мо созмонамонро сиёсӣ ва мухолифи режим эълон кардем. Имрӯз ҳам мақсади Созмон баробарҳуқуқӣ, озодӣ, озодии баён ,озодии дину мазҳаб ва барканор сохтани режими золиму ғосиб аст.

— Замоне, ки Иброҳимов ба ҷамъомаду гирдиҳамоиҳояш дар Русия оғоз кард, дар Тоҷикистон овозаҳое буданд, ки созмони шумо аз тарафи Русия маблағгузорӣ мешавад, то дар ҳолати Х барои фишор ба маақомоти Тоҷикистон истифода шавад. Яъне дар маҳфилҳои расмӣ инро, ки шумо созмони мустақил ҳастед ва ислоҳи вазъ дар кишварро мехоҳед, қатъан қабул надоштанд. Дар асл воҷеъият чӣ буд? Оё муомилае бо мақомоти Русия вуҷуд дошт?

— Бо Русия мо ҳеҷ ҳамкорие надоштем. Режими Раҳмонов чӣ хеле, ки барои ҳама маълум аст, аз дурӯғу шиорҳои бемаъниву ғайбату бӯҳтон сохта шудааст ва барои рақибонаш ҷуз хоҷагони хориҷиву терористу ғайра истифода намекунад .Чун як одами босавод дар ин режим нест, ки лоъакал як дурӯғи нав бияндешад.

— Дар чанд мусоҳиба Шумо пешниҳоди ҳамбастагии мухолифинро карда будед. Ин ҳамбастагиро чӣ гуна мебинед?
— Оре ман ҳама вақт мегуфтаму боз мегӯям ,ки мо тоҷикон бояд як оппозисиюн  дошта бошем, чун мақсади мо як аст, душмани мо як аст. Мо бо Гурӯҳи 24 ба як ҳадаф расидем, имрӯз мо як шӯро дорем. Боиси хушҳолист, ки  мо тавонистем бо ҳам режими кунуниро ба ларза дарорем.

Алъон ба мухолифин ташкилотчигӣ ва таҷрибаи мубориза бо режим намерасад, вале дар ҳаракоташон ҷиддиянд, ки боиси хушҳолист. Дар иттиҳоди мухолифин ман мехостам тамоми Тоҷикистонро ба ғайр аз режими кунинӣ бинам. Вале агар ҷиддӣ гӯем, ман дар иттиҳод мехоҳам ҳамаи гурӯҳҳои мухолиф ва фаъолони алоҳидаро бинам.

Мо бо бисёре аз мухолифин вохӯрӣ доштем ва вохӯриҳое дар пеш дорем, вале мутаъассифона наметавонам ҳамаи кортҳоямро боз кунам. Вақташ расид боз бо инояти Худо дар ин бора сӯҳбат хоҳем кард.

— Чӣ барномае барои оянда доред?
— Дар солҳои 2016-2017 мо бо ҳам гирдиҳамоиҳоро ташкил додем дар тамоми Урупо ва тавонистем ба гӯши тамоми созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ садои мардуми мазлуми Ватанро бирасонем. Ниқоби демокросиро аз рӯйи Раҳмонов ки 25 сол ба сураташ часпида буд, тавонистем барканем ва ба дунё нишон диҳем ки ҳар ошғоле ки ҷило медиҳад тилло нест. Имрӯз ҳам ман аз ҳамаи мухолифони ин режим хоҳиш мекунам, ки рӯи як миз бояд биншинем ва бо ҳам нақшаи ояндаи Ватани ободу озодро бикашем. Чун аз сарҷамъии мо бастагӣ дорад, ки режими золимон чӣ қадари дигар умр мебинад.

— Баъди ҳаводиси соли 2012 эътимоди мардуми Бадахшон ба мақомоти расмӣ хеле коста шуд. Алъон назари онҳо чӣ гуна аст? Мардуми Бадахшон ба кӣ бештар бовар мекунанд?

— Мардуми Бадахшон ҳеҷ гоҳ ин режимро ба расмият намешинохт ва нахоҳад шинохт. Мо баъд аз шаҳид Имомназаров  масъулияти роҳбариро ба дӯши Мамадбоқир гузоштем ва ӯ ҳамеша раҳбару пешвои мо боқӣ хоҳад монд. Хуб, ҳастанд тарафдорони режими кунунӣ, вале хушбахтона шуморашон хеле андак аст. Онҳое, ки барои вохӯрӣ бо рохбари давлат омодаи рақсанд ва онҳое ки ҳама миллат дар шабакаҳои хусусии Раҳмонов мебинанд.

Дар асл касе намондааст, ки мардум тақдирашро ба ӯ бовар кунад. Ҳама мунтазиранд, ки кай Ковае, Спитамене, Восеъе ба по мехезад. Вале чун нафаре наст, мардум тоқат мекунад. Вале ҳар сабре охир дорад ва мо бояд аз чунин анҷоме пешгирӣ кунем, то ҳарҷу марҷ ба вуҷуд наояд.

Дар яке аз мусоҳибаҳои худ шумо аз маҳдудшавии ҳуқуқҳои динӣ дар Тоҷикистон ҳарф мезанед. Метавонед дар ин бора муфассалтар ҳарф занед? Оё намояндагони Исмоилия маҳдудшавии ҳуқуқҳои динии худро эҳсос мекунанд? Агар ҳа, дар кадом ҳолатҳо?

— Ман дар бораи таъқиби мардуми диндор гуфта будам — маҳдудкунии ҳуқуқи диндорон, манъи садои азон, пӯшидани ҳиҷоб, рафтан ба масҷид барои онҳое, ки ба синни 18 нарасидаанд ва ғайра. Аммо дар мавриди Исмоилия ҳукумат эҳтиёт мекунад. Дар асл ҳеҷ маҳдудияте ба Исмоилия наметавонад ҷорӣ кунад, чун Памир режимро эътироф намекунад.

— Аълоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV шаш сол мешавад, ки ба Тоҷикистон наомадааст. Ба назари Шумо сабаб дар чист?

— Шоҳзода Оғохон пешвои 16 миллион нафар аст.  Раҳмонов қобили муқоиса бо вай нест. Ҳамчунин ӯ хеле одами босавод аст. Рости гап гоҳе афсӯс мехӯрам, ки тоҷик нест.

Аълохазрат дуруст аст ,ки ҳамеша ба риояи қонун даъват мекунад чи он қонун динӣ бошад чи кониститусионӣ. Вале ҳазрат медонад, ки дар Тоҷикистон қонуне вуҷуд надорад ва ҳамчунин фармоне дигар ба муридонаш ирсол ҳам намекунад. Баъд аз соли 2012 Оғохон ҳавсалаи ҳарф задан бо Раҳмонов дар ягон мавзӯъе надорад ва сабаби наомаданаш ба Тоҷикистон ҳам худдорӣ аз вохӯрӣ бо Раҳмон аст, на бо муридонаш.

— Ба назарир Шумо чаро то ҳол Донишгоҳи Осиёи Марказӣ наметавонад иҷозатномаи фаъолият дарёфт кунад?

— Сабаби надодани ичозатнома ба Донишгохи Осиёи маркази чандто аст. Якум, Рахмонов ва режимаш намехоҳанд миллати босавод дошта бошанд. Барояшон одамҳое лозиманд, ки бо ришва диплом мегиранд. Дуввум, онҳое, ки по пора диплом гирифта пешвову вазиру ҷазир шудаанд аз Оғохон пули бештар мехоҳанд, ки ҳазрат дар умраш ришва надодааст ва нахоҳад дод. Ва дигар мушкилиҳои сунъие, ки ин режим барои пулситонӣ садди роҳи ин донишгоҳ шудааст. Хушбахтона ин донишгоҳ фаъол аст ва донишҷӯён дар он таҳсил мекунанд, агарчӣ ҳанӯз қонунӣ ҳам набошад.

— Ояндаи Тоҷикистонро чӣ гуна мебинед?

— Ман ошиқи Ватанам ҳастам ва бовар дорам, ки ояндаи хубе дорад. Албатта баъди суқути режими Раҳмонов. Ман намехоҳам миллатамро дар хориҷ ғулом бинам. Мехоҳам моро чун фарзандони Ибни Синову Умари Хайём ва Фирдавсӣ шиносанд, на чун миллати Равшану Ҷамшуд. Намехоҳам, ки фарзандонамонро гадо бинам, ҳоле, ки “Пешво” онҳоро расонидааст.  

 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *