Душанбегиҳо аз болоравии нархи роҳкиро норозиянд
Субҳи 21 феврал ронандагони мусофирбарҳои хурд ё маршруткаҳо новобаста аз масофа, аз мусофирон 1,6 сомонӣ мегирифтанд.
То дирӯз сокинони пойтахт бояд 80 дирам то ними роҳ ва 1,6 сомонӣ барои масофаи бештар аз он пардохт мекарданд. Ҳарчанд дар асл нарх дигар буд: 1 сомонӣ то ними роҳ ва 2 сомонӣ барои масофаи бештар.
Болоравии садфоизаи нархҳо бо қарори Рустами Эмомалӣ “Дар бораи нархҳои мусофирбарӣ дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ” сурат гирифт.
“Чӣ хел ман бояд барои як истгоҳ 1,6 сомонӣ пардохт кунам” — норозигӣ мекарданд мусофирон. Ба ҳар ҳол баъзе аз ронандагони “маршрутка”- ҳо барои то 3-4 истгоҳ 1 сомонӣ мегирифтанд.
Тибқи нархномаи тасдиқшуда, барои сафар дар троллейбус сокинону меҳмонони Душанбе ба ҷои 70 дирами қаблӣ, бояд 1 сомон пардохт кунанд. “Нархи роҳкиро дар мусофирбарҳо минбаъд 1,2 сомон ва дар мусофирбарҳои хурд 1,6 сомонӣ аст” гуфт манбаъ.
Тибқи гуфтаи ӯ барои савор шудан ба мусофирбарҳои “экспресс” мусофирон минбаъд бояд 1,5 сомонӣ пардохт кунанд.
Нархи роҳкиро дар мусофирбарҳои берунишаҳрӣ, ки қаблан 1,6 сомонӣ буд, аз ин пас 2 сомонӣ хоҳад буд.
“Барои мусофироне, ки тавассути кортҳо (QR-Kod) пардохт мекунанд, тахфифи дар назар гирифта шудааст. Барои донишҷӯёне, ки кортро барои беш аз 50 сафар мехаранд, 30% ва барои мусофирони дигар 15% тахфиф дода мешавад” — хабар медиҳад манбаъ.
Бори охир нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари Душанбе соли 2011 боло бурда шуда буд. Дар ин марҳала нархи сӯзишворӣ 60 дарсад ва нархи барқ 3,5 баробар афзоиш ёфт.