Рубрики Хабарҳо

Вижагиҳои аҷибу ғариби диктаторҳо

Ким Ҷунг Ил раҳбари Кореяи Шимолӣ

Ким Ҷунг Ил, ки ба унвони «Раҳбари азиз» (пешвои муаззами миллат) низ шинохта мешавад, байни 1994 ва 2011 раҳбари Ҷумҳурии демократӣ-халқии Корея буд. Ӯ аз худ шахсиятсозиро аз падараш ба ирс бурда буд. Падараш низ қаблан раҳбарии Кореяи Шимолиро ба ӯҳда дошт, вале писар мошини таблиғотии давлатро бештар тавсеа дод.  Ин таблиғот то андозае буд, ки ӯро дар чашми мардумаш шахсияти тақрибан худогуна сохта буд. Ӯро ба ҳадде тавоно мепиндоштанд ва ситоиш мекарданд, ки бовар доштанд метавонад аз тариқи ҳолати рӯҳии худ обу ҳаворо контрол кунад. Вақте овозаҳо дар мавриди мушкилоти саломатии ӯ қувват гирифт, ва натавонист дар ҷашни машъали олимпӣ соли 2008 дар Пхенян ҳозир шавад, давлати Кореяи Шимолӣ маҷбур шуд эълом кунад, ки Ҷунг Ил ҳам як инсони фонӣ аст ва ба сактаи қалбӣ гирифтор шудааст. Овозаҳо ҳокӣ аз он буд, ки ӯ як шахси шабеҳ ба худашро ба хидмат гирифтааст то мушкилоти саломатиашро пинҳон кунад ва ба парвариши тасаввури хаёлии  ҷовидонагиаш идома диҳад.

Ким Ҷунг Ил тарси шадиде аз парвоз бо ҳавопаймо дошт. Бинобарин ҳамеша бо мошин ва қатор сафар мекард. Ҳатто барои вохурӣ бо Горбачёв ҳам аз роҳи заминӣ ба Маскав сафар кардааст.

Муаммар Қаззофӣ раҳбари Либия

Марди инқилобӣ ва сиёсатмадори либиёӣ, писари як галладори бодиянишин (чӯпон), буд, ки бо инқилоб ба раёсати ин кишвар расид. Қаззофӣ бо вуҷуди пешрафти чашмгир ва дастёбӣ ба қудрат, фурӯтани худро  дар ҷомеа ҳифз карда буд, ба истиснои ҷевони либоси нисбатан гаронқиматаш. Дар мавриди иттифоқҳое, ки пушти дарҳои бастаи маҷмӯаи маскунии мустаҳками ӯ дар наздикии Тароблус меафтод, овозаҳое вуҷуд дошт, ки бо ҷойгоҳи иҷтимоии ӯ ба унвони як марди хонаводаи ҷиддӣ ва мазҳабӣ комилан дар тазод аст.

Бар асоси гуфтаи Аник Куҷин, рӯзноманигори нашрияи «Лемунд», Қаззофӣ марде хонумпараст, мутаҷовиз ва шиканҷагар буд, ки ҳарамсарое аз хонумҳоро дар ихтиёр дошт. Муҳофизони укроинии ӯ низ аз ҳуҷумҳои иҷбории ӯ дар амон набуданд. Бар асоси овозаҳо дар меҳмониҳои “зангазангаи” Қаззофӣ бо ширкати Берлоскуни, занҳои мухталиф барои хушгузаронии онҳо ширкат мекарданд.  Қаззофӣ одат дошт, ки дар аксари сафарҳояш хайма ва як бузро ҳамроҳи худ барад.

Николае Чаушеску президенти Руминия

Раисҷумҳури Руминия (1967-1989) ва ҳамсараш ҳангоме, ки ба хотири қатли ом ва ҷамъоварии сарвати номашруъ муҷрим шинохта шуданд, маҳкум ба марг шуданд. Ин ситамгар, ки ба худ лақаби “нобиғаи кӯҳҳои Карпат”-ро дода буд, пас аз инки ба раёсатҷумҳурии Руминия интихоб шуд, дастури сохтани асои шоҳонаро дод. Ба хотири ин кори ӯ як ҳунарманд Салвадор Доли паёме ба ӯ фиристод ва ихтироъи асои раёсатҷумҳуриро бо таъна ба ӯ табрик гуфт. Чаушеску пас аз ин ки яке аз афсарони аршади мавриди эътимодаш гурехт (албатта на ба Сурия), теъдоде аз аъзои хонаводаашро ба мақомҳои давлатӣ мансуб кард, то аз вафодориашон итминон дошта бошад. Чаушеску яке дигар аз қурбониёни ғурур аст, ки аксҳои расмиаш дар 40 солагӣ ӯро дар авҷи муваффақият ба тасвир мекашиданд. Кишвари Румонӣ саросар аз аксҳои ӯ пур буд.

Иосиф  Сталин, раҳбари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ

Ин ситамгари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ки байни солҳои 1925 ва 1953 дар раъси қудрат буд, масъули маргу табъиди миллионҳо инсон буд. Ӯ ниёз дошт аз тариқи тарс ва султа мақоми худро ба унвони раҳбар тасбит кунад, аз ин рӯ барои одамҳо стандардҳои шахсиятӣ таъйин кард. Ҳамчунин маконҳои мухталиф, ҷоизаи Сталин ва ҷоизаи сулҳи Сталин, ба ёди ӯ номгузорӣ шудааст. Сталин бузургворона пазируфт ба ӯ лақабе мисли “нобиғаи ҳушманди башарият” бидиҳанд. Ҷолиб аст, ки ин “нобиға” мехост бо “фурӯтанӣ” дар ёдҳо мондагор шавад. Ў барои ҷалби ҳимояти мардум, дастури сохт маснуоти таблиғотии мухталиферо аз қабили адабиёт, мусиқӣ, наққошӣ, ва филм, содир кард. Ў як бадалкор (двойник) ба номи Рашид дошт, ки пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум, яъне вақте саломатиаш рӯ ба коҳиш буд, дар маросими вижа ва рӯйдодҳои расонаӣ ба ҷойи ӯ ширкат мекард.

Садом Ҳусейн раҳбари Ироқ

Садом Ҳусайн 5-умин раисҷумҳури Ироқ, ки байни солҳои 1979 ва 2003 дар ин мақом буд, хеле муштоқ буд дар кишвараш як шахсияти маҳбуб шинохта шавад. Ба ифтихори ӯ ва ба хотири хушнудии амиқи ӯ, дастури сохти портретҳо, муҷассамаҳо ва маснуоти бешумори дигаре содир шуд. Ҳадаф аз сохти шамоилҳои ин раҳбари Ироқӣ ин буд, ки ӯро дар чашми мардумаш идеал ҷилва диҳад ва таблиғоти матлуби режимашро тақвият дода, умри ҳукуматашро дарозтар кунад. Дар даврони авҷи маҳбубияташ аксҳои ӯ бидуни муболиға  дар ҳама ҷо вуҷуд дошт, ки ба хотири пӯшишҳои мутафовит аз либоси аъроби бодиянишин гирифта то шиму пидҷак, барои анвоъи мухотабҳо ҷаззоб буд ва ин эҳсосро ба вуҷуд меовард, ки ӯ ҳар ҳаракатеро зери назар дорад.  

Маъруф аст, ки Садом Ҳусайн дастури навиштани Қуръони хунинро содир кард. Ин Қуръон як ҳаракати намодин ба унвони шукргузории Худованд барои ҳифзи зиндагиаш аз хатароти мухталиф буд ва барои навиштани он аз 27 литр хуни ӯ истифода шуд.

Ҳамчунин ӯ баъди ба қудрат расидан 7 нафар аз дӯстони наздикашро, ки солҳо бо ҳам мубориза карда буданд, ба қатл расонид ва чандин нафари дигарро зиндонӣ кард.  

Леонид Брежнев яке дигар аз раҳбарони Иттиҳоди Шуравӣ

Ҷойгоҳи Леонид Брежнев дар таърих, ба хотири мақоми ӯ ба унвони Дабири кулли кумитаи марказии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ тасбит шудааст. Ӯ байни солҳои 1964 то 1982 ин мақомро дошт. Дар назарсанҷиҳои Русия бо вуҷуди ин воқеият, ки тасмимоти Брежнев давраи рукудро ба вуҷуд овард, исми ӯ дар садри феҳристи пуртарафдортарин раҳбарони Русия қарор мегирад. Машҳур аст, ки ӯ марде худбин буд ва муштоқ буд овозаи азаматашро ҳама ҷо паҳн кунад ва шӯҳраташро ҳифз кунад. Маъруф аст, ки ӯ ҳар касро, ки қодир ба дидани нубуғаш набуд зуд барканор мекард.  

Ӯ ба нишонаҳо ва аломатҳое, ки намоишгари азамат ва воҳимаи инсон буданд алоқаи зиёде дошт, ба вижа медалҳо, ки беш аз 100 намуна аз онҳоро дарёфт карда буд. Албатта ӯ шоистагии бештари онҳоро надошт ва низ мошинҳои тезрави хориҷӣ, ки дар беҳтарин ҳолат аз раҳбарони давлатҳои хориҷӣ ҳадя гирифта буд.  

Мешавад ба осонӣ дарк кард, ки унвонҳое ҷун “пешвои муаззам”, “асосгузори сулҳу ваҳдат” “ҷаноби олӣ” “Туркманбошӣ” ва ғайраҳо дар кишварҳои Осиёи Миёна аз куҷо сарчашма гирифтаанд. Ба назар мерасад муштаракоти ин гурӯҳ танҳо дар унвонҳо хулоса намешавад. Балки пур шудани саросари шаҳри Душанбе аз аксҳои бузурги “Пешвои муаззам” ҳам мероси Садому Қазофиву Чаушеску ва дигарон ҳастанд. Аммо таблиғоти густардаи расонаӣ бармегардад ба таҷрибаи Сталинӣ, ки ба назар мерасад баъзе ин диктаторҳо мехоҳанд ба ӯ тақлид намоянд.

Албатта дар бораи шабоҳатҳои фикриву шахсиятии онҳо таҳқиқоти густардатаре лозим аст, ки мутмаинан шабоҳатҳои зиёде дар онҳо вуҷуд дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *