Рубрики Хабарҳо

50=45. Тангабизнеси шаҳрдорӣ

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ “бо ҳадафи беҳтар кардани сифати хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ” қимати роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро ду баробар боло бурд. Сабаби дигари болоравии нархро шаҳрдорӣ дар 6 соли охир тағйир наёфтани он гуфтааст.

Вале ё шаҳрдорӣ қарор дод бо як тир ду нишон занад ё нафароне пайдо шуданд, ки аз ин фармон ба нафъи худ истифода кунанду рӯзона 2000 доллар даромад гиранд.

Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ “Дар бораи нархҳои мусофирбарӣ дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ” барои сафар дар троллейбус сокинону меҳмонони Душанбе ба ҷои 70 дирами қаблӣ, бояд 1 сомон пардохт кунанд. Нархи роҳкиро дар мусофирбарҳо минбаъд 1,2 сомон ва дар мусофирбарҳои хурд 1,6 сомонӣ муайян шудааст.  Барои савор шудан ба мусофирбарҳои “экспресс” мусофирон минбаъд бояд 1,5 сомонӣ пардохт кунанд.

Бо ин нархҳои муайяншуда ронандагон маҷбуранд ба ҳар мусофир бақияро ба танга пардохт кунанд. Дар ҳоле, ки истифодаи танга дар Душанбе маъмул нест. Табиист, ки мусофирон ҳам баро пардохти роҳкиро дар ин шакл бо худ танга надоранд.

Вале шаҳрдорӣ илоҷи ин мушкилро пайдо кард: сар аз 20 феврал КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон” (аҷаб номе) ронандагонро маҷбур мекунад, ки ба 50 сомонӣ танга харанд, то тавонанд бақияи роҳкирои мусофиронро пардохт кунанд.

Бисёр иҷдоми ғамхорона будӣ, агар давом намедошт: ба ивази 50 сомонӣ ба ронанда 45 сомонӣ танга дода мешавад. Яъне даҳ дарсади онро “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ё шаҳрдорӣ, ё шаҳрдор ба кисааш мезанад. Дар назари аввал маблағи калон нест.

Вале тибқи маълумоти расмӣ, дар Душанбе рӯзона 3,3 ҳазор мусофирбарҳои хурд (микроавтобусҳо) дар гардишанд. 5 сомонӣ аз ҳар ронанда мешавад 16500 сомонӣ (3300*5=16500), ё ҳудуди 2000 доллар. Моҳона ин маблағ ба 60000 доллар мерасад.

Маблағ бузургтар аз он аст, ки тахмин зада шавад шаҳрдорӣ аз он хабар надорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *