Рубрики Хабарҳо

Духтарчаи дар кӯдакистони Маскав фавтида озарбойҷонӣ будааст

Дар яке аз кӯдакистонҳои шаҳри Москва, 16-уми феврал, духтари се-солае бо номи  Заҳро Ризоева дар ҳолати яхзадагӣ  пайдо шудааст.

Дар ин бора, дар канали телеграммии “Mash” хабар додаанд.

Бино ба манбаъ ҳамон рӯз соати 9 субҳ, мураббияи кудакистон кӯдаконро ба берун мебарорад. Кӯдакон дар боғча бозӣ мекунанд. Баъд аз муддате бо роҳнамоии мураббия кӯдакон ба дохил бармегарданд. Тахминан баъди ду соати бозгашт аз берун, мураббия мушоҳида мекунад, ки дар гурӯҳ як нафар кӯдак кам аст. Дарҳол берунро ҷустуҷӯ мекунанд ва кудакро оғуштаи барф,  дар ҳолати сармозадагӣ ва яхшудаи карахт дармеёбанд. Муайян мешавад, ки кӯдак аллакай ҷон додааст.

Падару модари кӯдак ба кормандони пулис арз кардаанд, ки аз ин пеш чандин маротиба дар сару рӯи духтарашон нишонаҳои лату куб мушоҳида шуда буд. Кӯдак намехост ба кӯдакистон равад. Илтимос мекард, ки дар хона бимонад ва ба кӯдакистон наравад.

Мақомоти тафтишотӣ ҷиҳати ошкор намудани кайфияти ба марг дучор шудани кӯдак   мувофиқи қисми 2 моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ («ба сабаби беэътиноӣ то ба ҳоли марг расонидани шахсе») парванда боз кардааст.

Бояд қайд кард, ки наворҳое аз бадрафторӣ нисбати кӯдакон дар муассисаҳои таълимоти томактабии Русия дар шабакаҳои иҷтимоъӣ нашр шудаанд, ки  сару садоҳое ба миён овардааст.

Чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ гуфтаанд, ки маҳз ба хотири ғайри рус будани кудак беаҳамиятӣ зоҳир шуда, кудак ба марг дучор шудааст.  Баъзе аз расонаҳо гуфтаанд, ки падару модари ин кудак муҳоҷирони тоҷик будаанд.

Вале Иззат Амон, вакили дифоъи тоҷик, ки муқими Маскав аст, ба Паём гуфт, ки волидони ин кудак аз муҳоҷирони кории Озарбойҷон мебошанд.

“Тафтишот идома дорад. Барои пешгӯии ин, ки маҳз ба хотири аз миллати рус набуданаш беэътиноӣ шудааст, як каме барвақт аст. Ба гумони ғолиб беаҳамиятии мураббия шояд сабаб шуда бошад, ки кудак то ба ҳоли марг расидааст”.- гуфт Иззат Амон

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *